Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:40

Раисони зиндонии "7 бурҷ": Барои озодӣ 248000 $ медиҳем!

19 декабр 2014, 16:57

Олим Маъруфов ва Ориф Расулов, ду масъули ширкати “7 бурҷ”, ки ахиран бо қарори додгоҳ барои 8,5 солӣ равонаи зиндон шудаанд, ваъда додаанд, ки дар сурати раҳоӣ 248 ҳазор доллари муштариёни ширкатро бармегардонанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” як гуруҳ муштариёни ҷабрдидаи ширкат хабар дода, афзуданд, ки феълан барои раҳоии Олим Маъруфов ва Ориф Расулов ба додгоҳи Душанбе муроҷиат кардаанд.

Ибодат Ҳакимова, яке аз муштариёни “7 бурҷ” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, чанд рӯз қабл дар маҳбас бо Маъруфов ва Расулов мулоқот дошт: “Онҳо гуфтанд, ки дар сурати озод шуданашон ҳар дуяшон 124 ҳазор долларӣ медиҳанд. Дар маҷмуъ “7 бурҷ” аз мушатариёнаш 618 ҳазор доллар қарздор аст ва аз рӯи ин қарздорӣ нисбати 5 нафар парванда боз гардида буд. Аммо аз ин 5 нафар 3 нафари дигар то ҳол дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доранду ду нафар-Маъруфов ва Расулов зиндонӣ шудаанд. Ин ду нафар гуфтанд, ки агар моро аз маҳбас озод кунанд, 124 ҳазор долларӣ медиҳем, боқимондаи пулро он 3 нафари дигар бояд диҳанд”.

Ибодат Ҳакимова гуфт, пешниҳоди ин ду маҳкумшуда барояшон қобили қабул аст ва бино бар ин ба додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки ин афрод озод шаванду қисме аз маблағи муштариёнро баргардонанд.

Дилбар Алимова, як муштарии дигари ширкати “7 бурҷ” мегӯяд, онҳо аз аввал мехостанд, ки Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари асосии ин ширкат ба додгоҳ кашида шавад, на зердастони ӯ: “Бояд он кас дар додгоҳ ҷавоб медод ва пулҳои моро бармегардонид.” Аммо худи Маҳмудов дар додгоҳ масъулияташро дар “7 бурҷ” рад карда, изҳор дошт, дар ҳеч санади ин ширкат имзое нагузоштааст.

Дар ҳамин ҳол Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санаи 16-уми октябри соли равон ду масъули ширкати "7 бурҷ"- Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро 8,5-солӣ маҳкум намуд ва ба гуфтаи муштариёни ширкат ахиран ин муҳлатро се соли дигар кам намуд.

Ҳаҷми зарари 156 мизиоҷи “7 бурҷ”, ки ба мақомот муроҷиат кардаанд, 618 ҳазор доллар ҳисоб шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини “Ҳафт бурҷ” теъдоди мизоҷонашонро наздики 5 ҳазор нафар арзёбӣ карда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фирдавс

  • 19 декабр 2014 19:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама дуруги махз...
Посух додан
  • точик

  • 20 декабр 2014 02:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом чабрдидохи ба монанди ман мухтарам дар охирон мачлис ки дар назди багатер шуда буд олим як гапе гуфтабуд ки фаромуш намекунам гуфт агар ба сабаби аризахои шумо моро махкам кунанд ин зарар ба хамаи муштариён ва рохбарои ширкат мерасад ба ягон кас фоида намерасад.албата гапи тугри гуфта буд лекин баъзеи мо аз газаб гапзои пасту баланд задем акнун пушаймон шудем ки инхо то рузи суд шудан хато охиста охиста бо махсулот ва пул дода истодабуданд.акнун бо хатоги худи мо аз хаминашхам мондем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!