Боздошти дипломати қирғиз ба иттиҳоми ҷосусӣ дар марз
Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон аз боздошти як корманди сафорати ин кишвар дар Узбакистон ба иттиҳоми ҷосусӣ хабар медиҳад.
Роҳат Сулаймонов, сухангӯи Кумитаи амнияти Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, дипломати қирғиз ҳангоми интиқоли асноди махфӣ аз Қирғизистон ба Қазоқистон дар гузаргоҳи марзии "Оқ-ҷар" - "Кордай" боздошт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, асноде, ки дипломат мехост, онҳоро аз ватан берун барад, марбут ба сирри давлатии ин кишвар будааст.
Сулаймонов аз бурдани ному насаби ин дипломати кишвараш худдорӣ карда, афзудааст, "дар бораи шахсияти ӯ ҳоло чизе гуфта наметавонем, чун тафтишот идома дорад."
Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли равон Алтинбек Муралиев, раҳбари Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии дастгоҳи раёсатҷумҳури Қирғизистон низ ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуда буд. Кумитаи амнияти Қирғизистон ӯро дар ҷосусӣ ба нафъи кишвари бегона муттаҳам карда, мегӯяд, ба хориҷиҳо асноди шомили сирри давлатиро додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |