Омор ё дурӯғи маҳз? (ВИДЕО)
Сайф САФАР
“Се навъе аз дурӯғ вуҷуд дорад; дурӯғ, дуруғи маҳз ва омор”. Ин гуфтаро Марк Твен, нависандаи амрикоӣ, ба нахуствазири вақти Бритониё - Бенямин Дизраелӣ нисбат медиҳад. Ту гуӣ, ин гуфтаро барои ман гуфта бошад, ки ҳамеша ба омор бо шаку тардид нигоҳ мекунам. Ахиран, ҷаноби Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бори дигар саломати оморро зери суол бурду шаку тардидро қувват дод.
Ба ҳисоби оқои Шоҳиён дар тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд ва аз ин адад ҳудуди 400 ҳазор баргаштаанд. Яъне, феълан дар хориҷи кишвар 630 ҳазор - 400 ҳазор = 230 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад. Яъне, аз рўи ин ҳисоб айни замон дар Русия 230 000 муҳоҷири тоҷик кор мекунад. Хонандаи арҷманд, ба ин рақам бовар дорӣ?
Истидлоли дигари КМИР ин буда, ки бештари муҳоҷирони мо мавсимӣ сафар мекунанд. Инҷо гусели ҳамсинфҳо, ҳамдеҳаҳо ва ёру дӯстон ба ёд мезанад, ки дар фурудгоҳ варақи муҳоҷираташонро пур мекардам, ҳоло 5-6 сол аст, ки дар Русия ба сар мебаранд. Чанде аз онҳо ҳатто ба депорт аз ин кишвар тан намедиҳанд ва маҷбуранд таъқибу азияти беҷои ниҳодҳои интизомиашро тоқат кунанд. Бо як ҳисоби оддии дигар ба омори муҳоҷирон нигоҳ мекунем. Фарз кардем, дар Тоҷикистон тахминан 1,5 миллион оила зиндагӣ мекунад. Аз ин шумора 500 ҳазорро тарҳ мекунем, ки ин теъдоди оилаҳо шояд дар Русия муҳоҷир надоранд. Боқӣ, аз 1 миллион оилаи дигар агар 1 нафарӣ муҳоҷир бошанд, шумораи муҳоҷирон роҳат ба 1 миллион мерасад.
Гуфта мешуд, соли гузашта муҳоҷирон аз Русия ҳудуди 4 миллиард доллар фиристодаанд. Ҳоло ин рақамро ба 630 000 ҳазор тақсим намоед, боз ба хандаовар будани омори Шоҳиён бовар менамоед.
Аз ин ҳисобҳо бигзарем ва ба гуфтаи раиси КМИР бовар намоем, ки мо ҳоло 230 000 муҳоҷир дорем, дар ин ҳол ҳам боясти ҳаққу ҳуқуқи эшон ба инобат гирифта шавад ва имкони иштирок дар интихобот ба онҳо фароҳам гардад. Чун ба онҳо низ ин ҳақро Сарқонун додааст.Назарпурсии "Озодагон": Оилаи Шумо чанд муҳоҷир дорад?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |