Бахшҳо

Ёвари президент дар бораи барномаҳои зиддинаҳзатӣ ва интихобот

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кард, дар рӯзи интихоботи парлумонӣ ба нозирон ҷойҳои алоҳида дуруст карда шавад, то тавонанд раванди овоздиҳиро хуб мушоҳида созанд.

Ӯ дар мизи гирде бо иштироки намояндаҳои КМИР ва аҳзоби сиёсии кишвар инчунин гуфт, дар паҳлӯи нозирон барои кӯмак ба раъйдиҳандаҳо “шахси маслиҳатчӣ” низ бошад. Ба қавли ӯ, чунин нафарон ба онҳое, ки тарзи овоздиҳиро намедонанд, роҳнамо хоҳанд шуд. Ӯ мегӯяд, дар бештари ҳолатҳо аз ноогоҳии интихобкунандаҳо сӯистифода шуда, тақаллуб сурат мегирад ва дар пайи фаъолияти “шахси маслиҳатчӣ” чунин ҳолатҳо камтар хоҳад шуд. Яке аз дигар пешниҳодҳои ҷаноби Исмонов назорати овеза ва аксҳои номзадҳо буд. Ӯ гуфт, афроди номаълум аксҳои номзадҳоро масхара ва онҳоро “карикатура” мекунанд. Раиси ҲДТ инчунин пешниҳод кард, ба номзадҳо иҷоза дода шавад, то дар девори масоҷид низ акси таблиғии худро насб кунанд. “Аз дидани ин аксҳо таҳорати ягон кас намешиканад”,-илова намуд ӯ.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон дар мизи гирд гуфт, ба пешниҳоди Саидҷаъфар Исмонов дар мавриди гузоштани акси номзадҳо дар девори масоҷид розӣ шуда наметавонад. Номбурда иброз дошт, бе ҳамин ҳам дида мешавад, нафароне аз чор тарафи аксҳо ҳар гуна хат мекашанд ва бо гузошгтани акси номазадҳо дар масҷидҳо чунин ҳолатҳо зиёд хоҳад шуд.

Роҳбари комунистҳои Тоҷикистон ба КМИР пешниҳод намуд, ҷараён ва натиҷаҳои интихоботро дар участкаҳои интихоботӣ дуруст назорат кунанд, то тақаллубкориҳое, ки дар гузашта буд, ин навбат сурат нагирад: “Ҳукумат ҳуқуқ надорад, ки ба ҷараёни интихобот ва натоиҷи он дахолат кунад, сари ин масъала бояд муносибати ҷиддӣ карда шавад”.

Муҳамадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди фишорҳои пай дар пай, ки ба қавли ӯ, се соли ахир зиёд шудааст, ҲНИТ майдони интихоботро гарм хоҳад кард. Оқои Ҳайит дар идома афзуд, иддаои масъулини КМИР дар мавриди мавҷудияти шароити якхела барои тамоми аҳзоб асос надорад. Ӯ ба як суҳбати телевизионии Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИР ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ “қасдан” аз бурдани номи ҲНИТ-у ҲСДТ худдорӣ намудааст. Муҳаммадалии Ҳайит илова кард, агар ҳукумат мехоҳад интихоботи парлумонӣ шаффоф гузарад, бояд намояндаҳои аҳзоби дигарро низ дар участкаҳои интихоботӣ шомил созад, зеро "намояндаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ танҳо ба ҳизби ҳоким лаббайк мегӯянд". Ӯ инчунин аз роҳбари САҲА хост, зимни назорати раванди интихобот бомасъулият бошанд.

Ҷумахон Давлатов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар парлумон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, дар ҷавоб ба иддаои Муҳамадалии Ҳайит гуфт, дар участкаҳои интихоботӣ на аз ҳизби ҳоким, балки қишри зиёии маҳаллаҳо шомил мегарданд: “Мо ба интелектуали деҳот боварӣ дорем, махсусан ба омӯзгорон, дар участкаҳои интихоботӣ кӯшиш кардан лозим зиёиёни деҳот шомил гарданд”. Ба қавли Ҷумахон Давлатов тарсидани ҳизбҳо даркор нест, дар интихоботи парлумонӣ беҳтар аст ҳизбҳо аз имкониятҳо бештар истифода баранд: “Касе ба чашми душманӣ ба ҳизбҳо назар намекунад, мақсади ҳамаи ҳизбҳо ободии ҷомеа аст”.

