Як имоми масҷид дар ҷумҳурии Доғистон аз сӯи силоҳбадастони ношинос кушта шуд.
Тибқи иттилои расонаи «Кавказ.ру» шурӯъ аз моҳи июни соли равон то имрӯз бо шумули Зайниддин Дайзиев се рӯҳонӣ дар ин минтақаи Русия ба қатл мерасанд. Гуфтанист, айни замон Доғистон дар Қафқози Шимолӣ нооромтарин ҷумҳурӣ унвон мегардад. Хабаргузориҳои русӣ ба такя ба манобеъи пулис менависанд, афроди мусаллаҳ рӯзи панҷшанбе ба манзили Дайзиев, воқеъ дар рустои Кадари ноҳияи Буйноқ, дар ҷанубушарқи Махачқалъа ҳамла бурда, ӯро бо тири мусалсал куштаанд. Маврид ба тазаккур аст, ки як имом-хатиби масчиди дигар низ дар ин шаҳр дар моҳи июн аз сӯи ҷангиёни мусаллаҳ ба қатл расида буд.{jathumbnail off}
Мӯҳр