Бахшҳо

Зарнигори 26-сола дар суд: Маро милиса “подстава” кард (ВИДЕО)

Додгоҳи вилояти Маскав ҳукми 15 соли зиндони Зарнигор Султонова, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро, ки иддао дорад, аз ҷониби афсарони пулиси фурудгоҳи Кӯлоб “подстава” шудааст, бетағйир гузошт.

Тибқи итттилои додситонии вилояти Маскав қаблан додгоҳи ноҳияи Домодедова Султоноваро барои интиқоли беш аз 3 кило героин тариқи хатсайри Кӯлоб-Маскав ба 15 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Аммо худи Султонова ва наздиконаш иддао доранд, ҷузвдоне, ки дар қабати он героин пайдо шуда буд, ба ӯ тааллуқ надорад. Султонова дар додгоҳ шоҳидӣ додааст, ки пеш аз парвоз 12-уми июни соли 2013 дар фурудгоҳи Кӯлоб афсари пулис ба ӯ ҷузвдони компютери Apple ва як борхалтаи сиёҳи дигар дода, хоҳиш кардааст, ки онро ба ҷияни донишҷӯяш дар Маскав расонад. Дар аввал духтар розӣ нашудааст, вале баъдан амакияш низ аз ӯ хостааст, ба корафтода кӯмак кунад. Наздикони Султонова иддао доранд, ки ин ҳолатро имкон дорад, аз сабти дастгоҳҳои назоратии фурудгоҳи Кӯлоб низ дид, ки мақомоти Тоҷикистон дар ихтиёр доранд.

Зарнигор Султонова изҳор доштааст, ки танҳо дар фурудгоҳи Домодедова аз нозир фаҳмидааст, ки дар ҷузвдони равонкардаи афсари милиса героин ёфтаанд.

Аммо додгоҳи вилояти Маскав низ ба ӯ бовар накарда, шикояти касатсионияшро беқаноат гузоштааст. Додгоҳи касатсионӣ низ қарор кардааст, ки Зарнигор Султонова маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калонро аз шарикони номаълумаш гирифта, ба Русия интиқол додааст ва бояд 15 солро дар зиндон гузаронад.


ВИДЕОИ муроҷиати наздикони Султонова ба ҷамъияти тоҷикон дар Русия, дар моҳи июли соли 2013

Мӯҳр
Маздак
Байни Озоди ва махрумият аз Он на он кадар фосила аст, ки ин масофаро ба як сухани ночо ва як кадами хато тайи кардан мумкин аст.

мехмон
Хешовандони айбдоршаванда! Хамон "афсари полис" борхалта додагира ёбен.

Сафсата!!! Афсари полис беакл аст, ки 3 кило героинро озодона бароварда медихад холо он ки коргари аэропорт аст хуб медонад ки хар як борхалтаро бе ташхиси компьютери бо худ бурдан гайри имкон аст. Духтари бесавод як "риск" кардааст-дия!!!

а чи ба ин маводи мухадира дар аэропорти кулоб найофтан коркунони кумрук милиса агентии зиди мухадирот 3кг майда нест ки нодида гиранд бечора духтар хайот сухт мо точикон миллати бесоибем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)