Бахшҳо
04 дек 2014 18:32Ҳуқуқи инсон

Суғд. Худкушӣ мушкил боқӣ мондааст

Алишери ТОЛИБ

Коршиносон омилҳои зиёди худкушӣ дар вилояти Суғдро ба гирифторӣ ба бемориҳои рӯҳӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва ҷанҷолҳои оилавии сокинон маънидод менамоянд.

Дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон 140 ҳолати худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ҳамин давраи соли пеш 5 ҳолат кам шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки ҳарчанд 5 ҳолат кам шудааст, вале ҳамоно вазъ нигаронкунанда аст ва бояд давлат ва ҷомеа ба ин ҳодисаҳо бетараф набошанд. Абдувосит Салимзода, коршиноси масоили иҷтимоӣ мегӯяд, ки чанд омиле мавҷуд аст, ки ҳодисаҳои худкушӣ бештар сабт мешаванд. Ба гуфтаи вай, аз ҷумла муҳоҷирати тӯлонии мардон, бекорӣ, нарасидани равоншинос ва дар сатҳи зарурӣ анҷом надодани корҳои тарғиботӣ ва ҷалб накардани ҷавонону наврасон ба корҳои ҷамъиятиву фароғатӣ дар ниҳоят онҳоро ба кӯчаҳои сардаргумӣ мебаранд ва барои анҷоми ҳар гуна амалҳои ғайриоқилона тела медиҳад.

Мунавара Дадобоева, мудири шуъбаи кор бо занони ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, ки аз сӯйи кумитаи кор бо занони Тоҷикистон ду сол қабл дар 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд пурсиши афкор гузаронида шуд, ки сабабҳои аслии даст ба худкушӣ задани занон ва духтарон муайян карда шуд.
-Дар натиҷа муайян шуд, ки иллатҳои аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон ин пеш аз ҳама гирифторӣ ба бемории руҳӣ, нокифоягии ҷои корӣ, зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, хушунат аз сӯйи хушдоманҳо ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.

БЕМОРОНИ РӮҲӢ БА ТАБОБАТ ФАРО ГИРИФТА НАШУДААНД

Раёсати тандурустии вилояти Суғд таҳлил ва хулоса намудааст аз 140 нафар шахсони даст ба худкушӣ зада, 56 нафарашон гирифтори бемориҳои рӯҳӣ будаанд, ки танҳо 16 нафар таҳти назорати мутахассисони равонпизишк дар ҷои истиқомат қарор доштаанд.
- Боқимонда ашхос ба равонпизишкон муроҷиат накардаанд ва таҳти назорати онҳо гирифта нашудаанд. Аз 16 нафар ашхоси зери назорати диспансерӣ қарордошта, 9 нафар тибқи таъиноти равонпизишк дорувориҳои психотропӣ мегирифтаанд. Боқимонда, 7 нафар дар қайд бошанд ҳам, бо сабабҳои гуногун ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта нашудаанд, зикр менамояд Раёсати тандурустӣ.

Коршинос Абдувосит Салимзода, мегӯяд, ки имрӯз дар сатҳи вилоят норасоии равоншиносон мушоҳида мешавад ва дар сурати зиёд будани равоншиносон имкони кор бо мардум ва пешгирӣ аз раванди худкушӣ мавҷуд мебошад, зеро ин бемории ҷамъият аст ва аҳли ҷомеа танҳо аз нодонӣ аз ислоҳи он оҷизӣ мекашанд. Мудири шӯъбаи кор бо занони ҳукумати вилояти Суғд ҳам таъкид менамояд, ки таҳлилҳо нишон доданд, ки фаъолияти равоншиносон барои кам кардани теъдоди худкушӣ мусоидат менамояд. Шурӯъ аз моҳи август дар назди шӯъба равоншинос ба фаъолият оғоз намуд ва ба занону духтароне, ки суиқасди худкушӣ мекунанд, машварат ва кумаки ройгонро ироа менамояд.

- Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд як нафар равоншинос ба фаъолият шурӯъ намудааст ва ҳоло он кас тавонистаанд бо таъсири равонии худ 3 нафар занону духтарон, ки суиқасд ба худкушӣ карда буданд, онҳоро ба ҳаёт дилгарм намуданд ва онҳо соҳиби ҷой кор шудаанд ва зиндагии хуб доранд.
«Вақте як духтараки ҷавон қасди худкушӣ кардааст ва худро ба дарёи Сир сарозер кардааст, ғаввосон онро дида, зуд ба наҷоташ шитофтааанд ва ӯро аз дохили дарё наҷот додаанд. Пас аз он мо бо ширкати ҳам домулло ва ҳам равоншинос бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем ва пурсидем, ки чаро даст ба ин амал задааст. Вай гуфт, ки модараш барвақт аз дунё гузаштааст ва вақте аз сӯйи дарё мегузаштааст, аз дохили дарё модараш ӯро фарёд кардааст. Баъди он ки худро ба дарё сарозер кардааст ва наҷот ёфтааст, аз карда хеле пушаймон шудааст» - таъкид намуд М. Дадобоева.

