Бахшҳо

(ВИДЕО) Абдулғафури Орзу: Ба хотири иззат, истиқлол, озодӣ бояд туфангро табдил ба қалам мекардем

Сайф САФАР
Далер ШАРИПОВ

“Озодагон” тасмим гирифт тарҳи “Бидуни сиёсат”-ро роҳандозӣ кунад, ки дар доираи он суҳбату гуфтугуҳо бо чеҳраҳои шинохтаи бахшҳои мухталиф анҷом мешавад. Ин суҳбатҳо асосан берун аз мавзӯъҳои сиёсиянд. Суҳбати аввал аз ин силсила бо доктор Абдулғафури Орзу, сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки пешниҳоди шумо мегардад.


Донишмандон ба ин назаранд, дар ин авохир шеър дар зиндагии иҷтимоии мардум он мавқеъро, ки замони пеш дошт, надорад ва имрӯз дунё бо забони атому “ракета” ҳарф мезанад. Назари Шумо ҳамчун як нафаре, ки бо шеър сару кор доред дар ин мавзӯъ чӣ аст?

Абдулғафури Орзу: “Шумо медонед, ки дар Қуръони маҷид омада “калимоти Худо дар болои ҳастӣ қарор дорад”. Дар Инҷил аввалин ояе ҳаст: “Дар оғоз калима буд, калима назди Худо буд, калима Худо буд”. Бинобар ин асоси офариниш бар калима устувор аст ва аз онҷое, ки инсон мавҷудест нотиқ ва абзор баёнии инсон калима ва воҳиди шеър ҳам калима ва таркиби калимот аст. Аз ин ҷиҳат дар ниҳоят шеър ҳамзод бо инсон аст. Шоир бо ҳастӣ наздик аст, яъне дар домони табиат, фарзанди табиат аст ва бо табиат зиндагӣ мекунад. Ҳар қадар такомули иҷтимоӣ ҳаракат мекунад ба ҳамон таносуб шеър дар ҳолати офоқӣ ё дунявӣ табдил мешавад ба ҳолати анфусӣ ва дарунӣ.

Таъсири офоқ бар анфос, яъне таъсири даруни инсон бар воқеиятҳои берунӣ сабки ироқиро ба вуҷуд меорад. Дар сабки ироқӣ шоир аз даруни худ шурӯъ мекунад берунро мебинад. На аз берун ба дарун. Аз ин ҷиҳат дар ин замон дуто далел дорад. Яке аз далоили муҳим ин аст, ки такомули иҷтимоӣ ҳар қадар пешрафт мекунад камол ҳам тағйир мекунад. Мо ду вожа дорем; яке такомул, ки як амри айнӣ, берунӣ ва воқеист. Бар мабнои қонунмандии табиат ва офаридаи Худованд аст. Яке камоли инсонист, ки амри зотист. Марбут ба инсонҳост. Дар сабки хуронсонӣ такомул ва шеър бо ҳам мувозианд. Яъне, шеър садои такомули иҷтимоӣ, садои нафас кашидани табиат аст. Чӣ гуна гул мешукуфад? Шоир нигоҳ мекунад. Бо табиат дамсоз аст. Аммо, ҳар қадр ба сабки ироқӣ меравед дунёи анфусӣ, дунёи дарунист, ки шеър меофарад. Яъне, аз домони табиат, аз воқеиятҳо каме фосила мегирад. Ба ҳамин тариқ дар сабки ҳиндӣ ва ба ҳамин тартиб аз қарни 4-уми ҳиҷрӣ қамарӣ то имрӯз такомули иҷтимоӣ пешрафт мекунад. Ба ҳамин таносуб ин воқеияти шоирона ранги дигаре мегирад”.

Се даҳсолаи ахир агар ба ҷомеаи Афғонистон назар кунем, як ҷомеаи пурталотуму дорои гирифториҳо буд. Чӣ боис гашт ва Шумо чӣ гуна фурсат ёфтед, ки даст ба таълифи ҳудудан 40 китоб бизанед? То ҷое медонем дар сангарҳои сиёсӣ ҳам будед ва омадед то мақоми сафорат. Чӣ шуморо маҷбур мекунад, то эҷод бикунед ва мухотабатон кӣ аст? Қишре, ки дар доираи ҳарбу ҷанг аст ё қишре, ки дар муҳоҷират аст ё барои худатон эҷод мекунед? Боре дар ин мавзӯъ андеша кардед?

