Бахшҳо

ҲНИТ ҳамлаи Толибонро ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ хонд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як изҳорот ҳамлаи гуруҳи Толибон ба яке аз мадориси шаҳри Пешовари Покистонро, ки беш аз 150 қурбонӣ дар пай дошт, шадидан маҳкум карда, онро ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ донист.

Дар изҳороти ҲНИТ, аз ҷумла таъкид шудааст, “анҷоми ин гуна ҳамалот, ки мунҷар ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва махсусан занону кӯдакон мегардад, ягон иртибот ба дини мубини Ислом надорад.”

Раҳбарияти ҲНИТ аз баъзе гуруҳ ва доираҳое, ки барои пиёда кардани аҳдофи худ дар замони муосир аз таълимоти динӣ ва Ислом сӯистифода мекунанд, даъват кардааст, аз ин амали худ, ки боиси коҳиши обрӯи мусулмонон ва ин дин дар олам мешаванд, даст бардоранд: “Гурӯҳ ва доираҳое, ки бо роҳи суиистифода аз таълимоти динӣ дар ҷаҳони муосир даъват ба хушунат ва зӯроварӣ намуда, мехоҳанд ба хостаҳои худ бирасанд, бояд донанд, ки ин гуна услуб ва шеваҳо дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ ҳастанд, ки чеҳраи Исломи поку таҳаммулпазир ва мусолиматомезро дар назари мардуми дунё хатчадор менамояд.”

ҲНИТ дар охир бори дигар ин амали гуруҳи Толибонро маҳкум карда, ба наздикону пайвадони қурбониёну мардуми шарифи Покистон ва ҳукумати ин кишвар ҳамдардӣ баён кардааст.
Мӯҳр
Тавккуф
ҲНИТ бояд бо назардошти вазъи кунунии олами Ислом ва ба хотири тинчиу ороми ва рушди Точикистон бояд фаъолияташро манъ кунад, то ки куввахои беруна аз ин хизб, бар зидди Ислом истифода накунанд.

бесавод
Тавккуф,
ту таваккуф не ту таассуф хасти бо он андешаронихоят.
Баръакс бояд ХНИТ ро дастгири кард ,км чавонон ба ягон гурухи ифротгар напайванданд.
ХНИТ магар ягон зулм ба мардум кардааст?
Баръакс ягона хизбе,ки аз хукуки шаръии мардум дифоъ мекунад.
Он муфти боре хам садояшро баланд накард,вакте масчидхоро бастанд,то 18-соларо Ба масчид рафтан намегузоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)