Бахшҳо

Президент сабаби дар Данғара сохтани калонтарин коргоҳро шарҳ дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19 декабр, дар ноҳияи Данғара сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказиро оғоз бахшид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон коргоҳи бунёдшаванда яке аз бузургтаринҳо дар Осиёи Марказӣ буда, дар марҳилаи аввал беш аз 52 000 тонна нахи пахтаро коркард мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сохтмони коргоҳ изҳор доштааст, ки ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.

Раисиҷумҳур қайд намудааст, ки сабаби асосии дар ноҳияи Данғара бунёд ёфтани ин маҷмаа иқлими мусоиди ин минтақа барои истеҳсоли навъҳои пахтаи дорои нахи дароз ва захираи аз ҳама зиёди заминҳои азхудшавандаи ҷумҳурӣ дар ин ноҳия мебошад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи татбиқи лоиҳаи ин сохтмон, дар зиёда аз 15 ҳазор гектар замини боир, камоб ва нав обёришавандаи 5 ноҳияи вилояти Хатлон кишти пахта ба роҳ монда шуда, боз қариб 15 ҳазор каси дигар бо кор таъмин мегарданд.

Тибқи лоиҳаи сохтмони ин коргоҳ, дар 4 марҳила 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, технологияи он аз ширкатҳои машҳури ҷаҳон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад: “Дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар корхонаи бофандагии он ҳангоми бо иқтидори пурра ба кор даромаданаш солона то 150 миллион метри мураббаъ матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсол карда хоҳад шуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар маросими оғози сохтмони ин маҷмаа Фан Сянжун, сафири Чин дар Тоҷикистон, Хан Йонг, муовини роҳбари ноҳияи мухтори Шинҷони Чин ва намояндани ширкати Ҷун Тайи ин кишвар ва дигар меҳмонони хориҷӣ сухан ронда, кулли мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфтанд.
Мӯҳр
ТОЧИКИ БЕТОЧ
Э МО РОЗИ ДАР ДАНГАРААМ СОЗЕН МО РОЗИ АКАЛАН МАРДМИ ОДДИИ ГИРДУ АТРОФ КОР ПАЙДО МЕКУНАН, ДАР КУЧОЕ КИ БОША ГУШАИ ТОЧИКИСТОН БОША СОЗЕН МО РОЗИ, ХАМИКА МЕХОХЕМ КИ ВАКТИ СОХТАН ДУЗДИ НАКУНЕН БО НИМИ МОШИНОТОН БАДИ ОВАРДАН СЕ РУЗДА АЗЩ КОР НАМОНА КИ ТОЧИКИСТОН БО ТАГИ КАРЗДА МОНА

Раисиҷумҳур қайд намудааст, ки сабаби асосии дар ноҳияи Данғара бунёд ёфтани ин маҷмаа иқлими мусоиди ин минтақа....))))))). Албатта ба иклими мусоиди вазиру чиновнику банкиру раису мудирзои дангара хам чои шубха нест

Кулоби
ДАР КУЛОБ КАЙ МЕСОЗЕД ,ХАМИН ХЕЛ ЗАВОДРО ,КИ МАРДУМ ХАМА ОИЛООШОНА ПАРТОФТА БА РОССИЯ ВА ДИГАР ЧОЙХО РАФТА ИСТОДААНД.

Якуним миллиард доларррр?!?! Боз мегуем, ки барои бунёди НБО Рогун маблаг нест? Намешуд, ки инвесторро сарашро гаранг карда, ватандустй намуда, бо зиракии сиёсй ин маблагро ба он чо сарф мекардему тамоми мардуми Точикистон аз он манфиат медид!? Э вой, э вой...........

Мухташам
Офарин Чаноби Оли. Дар нохияи Дангара аз хисоби заминхои бекорхобида дахо чунин корхонахоро бунёд кардан мумкин. Дангараро ба минтакаи саноатии кишвар табдил дода, мардума аз куххои сарбафалаки безамин оварда, шахри нави замонави бунёд бояд кард.

Точикча
Хо хо бовар кардем ба чаноби олий. Ки сомневатся мекна...

Кадом минтакае бошад фарк нест Ободи шавад
Халк ба чои кор таъминшаван

точики беточ
Советский Экономист,
Советский Экономист,
экономисти бесавод, 1,5 миллиард сомони аст на инки доллар, соз хони чи мекуна, мактаби каридорда хондаи

Гиссарский
Чунин заводи калонро дар н. Х,исор хам сохта буданд ва зийода аз 3-сол мешавад, ки Точикистона аз арматур таъмин карда истодааст!

Чунин заводи калонро дар н. Х,исор хам сохта буданд ва зийода аз 3-сол мешавад, ки Точикистона аз арматур таъмин карда истодааст!

Чунин заводи калонро дар н. Х,исор хам сохта буданд ва зийода аз 3-сол мешавад, ки Точикистона аз арматур таъмин карда истодааст!

Чунин заводи калонро дар н. Х,исор хам сохта буданд ва зийода аз 3-сол мешавад, ки Точикистона аз арматур таъмин карда истодааст!

Дар хакикат сохтану обод кардани хамаи гушахои ватан хуб аст, вале хамаи инро бояд дар асоси хамаи талабот ва омилхо ба назар гирифтан зарур аст. Бояд якчизро кайд намуд, ки шахсе нисбати сохтмони корхонаи арматури дар н. Хисор мисол овардааст(ба маънои томаш), ки то хол кай обод мешавад номаълум аст. Дар бисёр минтакахои чумхури хамин хел коргоххои ресандагию дузандаги сохта буданд( Кургонтеппа, Масчох, Спитамен ва гайра), ки дар давоми сол хамаги 3-4 мох кор мекунанду халос ва аз хисоби музди мехнат ва дигар хизматрасонихо то биногуш карздор мебошанд. Бояд вазифадорон барои худнамоиштихи(пиар) дар назди мардум кор накунанду хисобу китоби дуруст, таъмини ин коргоххоро тамоми сол бо махсулот ва истесоли махсулоти хушсифат ва бозоргир обод намоянд. Боз мегуям, ки мардум мардуми солхои шурави нест ва сиёхро аз сафед фарк мекунанд. Агар навиштачотам нодуруст бошад тахлилро ба дигарон мегузорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)