Абдулғафури Орзу: “Мухотаби ҳар нависанда, бидуни шак, дар қадами аввал ҳамаи инсонҳост. Дар қадами дуввум инсонҳое, ки дар ҷуғрофиёи муайяне зиндагӣ ва ҳузур дорад. Ва табиист, ки бар асоси ниёзҳо ва тахассусе, ки дорад як нависанда менигорад. Ҳавзаи кори ман улумуи инсонист. Аз фалсафа, калом, сиёсат, шеър, достон ва билохира корҳои пажӯҳишӣ ва Қуръонпажӯҳишӣ. Китобҳои ман дар ҳавзаи сиёсат, “Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ”, “Сиёсати хориҷии Афғонистон дар қарни 21”, Чигунагии ҳуввияти миллии Афғонистон”, “Равшанфикр кист?”. Дар арсаи рӯдакишиносӣ “Шод зӣ”, “Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ”. Дар арсаи ирфон “Муқоисаи инсони комил аз дидгоҳи Бедилу Ҳофиз”, “Шеъру шуури орифон”. Дар арсаи Қуръонпажӯҳӣ “Нимнигоҳе ба тафсири мафотеъ ул ғайб”. Чандин асар ва маҷмӯаи шеър ҳам дорам.

Бубинед, мо нисбат ба зиндагӣ, нисбат ба ҳастӣ, нисбат ба иҷтимову мардуми худ эҳсоси масъулият мекунем. Вақте ки мо мегӯем мардум, аввал дар як ҷуғрофиё матраҳ мешавад ва баъд ин ҷуғрофиё бузург мешавад ба андозаи ҳамаи ҳастӣ. Чун як нависанда вақте ки менависад ӯ шиноснома надорад. Яъне, садои ӯ мутаалиқ ба ҳамаи олам аст. Достоевский аз ҳамаи олам аст, Рӯдакӣ аз ҳамаи олам аст, Ибни Сино аз ҳамаи олам аст. Нависандагон зодгоҳ доранд, аммо баъд аз ин ки менависанд китобҳои онҳо ҷаҳонӣ мешаванд. Яъне, ба тамоми ҷаҳон, ба тамоми башарият таалуқ доранд. Ҳар нависанда бар асоси ниёзмандиҳои иҷтимоии худ менависад. Ба ҳамин иллат шумо агар ашъори маро баррасӣ кунед; рӯзгоре буд, ки мо бар алайҳи Иттиҳоди Шӯрвӣ мубориза мекардем. Ашъори ман шеъри ҷанг аст. Ба хотири иззат, истиқлол, озодӣ бояд туфангро табдил ба қалам мекардем. Бо қалам ва туфанг бояд мехурушидем:

Инқилобе, ки дар он нест қалам,
Наравад пеш ба ҷуз як ду қадам.
Инқилобе, ки дар он нест шуур,
Охируламр шавад зиндабагӯр
Қаламу шӯру шууру шамшер,
Бишканад ҳалқаи сахти занҷир.”


Гуфтед, замоне, ки бо Шӯравӣ меҷангидед, шеъри шумо ба он замон буд. Мо ҳам замони Шӯравӣ шоироне доштем, ки шеърашон фақат моли замон буд ва бо суқути Шӯравӣ номашон аз байн рафт ба ашъорашон ҳам барои ҳамон замон монд. Вале то ба имрӯз номи Рӯдакиву Фирдавсиву Ҳофиз маъруф аст. Мо шоироне ҳам дорем, ки дар ҳудуди як маҳал, як минтақа ва ё як шахсият монданд. Чаро шахсоне, назири Ҳофизу Иқболу дигарон пайдо намешавад?

