Бахшҳо
22 дек 2014 08:47Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Панҷ дақиқа мушакпарронӣ ба истиқболи Соли нави мелодӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор масъулинро барои истиқболи Соли нави мелодии 2015 муваззаф кардааст.

Тибқи ин қарор чорабинии аслии солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ” баргузор шуда, Убайдулло Раҷабов, раҳбари кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии “Пойтахт-80”раҳбари бадеии он таъин шудааст. Гуфта мешавад, дар ин “консерти идона устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик” ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе иттилоъ медиҳад, муовининони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ муваззаф шудаанд, то 30 декабр ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳоро ба анҷом расонида, дар рўзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти муътадили соҳаҳо ва корхонаҳои системаи муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд. “Дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабри соли 2014 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум баргузор мешавад. Ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, хонандагон аз оилаҳои камбизоат кӯмаки моддию маънавӣ раоснда мешавад”,-афзуд ӯ.

Инчунин тибқи ин қарор роҳбарони идораҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воқеъбуда, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ муваззаф шудаанд, ороиши идонаи иморату иншоотҳои зертавозунро то 30 декабри соли 2014 ба анҷом расонанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ” бояд то 30 декабр омода шуда, то 31 декабр дар ин майдон қолин, пояндозҳои қолинӣ гузошта шавад. Дар шаби Соли нав қарор аст, панҷ дақиқа мушакпарронӣ (фейерверк) анҷом шавад
Мӯҳр
.
Ин мардум аз он дунёашон фикр намекунанд. Иди масехонро бошукух тачлил карда, боз худро мусулмон метарошанд.

Saydali
Nameshud hamin archai soli naviatonro 10 ruz pesh taer mekarded.... kafo mondaho yagon kori halol nadored

Исфара
Инхо комунистанд!

Барфак
гирди арча да биё, баччча, боши саломат!

mahdi
Ба маълумоти нимчамуллохое ки фикр накарда менависанд - соли наве ки мо чашн мегирем (31 декабр) ба масеху масехиён ягон рабте надорад. Ин сирф иди чашни ивази сол аст, ки дар даврони шурави пайдо шуда тули 70 сол мардум онро чашн мегирифт. Холо хам бошад, мо дар давлати демокративу дуняви зиндаги дорем, алхамдулиллох. Ба касе маъкул нест-чашн нагиред, лекин дигаронро аз номи ислом гунхкор накунед. Як бор дидем максадои исломитона-бас аст.

Чохонгир
Аз ин харчу сарфи зиёдати мардуми шахрро бо гарми ва равшани бо газ таъмин кунед намешавад.

агар ин омодаги рост бошад, худоро шукр. ин иди кудакии хамаи калонсолон аст. ва онро бояд хар сол пешвоз гирифт.ва он хеч бадие надорад. ин иди масехи нест ин иди кудакии мост.Аллох бузург аст.

Шухрат
Ҷашнгирии Соли нави мелоди аз 1 январ бо фармони император Гай Юлий Сезар соли 46 то милод дар Рими Қадим ҷорӣ шуда буд. Моҳи январ аз номи Янус – худои дурӯя, таҷасумгари дару дарвоза, интохобҳо ва нахустин корҳо гирифта шудааст.
Соли 1700 бо фармони император Пётри I Соли нав дар Русия ба монанди дигар давлатхои Европа аз 1 январ (мувофиқи солшумории Юлиани) қайд карда мешавад.
Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар Русия мувофиқи солшумории Григорианӣ қайд карда мешавад. Аз 23 декабри соли 1947 бо укази Президиуми Совети Олии ИҶШС 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ давом дорад ва 1 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат аст.
Римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд.
Муддати дарозе римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи қайдгирии Соли нав рӯзи якум моҳи январ гардид.
Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дагараш ба пеш ба соли нав буд.
Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар тӯҳфаҳо мекарданд; ғуломону хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Римиёни сарватманд ба император тӯҳфаҳо мекарданд. Аввалҳо ин кори ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон тӯҳфа даъво мекарданд.
Рождество Христова (Таваллуди Исо) ва Соли нав бо ҳам фарқ доранд... Ҷашни Таваллуди Исо (Рождество) иди насрониҳо ҳаст, аммо Ҷашни Соли Нав иди румиҳои қадим аст, ки Юлий Сезар онро асос гузоштааст .
Мавлуди Исо ё Кристмас - рӯзе аст, ки бар пояи гоҳшумори масеҳиён зодруси Исо дониста мешавад ва бузургтарин ҷашни масеҳиён дониста мешавад. Масеҳиён ин рӯзро бо оинҳои вижа баргузор мекунанд. Барои мисол, дарахтеро оро медиҳанд. Ин рӯзро бештар 25 декабр ҷашн мегиранд.
(Бо нақлу ихтисору таҳзиб аз Википедия).

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)