Бахшҳо
16 дек 2014 08:25Ҳуқуқи инсон

“Тухфа” дар рӯзи ид

Хуршеди ФОЗИЛ

Абдуҷаббор Рустамов, сокини 55-солаи деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи ш.Панҷакент аз тарафи комиссари комиссариати ҳарбии шаҳр-Хуршед Қобилов мавриди латтукӯб қарор гирифта, бо сару рӯи варамида ва дандони шикаста, ҳоло дар беморхонаи марказии ш.Панҷакент бистарист.


Ҳодиса 24 ноябр вақте ки ҳама ҷашни яке аз муқаддасоти миллӣ-Иди парчамро таҷлил мекарданд, рух додааст. Абдуҷаббор ба ҳангоми сӯҳбат ҳодисаро чунин шарҳ дод:
- Комиссари ш.Панҷакент ба раиси ҷамоат занг зада мегӯяд, ки фарзандам Акбар Рустамовро, ки дар Русия буд, бояд ҷеғ зада, ба военкомат барои хизмати ҳарбӣ мебарам. Ман ба комиссар гуфтам, ки фарзандам нав ба Русия рафтаву ҳоло кор накардааст. Комиссар гуфт, ки агар писарат ба хизмат наравад 14.000 сомонӣ туро ҷарима карда боз писаратро ба хизмат мебарем. Ман маҷбур фарзандамро ба ватан даъват кардам. Чунки ӯ гуфт, писаратро ба ягон ҷои наздик мефиристем. Бовар доштам, ки фарзандам ба ягон ҷои нағз ҳадди ақал дар қисми низомии худи Панҷакент ҷой мегирад. Ҳамин тавр худам писарамро барои хизмат гусел кардам.

Аз комиссияи тиббии вилоят Акбар бо маҳзи касалии гӯш мегардад. Писарамро ба беморхона хобонидем. Бори дуюм табобат тамом нашуда, писарамро боз кормандони военкомати шаҳр ба хизмат мефиристанд. Ин бор дар комиссариати вилоят ба Акбар муомилаи дағалона мекунанд ва ӯ аз вилоят мегурезад. Баъдан аз комиссариати шаҳр ба ман занг зада мегӯянд, ки писарат канӣ? Гуфтам, ки намедонам, шумо ӯро ба хизмат бурдед, бояд шумо донед, ки ӯ дар куҷост. Сипас боз телефон карда, маро ба комиссариат даъват карданд. Фикр кардам, ки шояд писарам омада бошад ва бо ин хаёл ба военкомати шаҳр рафтам. Дар ҳуҷраи кории комиссар 3 нафар маро «писарат канӣ, тез ӯро ёфта деҳ!» гӯён сарзаниш карданд.

КОМИССАР НӮШИДА БУД?

Баъди баҳсҳои тӯлонӣ комиссар мегӯяд, ки инро баред аз ин ҷо баёноташро гиред. Сипас Далер ном корманди комиссариат маро ба 1 ҳуҷра бурд ва он ҷо низ баҳсамон давом кард. Дар курсие нишаста сӯҳбат доштам. Ин замон комиссар Хуршед Қобилов даромада, ногаҳонӣ 1 мушт маро зад. Аз курсӣ афтидам. Ӯ ба ин қаноат накарда, бо лағат ба сару рӯям зад ва бардошта, боз 1-2 мушти дигар фаровард. Сару рӯям хуншор шуд ва дандонам шикаст. Дигар намедонам, ки чи шуду чи гузашт, зеро ба сарам сахт зарба хӯрда будаму беҳуш шудам.

Аз рӯи гуфтаи бародари Абдуҷаббор, Нуралӣ Рустамов, баъди ин ҳодиса ӯро дарҳол ба беморхонаи марказии шаҳр меоранд ва бистарӣ мекунанд. Абдуҷаббор гуфт, ки баръало аён буд, ки он замон комиссар нӯшокии спиртӣ нӯшида буд ва бӯи он баланд эҳсос мешуд. Қобилов Хуршед, комиссари комиссариати ҳарбии ш.Панҷакент 4 моҳ пеш ба ин вазифа таъин шуда, аллакай тӯли ин муддат аз фаъолияти кориаш чандин нафар норозигиву эътирозҳо намуда буданд.

КОМИССАР НЕСТ!

Яке аз он «қаҳрамониҳо»-и давраи фаъолияти кории Қобилов ин аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр латукӯб шудани даъватшаванда, Саидалӣ Ҳақбердиев аз деҳаи Яккахонаи ш.Панҷакент буд, ки дар натиҷа пардаи гӯши ҷавон даридаву дар беморхона бистарӣ шуда буд. Он замон ҳини сӯҳбат Қобилов мегуфт, ки давраҳои зӯрӣ гузашт, ягон корманди мо касеро намезанад ва на задааст. Аммо лату кӯби Абдуҷаббор аз тарафи комиссар чӣ маънӣ дорад, мо нафаҳмидем? Дар ин маврид хостем фикри худи комисарро пурсем, вале ӯро дар комиссариат пайдо карда натавонистем ва ба зангҳои пайдарпайи мо ҷавоб надод. Ба мо гуфтанд, ки ӯ дар Хуҷанд қарор дорад. Дар ҳамин ҳол иттилоъ пайдо намудем, ки прокуратураи ш.Панҷакент оид ба ин амал дело кушода, минбаъд делоро аз рӯи салоҳият ба прокуратураи ҳарбӣ хоҳад супорид. Дар байни чанд рӯз аллакай 1 нафар пардаи гӯш ва дуюм нафар дандонашро барои иҷро кардани нақшаи дар назди Қобилов буда қурбон кард. Оё қурбониҳо идома доранд? Ин доду гирифт дар ҳолест, ки Вазорати мудофиа ҳамин ҳафта роҷеъ ба 100% пур шудани даъвати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ иттилоот пахш кардааст.


"СССР"
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)