Як иштирокчии барнома мегӯяд, “Ба ман ин чорабиниҳо маъқуланд, чунки мо якдигарро қаблан намедонистем ва тавассути ин бозиҳо мо бо якдигар шинос шудем ва баҳсҳоро ташкил намудем. Аз ин рӯ ман хурсандам, ки маро ба ин машғулият интихоб намудаанд ва ман метавонам маҳорати худро дар маҳфили драмавие, ки дар мактабамон ташкил мегардад, истифода барам.
Манбаъ афзуд, иштирокчиёни барномаи театри ҷавонон “Сулҳ” барои зиёда аз 10 ҳазор тамошобинон дар 80 деҳоти вилоятҳои Хатлон ва Суғд саҳначаҳо ба намоиш гузоштанд. Гуфта мешавад, лоиҳаи мазкур яке аз барномаҳои сершумори Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ мебошад, ки аз соли 1992 то имрӯз тавассути барномаҳои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисод дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар сарф намудааст.
Мӯҳр
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |