Бахшҳо
16 дек 2014 09:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даргузашти генерал: Ҷанозахонӣ дар Душанбею дафн дар Данғара

Маросими видоъ бо генерал Суҳроб Қосим дар хонааш дар Душанбе бо ҳузури вазирону кабирони ҳукумати Тоҷикистон гузашт.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз хонаи Суҳроб Қосим хабар дод, барои видоъ бо генерали марҳум субҳи имрӯз, 16-уми декабр Шерхон Салимзода, додситони кул, Муродалӣ Алимардон, ноиби сарвазир, Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири умури дохилӣ ва котиби феълии Шӯрои амният, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба хонаи ӯ ҳозир шудаанд.

Манбаъ гуфт ҷанозаи генерал дар масҷиди марказии Душанбе соати 13:00 хонда шуд ва пас аз он ҷасадро ба ноҳияи Данғара интиқол доданд.

Генерал Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ шаби гузашта бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳамсояҳои Суҳроб Қосим дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, вақтҳои охир марҳум аз бемории саратон ранҷ мебурд.

Генерал Суҳроб Қосим дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун як фармондеҳи Фронти халқӣ ном бароварда, баъди истиқрори сулҳ то соли 2007-ум фармондеҳии бригадаи зудамали таъйиноти махсуси вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз соли 2002 то 2012 Федератсияи футболи Тоҷикистонро раҳбарӣ кардааст.

Ӯ 2 сентябри соли 1961 дар собиқ ноҳияи Совет, ҳоло Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1968 оилааш ба ноҳияи Данғара кӯч бастааст. То солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси муаллим дар интернати рақами 3-и Душанбе фаъолият доштааст. Устоди варзиши собиқ СССР аз рӯи тенниси рӯи мизӣ буда, дар соҳаи муҳорибаҳои шарқӣ низ маҳорат доштааст.
Мӯҳр
Рухат шод бод Генерал.

Худованд рахмат кунад, мегуянд мурдаро пас аз марг гунох аст ганда гуи лек ситамдидагон хело хурсанд мешаванд!!

падаркушта
shaha,
shaha,
Чояш д,,,,,,, бод

Maryam
xyni biser odamoni begynoh dar gardanat byd..Duo bade zanhoyashon tyro az baun byrd.!

Хар, ки бад кардаст ба рузи бад расад! Некиро неки бадиро бад расад!

Рустам
Аму чанозаша хам дар аму дангара бхонан хубтарай.

Чон
Рухашон шод бод. Эй чархи фалак, чуба ин генералхои мо бармахал тарки рутбау олам мекунанд.

Худо баробари гунохаш чазо бидихад!

Қурғанӣ
ин тоифаро ҷаноза ҳам мекунанд?!

Генералхои точикро Хак таоллох лустрироват карда истодааст.

Дар Дангара як хафта мотам элон гардида, тамоми роххо аз Помир то Кулоб ба самти Дангара баста шаванд. Парвози самолётхо, харакати поезду хархо катъ гарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)