Бахшҳо
03 дек 2014 13:35Ҳуқуқи инсон

Панчакент: Бедодгарии сардори БДА!

Хуршед ФОЗИЛОВ

Нашри матлабе дар бораи гӯшхарошиҳои сигнали ГАИ дар Панҷакент вокунишҳои зиёде миёни ронандагон ва сокинон ба бор овард. Вокуниш на аз сӯи мақомоти дахлдор, балки аз тарафаи ронандагон буд. Онҳо аз бедодгариҳои сардори ШБДА Панҷакент-Искандаров Сулаймон зиёд шикоят карданд. Баъзе сокинон ва ронандагон гуфтанд, ки худи кормандони БДА мошинҳояшонро ба ҷойҳои мамнӯъ ё қатори дуюм мегузоранд. Вале агар ронандагон ин корро кунанд, дарҳол ҷарима ва протокол менависанд.


Алишер Нормаҳмадов, як тан аз сокинони Панҷакент мегӯяд, фаъолияти С.Искандаров ғайриқаноатбахш буда, пас аз омаданаш кор дар ин самт суст ба роҳ монда шудааст. Дар соати 23-и шаб ҳатто худ шоҳид будам, ки мошини хизматии БДА дар шаб бо сигнали гӯшхарошаш мардумро безобита мекард. Ҳамчунин дар кӯчаҳо ва ҷойҳои танге, ки ронандагон нақлиётҳои хешро гузошта шудаанд, танзим нест.

ИСКАНДАРОВ МАСТӢ ВА САВДО МЕКУНАД?

Баъзе аз кормандони БДА мегӯянд, ки сардор ронандагони шаробнӯшро, ки дар сари чанбарак боздошт мекунад, намебахшад, зеро бад мебинад. Аммо чандин нафар ҳини сӯҳбат андеша доштанд, ки худи сардори БДАро дар ҳолати сархушӣ дар постҳо дидаанд. Алишер Нормаҳмадов дар мегӯяд, худ шоҳид будааст, ки сардори БДАро чанд бор дар постҳо дар ҳолати мастӣ вохӯрдааст. Ронандаи дигар-Шерзоди Ҷӯрабек мегӯяд, вақте худи сардори БДА моро манъ карда, ҳуҷҷатҳоямонро мегирад, гуноҳамонро нагуфта, «кабинет биё, ҳуҷҷатҳоятро мегирӣ», гӯён меравад. Вақте барои гирифтани ҳуҷҷат ба кабинеташ меравем, чун бозор байни мову сардор савдо сар мешавад. Вай ягон нарх мегӯяд ва мо арзон мекунем. Ҳамин тавр то ба ягон мақсад омадан савдои мо метафсад ва ниҳоят ба ягог мақсад меоем, пулҳои мо бе ягон квитансияю чек гирифта мешавад ва мо ҳуҷҷатҳоямонро мегирем. Дигар чи кор кунем мо ҳам мехоҳем пули кам диҳем.

МАСТКУНИИ МАҶБУРӢ?

Баъзан вақт моро манъ карда мегӯяд, ки шумо фалон рӯз фалон гуноҳ карда будед. Охир, ин чи бедодгарӣ? Агар мо гуноҳ карда бошем, чаро ҳамон рӯз манъ карда ҳуҷҷатҳоямонро намесанҷанд? Баъзе аз ронандагон мегӯянд, ки мо гирифтори шантаж ҳам мешавем. Ҳатто агар маст ҳам набошем, моро ту нӯшидагӣ гӯён протоколи сохта мекунанд. Абдуев Насриддин, ронандаи дигар мегӯяд, ки се корманди ГАИ маро ҳангоми ҳаракат дар роҳ манъ карданд ва гуфтанд, ки ту нӯшидагӣ ҳастӣ. Сардори ГАИ ҳуҷҷатҳоямро гирифт. Барои санҷиш назди мутахасисон рафтам ва пас аз муоина онҳо ба ман ҳуҷҷат доданд, ки ман ҳушёрам, яъне нӯшокии спиртӣ истеъмол накардаам. Хостам ҳуҷҷатҳоямро гирам, аммо Искандаров намедиҳад, ҳатто онҳоро ба суд намефиристад. Танҳо мегӯяд, ҷаримаро супору ҳуҷҷатҳоятро гир! Ман бошам ба ӯ 1 дирам ҳам доданӣ нестам ва ҳам намедиҳам!!!

ЧӢ КОРЕ МЕКУНӢ КАРДАН ГИР…

Хостам дар ин маврид бо ҷаноби Сулаймон Искандаров-сардори ШБДА-и ш.Панҷакент ҳамсӯҳбат шавам ва бо ин мақсад, санаи 29.09.14, соати 14:37 наздаш рафтам. Пас аз шиносоӣ гуфтам 2-3 савол дорам ва бояд сӯҳбатамон сабт шавад. Ӯ гуфт, ки «ту барои ҳамсӯҳбат шудан бо ман бояд аз вазир иҷозат гирӣ. Як бор навистӣ ҳоло ту дар назорат ҳастӣ». Ин ҷумла угражат буд, ё чизи дигар, ман нафаҳмидам. Ҳарчанд ба ӯ фаҳмондам, ки ту вазифадор ҳастӣ ба ман иттилоъ диҳӣ, вале шояд аз тарс буд, ё аз ғурур, ё нописандӣ ба қонунҳои кишвар, ки зери он президент имзо гузоштаву мансабдоронро вазифадор кардааст то ба журналистон иттилоъ диҳанд. Сардори ШБДА-и Панҷакент намехост бо ман сӯҳбат кунад. Искандаров худро сутуни осмон пиндошта гуфт: «Худо қаламу варақат додаст, рав чӣ коре мекунӣ кардан гир…». Агар муносибати тунду дағалонаи 1 шахси мансабдор бо журналист чунин бошад, пас тасаввур кунед, ки ӯ бо ронандагон чи гуна муносибат мекунад?

САРДОРРО КӢ ҶАЗО МЕДИҲАД?

Бояд гуфт, ки ҷаноби Сулаймон Искандаров ҳангоми сӯҳбат накардан бо журналист, чандин модда ва бандҳои қавонуни кишварро вайрон кард. Аз ҷумла: Қонуни ҶТ дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва Қонуни ҶТ дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот-ро. Дар моддаи 28, қисми 1-и Қонуни ҶТ дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма омадааст, ки:
- Журналист ҳуқуқ дорад вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсӯҳбат шавад,
- ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст,
- барои ройгон дастрас намудани иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад;
Ҳамчунин ҷаноби Сулаймон Искандаров моддаи 5. Иттилооте, ки дастрасии он маҳдуд карда намешавад, моддаи 10. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дархосткунандаи иттилоот, моддаи 11. Ӯҳдадории мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо оид ба дастрасӣ ба иттилооти Қонуни ҶТ дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро вайрон кард.
Дар ниҳояти кор дар моддаи 16. Ҳифзи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот омадааст, ки: дар бораи саркашӣ аз пешниҳоди иттилоот, беасос ба таъхир андохтан ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани иттилоот, ҳамчунин дигар тарзҳои риоя нашудани тартиби баррасӣ ва қонеъ гардонидани дархосте, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ба роҳбарони мақомоти болоии дахлдор ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Ин муроҷиати ман ҳамчун жарналист ва шаҳрванди ин кишвар ба мақомотҳои дахлдор ҳамчун ариза қабул карда шавад, зеро дар Моддаи 17-и қонуни мазкур омадааст, ки: Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Мо ба қонун арҷ мегузорем, агар онро дигарон поймол насозанд! Мо метавонем!!!


Бознашр аз СССР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)