Бахшҳо

КМИР аз ҳизбҳои сиёсӣ манбаи даромадашонро хост

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи парлумонии кишвар, ки 1 марти соли 2015 баргузор мешавад, аз аҳзоби сиёсии кишвар хост, дар бораи сарчашмаи даромади худ маълумот диҳанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР имрӯз, 8 декабр зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, ҳизбҳои сиёсие, ки то рӯзи таъини интихобот дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд, дар бораи сарчашмаи даромадашон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд. Ба қавли номбурда, аллакай аз 6 декабри соли равон пешниҳоди асноди аҳзоби сиёсӣ дар хусуси манбаи даромад шурӯъ шудааст.

Дар ин нишаст масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли оянда, аз ҷумла муҳлати пешбарии номзадҳо, ташкили участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ, муҳлати эълони натиҷаҳои пешакии интихобот баррасӣ гардид. Шермуҳаммади Шоҳиён иброз дошт, ташкили коммисияҳои учаскавии интихобот на дертар аз 15 январ пешбинӣ гардидааст. Ӯ гуфт, пешбарии рӯйхати номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз 6 декабр то 15 январ идома хоҳад ёфт: “Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот аз 30 декабри соли равон оғоз ёфта, 15 январи соли оянда анҷом меёбад. Бақадйгирии рӯйхати номзадҳо дар ҳавзаҳои ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 15 январ оғоз шуда, 9 феврал анҷом меёбад”.

Раиси КМИР дар ҳузури аъзоёни комиссияи марказ иброз дошт, то 26 феврали соли 2015 участкаҳои интихоботӣ бо блютенҳои интихоботӣ таъмин гардида, 10 рӯз пеш аз интихобот вақт ва ҷойи овоздиҳиро ба интихобкунандаҳо хабар медиҳанд. Ба гуфтаи оқои Шоҳиён, замони овоздиҳӣ якуми марти соли 2015, аз соати 6:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар назар аст.

Ба иттилои КМИР натиҷаи пешакии интихобот тавассути ВАО мудддати 24 соати баъди анҷоми интихобот, яъне, на дертар аз соати 20:00-и рӯзи 2 март эълон хоҳад шуд. Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ таъсис меёбад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)