БЕТАРАФИИ ҶОМЕА

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Собир Собиров мегӯяд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳо роҳбарони маҳаллаҳо бояд фаъолият намоянд. Вай мегӯяд, ки вақте мебинанд, ки дар ҳамсоягии онҳо агар ягон нафар гирифтори бемории рӯҳӣ бошад, хабар диҳанд.
- Афсӯс, ки имрӯз касе хабар намедиҳад. Пас аз он ки ягон нафар худкушӣ мекунад, мегӯянд, ки касалии рӯҳӣ дошт. То ин вақт дар куҷо будед, чаро хабардор намекунанд, пинҳон мекунанд, ки он нафар бемории рӯҳӣ дорад. Баъд мегӯянд, ки кормандони соҳаи тиб назорат намекунанд, вақте хабар намедиҳанд ва мо надонем ва пинҳон кунанд, мо аз куҷо хабардор мешавем? Аз ин лиҳоз, бояд ҷомеа бетараф набошад ва агар ягон мушкил бошад, ҳатман хабар диҳанд.

Шариф Назаров, сардори Вазорати раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар як нишаст, аз бетарафии аҳли ҷомеа дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин падидаи манфӣ изҳори норизогӣ намуда таъкид намуд, ки танҳо бо чанд корманди сохторҳои дахлдор дар шаҳру навоҳии вилоят наметавон ин мушкилотро бартараф кард ва иштироки фаъоли аҳли ҷомеа метавонад дар ин самт муассир ва самарабахш бошад. Мунаввара Дадобоева, мудири шӯъбаи кор бо занони ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, ки фаъолияти сусти кумитаҳои маҳаллаҳо мебошад, ки бо мардум наздик нестанд ва фаъолияти пурсамар надоранд.
- Агар кумитаҳои маҳаллаҳо фаъол бошанд ва аз мушкилоти онҳо бохабар бошанд пайваста аз ҳаёти солим тарғибу ташвиқ намоянд, ин ҳодисаҳо рух нахоҳанд дод.

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҲАМОНО ПЕШСАФ АСТ

Дар чанд соли пеш ҳам дар ин ноҳияи калонтарини вилояти Суғд теъдоди худкушӣ бештар сабт мешавад. Дар таносуби ноҳия мақомот илова намуданд, ки теъдоди аз ҳама зиёди худкушӣ ё сӯйиқасд ба он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22 ҳолат сабт гардида, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ягон ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст. Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар як нишаст гуфт, ки аз 140 ҳодисаи худкушӣ, 29 ададаш сӯйиқасд ба он мебошад. Ӯ афзуд, аз афроде, ки даст ба худкушӣ задаанд, 70 нафарро ҷинси мард, аз ҷумла, 8 нафар ноболиғ ва 70 тани дигарро ҷинси зан, аз ҷумла, 12 ноболиғ ташкил медиҳад. Шариф Назаров дар шарҳи омилҳои худкушӣ дар вилояти Суғд илова кард, ки 56 нафарашон ба далели касалиҳои рӯҳӣ, 23 тани дигар дар пайи муноқишаҳои оилавӣ, 30 нафар бо сабабҳои дигар ва 31 нафарашон бо сабабҳои номаълум худкушӣ кардаанд: “Аз ин миён тариқи худовезӣ 118 нафар, бо истифодаи яроқ ва корд 4, заҳролудшавӣ 4, худсӯзӣ 2, ғарқшавӣ 3 ва 9 нафари дигар бо дигар усулҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд.”

САТҲИ ПАСТИ МАЪРИФАТИ ДИНӢ

Абдувосит Салимзода, таъкид менамояд, ки худкушӣ дар ҷамъияте доман густардааст, ки беш аз 99 фисади онро пайравони дини мубини Ислом, яъне мусалмонон ташкил медиханд. Дини Ислом худкуширо маҳкум мекунад ва шахси ба ин амал даст зада мутобиқи аҳкоми шариат гунаҳкор хисобида мешавад. Вай мегӯяд, ки аз авомили дигари худкушӣ ин сатхи пасти маърифати динии мардум ва ноогаҳии эшон аз асолати дини мубини Ислом мебошад ва зикр менамояд, ки аҳком ва шариати дин худкуширо гуноҳ ҳисобида, қатъиян маҳкум менамояд.


Бознашр аз "Фараж"
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)