Дар зимн, Муҳамадалии Ҳайит аз Ҷумахон Давлатов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар парлумон пурсид, ки оё кафолат дода метавонад, ки туҳматномаҳои зидди ҲНИТ, ки тариқи расонаҳои давлатӣ пешниҳод мегарданд, дар арафаи интихобот манъ мегардад? Ҷумахон Давлатов дар ҷавоб гуфт, фикр намекунад, ин барномаҳо ташкилшуда бошанд: “Инро аз ВАО пурсед. Ман фикр намекунам, ки чунин барномаҳо таҳрезишуда бошанд. Дар давраи интихобот аз ин кор худдорӣ карда шавад”.

Шокирҷон Ҳакимов, намондаи ҲСДТ бошад, аз дахолати мақомотӣ амниятӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба номазадҳо аз аҳзоби сиёсӣ дар арафаи интихобот нигаронӣ кард. Номбурда пешниҳод намуд, КМИР дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор пеши роҳи ҳар гуна монеаэҷодкуниҳоро аз ҷониби мақомот бигирад. Дар ҳамин ҳол, Абдулло Нуров, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гуфт, талош доранд, интихоботи парлумонӣ шаффофу демократӣ баргузор шавад. Рустам Латипов, иҷрокунандаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон низ изҳор дошт, мутмаин аст, КМИР интихоботи навбатии парлумониро демокративу шаффоф мегузаронад: “Аз шароите, ки фароҳам сохтаанд, минатдорем”.

Ҷумахон Давлатов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфт, тамоми дархосту пешниҳодҳои аҳзоби сиёсиро вобаста ба интихоботи қарибулвуқӯъ сабт карда, талош мекунад, онҳоро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бирасонад.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор аст 1 марти соли 2015 баргузор шавад.
Мӯҳр
точик
Барои ХХДТ замеша ичозат буд ва хаст, масалан раисони чамоатхо, раисони шахру нохияхо ва хатто раисони вилоятхо ки хама раисони ХХДТ ва аъзои он хасмтанд, дар масчидхо бо бахонахои мухталиф баромад мекунанду дигар хизбхоро танкид мекунанд, вале барои дигарон агар ин корро кунанд, парванда мекушоянд, так что бояд ба хама ичозат дода шавад ё аз ин ба баъд ба аъзои ХХДТ новобаста аз инки раиси шахранд ё нохия ё вилоят набояд гузошт ки аз мансаб суистифода кунанду дар масчид баромад намоянд.

Самад
Ягон бади надорад ичозат дихед.

Max
Хо масчидхоро ба толори депутатхо карор дихед!

Darvesh
Ha ha ha Lahzahoi Guvoro ... “Мо ба интелектуали деҳот боварӣ дорем, махсусан ба омӯзгорон, дар участкаҳои интихоботӣ кӯшиш кардан лозим зиёиёни деҳот шомил гарданд”. Ба қавли Ҷумахон Давлатов тарсидани ҳизбҳо даркор нест, дар интихоботи парлумонӣ беҳтар аст ҳизбҳо аз имкониятҳо бештар истифода баранд: “Касе ба чашми душманӣ ба ҳизбҳо назар намекунад, мақсади ҳамаи ҳизбҳо ободии ҷомеа аст”.

Масчид барои истифода бурдани манфиатхои шахси манъ аст. агар хоханд ки дар масчид таблигот кунанд мачбуран аз барои ризои "манфиатхои шахси" то огози интихобот панчвакта шаванд.

Чамшед1010
И ХСДТ кати ХНИТ корашон факат нолидан. Чи тавре ки мегуянд бахонаи кампири г... нони чавин. Кор кардан даркор. Бо мардум наздик шудан даркор. Нолидан ва ракибро танкид кардан ин кори марди нест. Ба хамаи хизбхо муваффакият.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)