Бахшҳо

Баромади шоҳидон ва эътирозу эътирофҳои Қудратов дар Додгоҳ

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси муттаҳам дар қаллобию фасодкорӣ имрӯз, 17-уми декабр дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ тамоми иттиҳомотро алайҳи худ рад карда, аз додгоҳ хост, ӯро баъди баромади шоҳидону ҷабрдидагон бозпурсӣ кунад.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз Додгоҳи Душанбе хабар дод, мурофиа аз баромади айбдоркунандаи давлатӣ оғоз шуд, ки нахуст иддаои Турабек Охунов, бародари раҳбари боздоштшудаи ширкати “Мовароуннаҳр”-ро қироат кард. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”

Бо зикри ин қазия айбдоркунандаи давлатӣ Қудратовро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ айбдор кард. Аммо ба далели ҳозир нашудани Турабек Охунов ба мурофиа баррасии ин қазия ба таъхир андохта шуд.

Раҳматилло Зоиров, вакили мудофеи Шуҳрат Қудратов низ изҳор доштааст, бе ҳузури Охунов ин қазия баррасӣ нашавад ва аз додгоҳ хостааст, нахуст парванда аз рӯи моддаи 320, яъне додани пора баррасӣ гардад. Зоиров дар шарҳи ин дархосташ ба “Озодагон” гуфт, парванда аз рӯи моддаи 320 нисбатан мураккаб аст ва дар сурати ҳалли он ҳалли парвандаи дуюмӣ нисбатан осон аст.

Аз рӯи моддаи 320 Қудратов дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш-Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Тавре манобеи "Озодагон" иттилоъ доданд, Бадалов, ки дар парванда муттаҳами асосӣ ва Суламаев ҳамҷавобгар будаанд, бо супоридани ҷарима озод шудаанд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ нахуст Нуралӣ Суламаев, падари Амиралӣ Суламаев шоҳидӣ дода, изҳор доштааст, бевосита худаш порагирии Қудратовро надидааст, балки аз писараш шунидааст: “Ман пеши чойхонаи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ нишаста, аз суҳбати писарам бо дӯсташ Парвиз, ки пештар дар соҳаи телефонҳои мобилӣ кор мекарданд, фаҳмидам, ки гӯиё Қудратов барои судя 1,5 ҳазор доллар талаб кардааст, то ӯро пурра сафед кунанд.”

Бадриддин Қаноатов,
раҳбари ширкати “Пайванд”, ки дар парвандаи қаблӣ ба ҳайси ҷабрдида баромад мекардааст, имрӯз, 17-уми декабр дар мурофиаи Шуҳрат Қудратов шоҳидӣ дод, ки як бор бо вакили дифоъ Қудратов ва додрас мулоқот кардааст. Раиси ширкати “Пайванд” гуфт, дар мулоқот Қудратов ва додрас ба ӯ пешниҳод кардаанд, бо гирифтани ҷуброни зарар дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар аз гуноҳи зерҳимояи Қудратов гузарад, чун бачаи камбағал аст: “Қудратов гуфт, зерҳимояаш ҳозир 1,5 ҳазор доллар медиҳад, баъдан боз 500 доллари дигарро зам мекунад. Ман гуфтам, ки 1,5 ҳазор доллар 7 ҳазор сомонӣ мешавад, шумо онро якбора 10 ҳазор сомонӣ карда диҳед, ман аз гуноҳаш мегузарам.”

Раиси ширкати “Пайванд” изҳор дошт, чанде баъд аз ин тавофуқот хабари боздошти Шуҳрат Қудратовро шунидааст. Шуҳрат Қудратов низ тамоми нишондодҳои Қаноатовро дар мурофиаи додгоҳӣ тасдиқ карда, шоҳидии падари собиқ зерҳимояашро рад намудааст.

Дар пайи ин Табаралиев Исфандиёр, котиби суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ бозпурсӣ шуда, шоҳидӣ додааст, Қудратов боре дар ҳузури ӯ назди додрас даромад ва хостааст, ки ӯ барояд чун бо судя гапҳои шахсӣ доранд: “Аммо судя гуфт, ки аз котиб сире надорад.”

Котиби додрас шоҳидӣ додааст, ки аз даҳони Қудратов шунидааст, зерҳимояаш бачаи камбағал аст ва бояд сафед шаваду дар хитоб ба додрас гуфтааст, боз хизмататонро мекунем. Ӯ ба бархе аз суолҳои Зоиров дар мавриди парванда посух додааст, ки дар ёдаш нест.

Зимни мурофиа инчунин Қудратов Замир, бародари Шуҳрат Қудратов шоҳидӣ дода, дар мавриди бозҷӯӣ ва мусодираи маблағ аз хонаашон суҳбат кардааст: “Вақте ман ба хонаи волидонам расидам, хонаро 8 нафар бозҷӯӣ мекарданд ва аз сандуқи очаамон ҳудуди 22 ҳазор долларро гирифтаанд. Азбаски худи Шуҳрат хона надорад, ҳамроҳи волидон зиндагӣ мекунад ва он маблағе, ки гирифтанд, қисман пасандози очаам буд.”

Қудратов Замир таъкид кардааст, ки муносибот дар хонавода бо бародараш хуб буд ва ҳеч бадие аз ӯ содир нашудааст.

Дар ҳамин ҳол мурофиаи додгоҳии Шуҳрат Қудратов то соати 10:30-и рӯзи 18-уми декабр мутаваққиф шуд.

Шуҳрат Қудратов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад. Қаблан Раҳматиило Зоиров, вакили дифои Қудратов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, аз додгоҳ талаб хоҳанд кард, парванда аз рӯи моддаи 320, гирифтани пора қатъ шавад, чун гуноҳи зерҳимояаш аз рӯи ин модда тасдиқи худро наёфт. Ба гуфтаи Зоиров исботи гуноҳ ва бегуноҳии Қудратов аз рӯи ин модда мушкил аст, бинобар ин дархост хоҳанд кард, ки парвандаи гирифтани пора куллан қатъ карда шавад.

Зоиров гуфт, зерҳимояаш аз рӯи моддаи 247, яъне қаллобӣ низ гуноҳашро эътироф накардааст, “вале бо назардошти 5 моҳи ҳабс ва кашолакориҳои мақомоти тафтишотӣ мо аз додгоҳ талаб хоҳем кард, ки Қудратов аз рӯи ин модда афв карда шавад”.

Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда ва то имрӯз дар боздоштгоҳ аст.
Мӯҳр
Бурдбодихо ба Шухрат ва адвокатони у хохонам!

ин сценарияро маълум аст, ки чи тавр сохтаанд хамааш бар зидди Шухрат Кудратов. Агар ин Кудратов порагир мешуд кайхо ба худ хонаи сеошена месохт ва е се чор недвижимость медошт. Лекин тухматгар хам дар ин дуне ва хам дар он дуне руяш сиех мешавад, порагирхо озодона пора мегиранд мисолаш дар паспортный отдели нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе ки паспорти хоричиро ба гайр аз супоридани маблаги даркори дар амонатбонк боз кормандони паспортный отдел 60 е 70 сомон иловапулиро аз шахрвандон талаб мекунанд.

Начиб
!.. аз сандуқи очаамон ҳудуди 22 ҳазор долларро гирифтаанд". Набошад барои чи Шухратба хона нахариден.

Бетараф
Начиб, э соддаям буди дар душанбе ба 22 хазор доллар танхо хона аренда мегири барои ду се сол... метри квадратии хона аз 1000 доллар огоз мешавад
makon,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)