Абдулғафури Орзу: “Дарбори Сомониён Рӯдакиро ба кор дорад. Дарбори Ғазнавиён Унсуриву Фаррухиро, то аз тариқи инҳо садои дарборро ба гӯши мардум ва ҷаҳониён бирасонад. Ҳар қадар ҷомеа такомул мекунад, ҳамон қадар садои шоир камрангтар мешавад, расонаҳо меоянд. Имрӯз дар ниҳоят расонаи “Озодагон” ҷойи Рӯдакиро гирифта. Шумо Рӯдакиед. Яъне, Рӯдакӣ оғоз кард бо “Бӯи ҷӯи Мулиён”, имрӯз шумо бо ҳамон оғози фарҳангии Рӯдакӣ садои озодагонро дар “Озодагон” мутаҷаллӣ месозед. Ҷомеаи мо як ҷомеаи соддаи даврони Сомониён нест. Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дилтанг мешуд. Мегуфт дигар дар Бухоро зиндагӣ намекунам. Меравад ба Бодғису Ҳирот чор сол ҳамроҳи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад. Аммо, зиндагии имрӯз печидаву мураккаб шуда. Қабати озон пора мешавад, хушксолиҳои мумтад, амалиёти интиҳорӣ, ҷангҳои ҳастаӣ, ифротгароӣ ва печидагиҳои дигар. Мо медонем, ки ДИИШ дар Ироқ чӣ мекунад, Толибон дар Афғонистон чӣ мекунанд, ҳамин лаҳза дар Покистон дар як донишкадаи низомӣ як теъдод кушта шуданд. Ҷаҳон кӯчак шудааст. Дирӯз мардумон дар ҷаҳони худ зиндагӣ мекарданд. Ҳар ҷуғрофиё, ҳар Ватан ба худ зиндагӣ мекард, аммо, ҳоло ҷаҳонишавӣ ҷаҳонро кӯчак сохта. Ба ин иллат, артишҳои клоссик поён ёфта ва нақши инсон ҳатто дар ҷангҳо камтар шуда”.



Худи Шумо чӣ рӯзгор доред? Ҷаҳони ботиниву андешаи Шумо бо чӣ созгор аст? Феълан дар кишваре зиндагӣ доред, ки комилан дар сулҳ аст ва ёдатон ба кишвари худатон аст, ки он ҷо рӯзе як инфиҷор мешавад. Гуногуние, ки дар ин ду кишвар мебинед, ҷаҳони ботинии Шуморо кадом самт равона месозад?

Абдулғафури Орзу: “Паскал мегӯяд, инсон барои худ истидлоле дорад, ки ақл дар намеёбад, фақат дил мефаҳмад. Ҳамеша инсонҳо байни дилу ақл дар кашокашанд.

Ақл мегӯяд, ки рав расми ниёгон пеша кун,
Ишқ мегӯяд, ки ҷо бар минбари Шадод кун.

Ҷанг байни ишқу ақл яке аз воқеиятҳои ҳавзаи фарҳанги ниёкони ману шумост. Аз ин ҷиҳат воқеиятҳои имрӯзӣ ин аст, ки мо бояд ҷомеаи Афғонистонро амн бисозем, ҳукуматдории хуб бисозем, бо ҳамсоягони худ равобити бисёр одилона қарор бидиҳем. Терроризму экстеримизму мофиёи маводи мухаддир набошад ва билохира хости мардуми ман як ҷомеаи қонунманд, амният ва озод аст. Дар ниҳоят ҳадафи аслии ман ҳам ҳамин аст. Агар зиндагӣ набошад ҳеҷ чиз нест. Пас зиндагӣ бо адл, хайр ва зебоист. Таъмини инҳо дар як қонунмандӣ аст.

Аз донишманде пурсиданд, ки Ислом бар чанд бино устувор аст? Гуфт, бар ду бино. Гуфтанд, дар дин бидъат эҷод мекунӣ, панҷ бино аст ту чаро ду бино мегӯӣ? Донишманд мегӯяд, чӣ кунам, ки ман ин ду биноро бовар дорам. Билохира мегӯянд, бигӯ ин ду бинои ту чист? Мегӯяд, аввал амният дуввум тавсеаи фарҳангӣ. Агар фарҳанг ва амният набошад ин панҷ бинои дигар ҳам анҷом намешаванд. Пас, кори аввали мо эҷоди фарҳанг ва фарҳангсозист. Фарҳанги ишқ, фарҳанги имон, фарҳанги қонунмандӣ, фарҳанги сулҳу адолату зебоӣ.

Мардум чу диҳад инон ба фарҳанг,
Аз бод бигардад осиёсанг.

