Бахшҳо

Нигаронии ҲНИТ аз боздоштҳо дар арафаи Анҷумани пешазинтихоботӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз монеаэҷодкунии мақомот барои иштироки вакилонаш дар анҷумани ҳизбӣ хабар медиҳад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, “субҳи имрӯз, 15 декабр Ҷамшед Худойдодов, майори Шӯъбаи умури дохилӣ дар ноҳияи Ҷиргатол Қурбоналӣ Саидмуродов, раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳияро ҳамроҳ бо ду вакили дигар, ки барои ширкат дар анҷумани 11-уми ҳизб ба Душанбе равон буданд, боздошт карда, онҳоро ба дафтари ШКД-и ноҳия мебарад”.

Ба қавли ҷаноби Файзраҳмонов, Худойдодов дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, “Ҳеч гап нест. Як ду гап дорем ва баъд озодашон мекунем”. Сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, навбатдори телефони боварии ВКД дар Душанбе бошад, ваъда кард, мушкилро фардо ҳал хоҳанд кард: “Навбатдор худро Шоҳинов муаррифӣ карда, гуфт, онҳо саъй мекунанд, то мушкилро то фардо ҳал созанд, аммо мо гуфтем, фардо дер мешавад ва онҳо наметавонанд дар анҷуман ширкат кунанд. Бо дахолати ВКД вакилон баъди се соат раҳо шуда, ҳоло дар роҳ ба сӯи Душанбе ҳастанд”.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов мегӯяд, ин аввалин ҳодисаи монеаэҷодкунии мақомот нест: “Соати 9-и бегоҳи рӯзи гузашта кормандони ШКД-и ноҳияи Сомонии пойтахт Шавкат Мухаммад, раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Ашт ва шаш вакили анҷумани ҲНИТ бо шумули се занро аз ноҳияи Ашт, боздошт карда, ба идораи ин ниҳод бурданд. Бо дахолати масъулини ҳизб ва баъди суҳбат бо навбатдори ВКД, онҳоро баъди беш аз як соат озод карданд”.
Мӯҳр
насим
хнит чиба ика суханони бардуруг менависта бошад то кай ин дуруги шумоён давом мекунад. Чанги бародаркуши аз кафои шумоён сар шид охир боз овоз баланд мекунед

Саид
ХНИТро таъкиб нею мисли кишвархои демократи якчоя бо онхо кишварро обод кардан лозим аст, онхо низ фарзандонт точикистонанд.

НАСИМ ХУБ МЕШУД,КИ МЕНАВИСТИ,КИ ОПОЗИЦИЯ
ДАР СОЛХОИ 1992-93- ЮМ БА КУЧОИ МИНТАКАИ
ТОЧИКИСИСТОН ХУЧУМ Е ЛАШКАР КАШИДА БУД.? ОПОЗИЦИЯ
БУД,КИ БО ТАНКХОИ РУССИЯ БО СИДОХБАДАСТОНИ УЗБАК,БА
ГАРМ,БА ВА БА ДГАР НОХЯХОВУ,ШАХРИ ДУШАНБЕ ХУЧУМ КАРА
БУД? АЗ РУИ ТУ БАРИН ИГВО ГАРОН.ЧАНДИН МАРДОН БЕ ГУГОХ
ШАХИД ШУДА БУДАНД.ШАРМ НАМЕДОРИ,КИ ФИНА КОРИРО КАБУЛ
МЕХИСОБИ?насим,

насим,
чанги шахрванди аз пушти ту барин лаганбардоррон сар шуд айб аст я хукумат бар зидди як хизби хурд мубориза мебарад шармандаги

насим, ором шав Насим! Чанги бародаркуширо сар кардаги одамхо алакай кайхо дар он дунё хастанд...

бехизб
Хама медонад ки чангро ки сар кард насим барои чи ту худат дуруг мегуи шарм намедори

Хурмуз
99% мардуми Точикистон мусулмон ва 1300 сол аст, ки ба Оллох сачда меоранд ва ба Расули Акрам хамду сано мегуянд. Нафахмидам, пас мантик ва зарурияти ХНИТ дар чист, ва оё ин мардум аз нигохи ХНИТ аз Ислом руй гардондааст, ки онхо мардума аз нав ба он даъват мекунанд. Боз нафахмидам, шояд рохи осон бошад суиистифода аз шиорхо ва арзишхои Исломи ба сари кудрат ва мансаб расидан.

Саодат
Дар нгазди хизби Халки Демократи Милисахо чоркат мешаванд Хизби хдои мутаъолро бошад аз гулуяш чи рузи сёх аст ин?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)