Бахшҳо

(ВИДЕО) Кӯмакхоҳии маъюб аз президент: Писарамро наҷот диҳед

Қурбоналӣ Муродов, як сокини 56-солаи шаҳри Душанбе бо муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт ва мардуми хайрхоҳ барои табобати писари бемораш кӯмак мехоҳад.

Бино ба гуфтаи волидони Абдуалӣ Муродов, ӯ беш аз якуним моҳ мешавад, ки аз дарди гурда ранҷ мекашад ва ба табобати фаврӣ ниёз дорад. Қурбоналӣ Муродов, падари Абдуалӣ мегӯяд, дар пайи ташхиси тиббӣ маълум шуда, ӯ модарзод як гурда надорад ва гурдаи ягонааш ҳам сиҳат нест. Барои муолиҷа маблағи зиёд лозим аст, вале ин хонавода дар ҳолати фақр ба сар мебарад. “Ман маъюби гуруҳи дуюмам. Ҳар ду поям маъюб аст. Дар бозори “Корвон” сурудхонӣ мекунам ва бо ҳамин рӯз мегузаронем. Нафақаам ба таъмини зиндагӣ намерасад. Аз пули барқу об қарздорем”,-мегӯяд Қурбоналӣ.

Манзили Қурбоналӣ Муродов дар кӯчаи Нахимови маҳаллаи Гипрозем воқеъ буда, онҳо дар шароити хеле бад зиндагӣ мекунанд. Қурбонгул Шодиева, модари Абдуалӣ мегӯяд, худи ӯ аз бемории қанд ранҷ мебурд ва як духтарашон низ мариз аст: “Аз ҳамаи одамоне, ки имкон доранд, хоҳиш мекунам барои табобати писарам кӯмаки худро дареғ надоранд”.

Абдуалии 18-сола фарзанди дуюми хонадони Қурбоналӣ мебошад ва дар курси сеюми Литсеи касбии хизмат ва туризм таҳсил мекунад. Волидони ӯ бовар доранд, афроди хайрхоҳ кам нестанд ва барои муолиҷаи фарзандашон кӯмак хоҳанд кард.

Нафароне, ки мехоҳанд ба ин хонавода кӯмак расонанд, бо ин шумора тамос бигиранд: 989-02-97-04

Суроғаи манзил: Ноҳияи Сино, маҳаллаи Гипрозем, кӯчаи Нахимов, хонаи 59, утоқи 8.


Мӯҳр
Эй халки мусалмони точик ба ин оила нигарреда ки чи кадар мухточи ёрдам хастанд агар мо дидаву дониста ба ин оила ёрдам нашавем мо фардо дар назди Аллохи бузург чи мегуем а? Ман умедворам ки хамааи мо ба ин оила кумаки худро дарег намедорем Боки дар панохи Аллох бошен хаматон

Саломи худро ба кулли хонандагони ин сомона меравасонам.
Авалан аз даргохи Худованд дуову илтичо мекунам, ки харчи зудтар Худои мехрабон ба дарди ин додари мо давои таъчили бахшад.Халки азизам ва шахсони саховатманд зудтар пайдо шуда, дасти кумак дароз кунанд.Ин руз расо 1 солу хашт мох пеш (14-уми майи соли 2013) ба сари оилаи мо низ омада буд, айнан ана хамин намуди бемории норасогии гурда, ки дар натичаи сари вакт пайдо накардани донор додарчони мехрубонам Бахриддинчони 21 соларо аз даст додем.(Худо чояш чаннат бошад ва хамеша хамсафари паёмбарон)
Вале барои ин додари мо дер нашудааст. Хуб мешуд пеш аз хама хукумати ЧТ, бо дастачамии тамоми шахрвандони ЧТ сари вак кумаки худро дарег намедоштанд.
Баъди сари додарчонам, хатто борхо ният кардам, як ташкилоти хайриявие бо кумаки халк (яъне шахсони саховатманде хастанд ки закоти моли худро, кучактарин пули хайриявии худро бо дархости шахсони вобастаи ин ташкилот ба ин ташкилот барои кумаки чунин беморон амонат мегузоранд) созмон дихам, вале нашуд...Иншоаллох аз Худои мехрабон умед дорам, ки хатман ичро мешавад...
Иншоаллох умед дорам, ки харчи зудтар шахсони сарватманд пайдо шуда, мушкилии шуморо осон мегардонанд. Омин

Ин шо Аллох кумак хохем кард.Худованд шифои комил дихад ба шумо додарчон.Омин.Омин.Омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)