Ин фарҳанг бояд табдил ба қонунмандӣ шавад ва ҷомеаи қонунманд аст. Аз ин ҷиҳат кори аввалии мо барои ҳастии инсон эҷоди ҷомеаи қонунманд аст. Мутаассифона, дунёи имрӯз мисли гузашта нест. Ҳар воҳиди миллӣ дар гузашта мустақил зиндагӣ мекард, аммо имрӯз дар ҷаҳон экстримизм бедод мекунад. Шумо медонед, ки терроризм дар Афғонистон нест. Терроризму экстремизм аз берун ба Афғонистон меояд. Бинобар ин мо наметавонем дар ин дунёи ҷаҳонишуда танҳо зиндагӣ кунем.

Дар Тоҷикистони азиз, ки порае аз фарҳанги мост, порае аз Хуросони бузург аст, ҳеҷ эҳсоси бегонагӣ намекунем. Аз табиати зебои Тоҷикистон, аз мардуми ҳамзабони Тоҷикистон, ки ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст, аз амнияте, ки дар инҷо устувор аст, табиист ки отифаи инсониро бармеангезад. Вақте ки отифаи инсонии маро бармеангезад, табиист бисёр бароҳатӣ фарёд мезанам:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Эй куҳанманзумаи сабзи Хуросон.
"Бӯи ҷӯи мӯлиён"-ат ҷовидон бодо,
"Ёди ёри меҳрубон"-ат ҷовидон бодо.
Ҷовидон бодо сурудат,
Нағмаҳои чангу удат,
Чашмасоронат хурушон бод
Кӯҳсоронат зарафшон бод,
Тоҷикистон, Тоҷикистон
Эй куҳанманзумаи сабзи Хуросон“.


Чизе ҳаст, ки Шумо аз он тарс доред?

Абдулғафури Орзу: “Беҳтарин тарсе, ки инсонҳо аз он дилхура доранд, марг аст. Ҳофиз аз марг метарсад:
Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз.

Хайём устураи тарс аз марг аст: “Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст” ё “Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад”. Тамоми рубоиёти Хайём тарс аз марг аст, аммо, Мавлоно аз марг наметарсид. Мегуфт: “Марг агар мард аст, гӯ назди ман ояд”.

Ҳамаи мо медонем, ки як рӯз паймона пур мешавад ва бояд рафт. Бинобар ин муҳимтарин тарси инсон аз марг аст, аммо:
Мард намирад ба марг марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид монд мурданаш осон куҷост.

Ман аз марг ҳеҷ гуна тарсе надорам. Чӣ дар замоне, ки туфангро табдил ба мусалсал кардем ва чӣ рузгоре, ки бо қалам менависем. Он чи ки моро метарсонад, ин аст, ки аз адлу хайру зебоӣ дур шавам, вале умедворам, Худои ягона моро ҳамеша ёварӣ бисозад, ки бо адлу хайру зебоӣ нафас бикашам”.

Чӣ чиз аз Тоҷикистон хушатон намеояд?

Абдулғафури Орзу: “Он воқеияте, ки маро нигарон мекунад, бекорӣ, фақр, рафтани фарзандони баруманди Тоҷикистон ба Русия аст. Умедвор ба ин ҳастам, ки рӯзу рӯзгоре Тоҷикистони азизи бо як фарҳанги бисёр калон битавонад, инҷо корҳои хуб кунад. Нигаронии дигари ман ҳам ба унвони як нависанда ин аст, ки рӯзгоре инҷо забони русӣ забони илм буд ва шумо метавонистед аз сарчашмаҳои русӣ истифода кунед. Ҳоло, то ҷое ки ман медонам забони русӣ кам кам дигар забони илм дар Тоҷикистон нест, забони кӯчаву бозор аст. Забони инглисӣ ҳам дар Тоҷикистон он қадар равнақ нагирифта ва саранҷом мардуми Тоҷикистон ағлаб бо хатти ниёгон ошно нестанд. Ин ҳам гоҳ гоҳе маро нигарон месозад, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон бо чӣ сарчашмаҳое мехоҳанд корҳои илмӣ кунанд?

