Бахшҳо

150 устоду шогирд дар шимоли Тоҷикистон узви ҳизби ҳоким шудаанд

Як гуруҳ аз донишҷуён ва устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои вилояти Суғд ба узвияти Ҳизби халқӣ-демократӣ (ҲХДТ), ҳизби ҳоким дар кишвар шомил шуда, дар ҳузури ректори донишкада - Иномҷон Аминов соҳиби дафтарчаи ҳизбӣ шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 11 декабр зимни як чорабинӣ 150 устоду донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои вилоят ба сафи ҲХДТ шомил шуданд.

Қаблан Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон низ аз шомил шудани як гуруҳи донишҷӯён ва устодонаш ба сафи ҳизби ҳоким хабар дода буд.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бар дӯш дорад, соли 1994 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст.
Мӯҳр
Шогирдора мачбури да ххдт дохил мекунанд дар донишгоххо аз харгурух 15 нафар бояд аъзои ххдт шавад дар гурухи мохам ба куратори гурухамон 15 варак додандки шогирдонатро ба ххдт дохил кунед валлохи ки рост мегуям дар дмт хаминхел аст

донишчу
дар синфи мо ҳам супориш доданд ки аризахоятонро дуруст мекунем, ба сафи ҳхдт дохил мешавед. донишҷухо баъзеяш ба хотири бахо ва баъзеи дигар аз тарс рози шуданд.

сар шуд, таблиги дуругин. донишчуро ба чои дарс додану дониш ёд додан ба сиёсатбозии худ истифода бурдестан. Аз ин ба чомеа хам зарар мерасад, ки донишчуи бесавод мемонад ва хам ба худи донишчу зарар мерасад, ки сохиби тахассус намешавад. Вале ин ҳхдт манфиати хизбияшро болотар аз манфиати милли ва мардум дониставу медонад ва аз донишчухо суиистифода мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)