Ман чор сол пеш омадам. Душанбе бисёр кучак буд. Аслан чизе ба номи трофик надошт, мошин таваққуф намекард, аммо ҳоло хеле пурмошин шуда. Ҳоло як тарси ман аз фақр аст, ки умедворам мардуми Тоҷикистон дигар зери хатти фақр набошад. Аз назари илмӣ умедвор ба ин ҳастам, ки донишмандони Тоҷикистон ба ин биандешанд, ки чӣ гуна метавонанд захоири илмии Тоҷикистонро аз назари илмӣ барҷаста бисозанд. Билохира, сатҳи донишгоҳҳо поин наояд. Дигар касе аз бачаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дигар гуреза набошад.

Мо бад-ин дар на паи ҳашмату ҷоҳ омадаем,
Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем.

Як чизи дигаре, ки дар Тоҷикистон маро нигарон месозад, ин ки мутаассифона, мардҳо камтар ба зиндагии хонаводагӣ пойбанданд. Ин як дарди бузург аст, маро ранҷ медиҳад. Умедворам, конуни хонаводагӣ маҳкам бимонад.

ЗИНДАГИНОМА

Доктор Абдулғафури Орзу сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 сол муқаддам дар шаҳри бостонии Ҳирот дар хонадони фарҳангӣ таваллуд шудааст. Унвони докториро дар риштаи адабиёти дарӣ аз Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон гирифтааст.

Дар мақомҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, раиси идории вилояти Ҳирот, иҷрокунандаи вазифаи сафир дар сафорати куброи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Теҳрон ва мушовири вазири хориҷаи Афғонистон ифои вазифа намудааст.

Дар баробари корҳои давлатӣ муаллифи беш аз чиҳил асари илмӣ, сиёсӣ ва бадеӣ мебошад. Ҷаноби Абдулғафури Орзу шеърҳои зиёде низ гуфтааст, ки дар маҷмӯъаҳое “Ҷоритар аз ҳамеша”, “Чашм дар чашми ойина”, “Суруди мусалсал” , “Чаҳор шоир чаҳор бародар”, “Ҳамосаи Соти Барзан” ва “Лабханди Худо” ба нашр расидаанд.

Оқои Орзу инчунин чандин рисолаи илмию пажӯҳишӣ ва кутубе, монанди “Сиёсати хориҷии Афғонистон дар қарни 21”, “Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ”, “Чигунагии ҳуввияти миллии Афғонистон”, “Рӯшанфикр кист?” , “Хӯшаҳое аз ҷаҳонбинии Бедил", "Диранге дар адабиёти Фаранг (барои донишҷӯён)", "Шод зӣ...(дар қаламрави Рӯдакӣ)", "Агар Фарҳод шуд, Ширин бимонод" дар бораи достони "Хусраву Ширин"-и Низомӣ, "Нақди Халилӣ", "Шеъру шуҳуди орифона", "Муқоисаи инсони комил аз дидгоҳи Бедил ва Ҳофиз", "Дар хонаи офтоб" (дар бораи Бедил) ва ғайраро мунташир кардааст.

Китоби “Шод зӣ...”(дар қаламрави Рудакӣ) ва маҷмӯаи шеърии вай – “Лабханди Худо” ба хатти сирилик низ ба нашр расидаанд. Аз соли 2010 сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд; ду писар ва як духтар мебошад.


Мӯҳр
ватандор
Хуб аст вале хуб мешуд ҳарки барои камбудиҳои ҷомеаи худ меандешид

Наср
Вакте, ки ба чавобохои устод Орзу назар мекуни, дар он буи ва фалсафаи забони асили Точикиро эхсос мекуни. Мутаассифона собик фарханги коммунисти руси ин Буи Чуи Муллиёнро аз машоми миллати фархангии мо, кариб ба нести бурда буданд.

tojik
vazironu raisoni moham boyad edgirand gapzaniro

Рудакӣ
ТОҶИКИСТОН ТОҶИКИСТОН
ЭЙ КУҲАНМАНЗУМАИ САБЗИ ХУРОСОН!!!!

rafi
Suhbati tojikona tashakur ozodagon

Сафири ба инхел шахс мезебад, марди хеле доно ва софдил. Аз гуфтораш бармеояд ки ҳар дy кишвар Тоҷикистонy Афғонистонро дyст медорад. Кори хyбе ҳам мекyнад Афғонистонy Тоҷикистон бояд ҳамеша бо якдигар дустy меҳрyбон бошанд чyн мо як миллатем ки англисy рус моро аз якдигар солҳо барои манофе хyд ҷyдо карданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)