Бахшҳо

Сафват Бурҳонов: “Видеоҳои антиҲНИТ тарҳи ФСБ аст”

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Гуфтугӯи онлайнӣ бо Сафват Бурҳонов, журналист ва таҳилигари тоҷик, ки ҳоло дар Укроин қарор дорад. Бурҳонов ҳузури низомии Русия дар Укроинро таъйд карда, мегӯяд, Путин тарҳи Ғарб аст ва нақши Горбачевро бозӣ мекунад. Ӯ инчунин ситезиши дунявиҳо алайҳи исломиҳоро кори ФСБ-и Русия медонад ва муътақид аст, наворҳои антинаҳзатӣ аз ҷониби муздурони ин ниҳод таҳия мешаванд. Матни комили ин суҳбат ҳоло пешниҳоди шумо мегардад.


ПУТИН ҲАМ МИСЛИ ГОРБАЧЕВ “ПРОЕКТИ ҒАРБӢ” АСТ

Озодагон: Чанд вақт шуд, дар Укроин ба сар мебаред?

Сафват Бурҳонов: “Як сол аст дар Украина зиндагӣ мекунам. Украина як кишвари озода аст. Мардумонаш хеле бофарҳанганд”.

Озодагон: Назари коршиносон оид ба буҳрони Украина гуногун аст, яке Русияро ҳақ меҳисобад, дигаре Украина ва ҳампаймононашро. Ба назари Шумо кӣ ҳақ аст?

Сафват Бурҳонов: “Танҳо Худо метавонад мардумеро “ҳақ” ва “ботил” хонад. Он чи ман мебинам, ҳамин аст, ки мардуми Укроин бархостанд, то зиндагии худро аз фасоду дуздию вомондагӣ раҳо бахшанд. Ҳамсояи зӯргӯ артиш даровард, заминашонро гирифт, хонаҳояшонро сӯхт, фарзандонашонро кушт, ки “не, Укроин ҳам бояд мисли Русия кишвари дуздию фасод бошад”.

Озодагон: Русия ҳамеша рад мекунад, ки низомиёнаш дар Укроин ҳузур надоранд. Оё воқеият ҳамин аст?

Сафват Бурҳонов: “Русия гуфта дар Қрим ҳам аскар надорад. Пешвои ҷанги Донбас Гиркину Бородаю Безлер, афсарони амнияти рус ҳастанд. Артиши рус дар Укроин ҷангида истодааст. Инро аз дохил мебинем”.

Озодагон: Дар Укроин ҳоло вазъ чи гуна аст, манзурам гуруҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар ҳама муттаҳиданд?

Сафват Бурҳонов: “Путин барои Укроин кори бузург кард. Ҳоло укроиниҳо он миллати парокандаи мисли соли пеш нестанд. Худшиносию меҳанпарастии укроиниҳо боло рафт ва имрӯз хеле муттаҳид шуданд. Аз русгароҳо, ки соли гузашта беш аз 80 дарсад дар ҳокимият буданд, ҳоло хеле кам мондаанд ва дигар дуздию фасод кардан наметавонанд”.

Озодагон: Ба назари Шумо Путин дар ин набард пирӯз шуд ё шикаст хӯрд?

Сафват Бурҳонов: “Намедонам чӣ кард, аммо мағзҳои сиёсии Ғарб беш аз 300 сол кӯшиш карданд, Укроину Белорусро аз паҳлӯи Русия ҷудо кунад, аммо натавонистанд. Шикастнопазирии Русия дар ҷангҳои ҷаҳонӣ аз он буд, ки ин ду миллат паҳлӯяш буданд. Путин орзӯи деринаи “гургони Ғарб”-ро пиёда кард. Путин ҳам мисли Горбачев “проекти ғарбӣ” аст. Ӯ СССР-ро пош дод, ин Русияро пош медиҳад”.

Озодагон: Бо кадом далел ӯро одами Ғарб ҳисоб мекунед, дар ҳоле ки мавзеи тундгараёнае нисбат ба Ғарб дорад?

Сафват Бурҳонов: “Сиёсат танҳо сухан нест. Кораш дигар аст”.

“ИҚТИСОД, СИЁСАТ, БОНК, АРТИШ ҲАМА ЗЕРИ ИДОРАИ МАСКАВ МЕБОШАД”

Озодагон: Бисёр раҳбарони Осиёи Миёна дар кор ва рафтор ба Путин тақлид мекунанд, шахсияти Путинро чи гуна арзёбӣ мекунед?

Сафват Бурҳонов: “Дар Осиёи Миёна давлат нест ва роҳбари давлат гуфтан нашояд. Ин гӯё давлатҳо устонҳои Русия ҳастанд ва бе иҷозати Маскав ҳеч коре кардан наметавонанд. Осиёи Миёна аз Маскав идора мешавад”.

Озодагон: Таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия асари манфӣ ба иқтисоди Тоҷикистон гузашт ва вазъияти муҳоҷирон дар Русия вахимтар шудааст, дар ин хусус чи мегӯед?

Сафват Бурҳонов: “Вақте Тоҷикистон як устони Русия бошад, чӣ гуна метавонад аз хатари болои марказаш омада эмин бошад? Дер ё зуд ҳар чӣ дар Маскав шавад, дар мо такрор хоҳад шуд. Мо ягон системаи мустақил надорем. Иқтисод, сиёсат, бонк, артиш... ҳама зери идораи Маскав ҳастанд”.

Озодагон: Вазъи ояндаи Тоҷикистонро чи гуна мебинед, оё вазъият рӯз аз рӯз фавқуллодатар мешавад?

Сафват Бурҳонов: “Ҳарчанд хушбин ҳастам, аммо як сол пеш навишта будам, ки бояд омода шуд, ки имсол вазнин мешавад. Касе нашунид. Худо мегӯям, ки баҳор ба хушию хушвақтӣ биёяд. Ҳоло ҳарчанд вақт кам монд, аммо илоҷ ҳаст. Бояд баҳор барномаи ирригатсиониро пиёда кард. Ками кам як миллион гектар заминро бояд обӣ кард. Бозаргонии хурду миёна, истеҳсолоти хурдро аз дуздони давлатӣ озод бояд кард”.

АНДЕШАСИТЕЗӢ ДАР ХУНУ МЕНТАЛИТЕТИ ТОҶИК НЕСТ

Озодагон: Дар ҳафтаи ахир як бурхӯрд миёни дунявигароён ва исломгароён ба вуҷуд омад. Назари Шумо дар ин хусус чи аст? Чаро кормандони академияи улум бо лаҳни тунд ба Ислом ҳамла карданд?

Сафват Бурҳонов: “Онҳое, ки солҳои 80-у 90-ро ёд доранд, нағз медонанд, ки ин бозии Маскав аст. Тоҷикистон як бими марг дорад: муттаҳам кардан ба исломгароӣ. ФСБ бачаҳои моро Сурияву Ироқ бурда истодаст. Дар Афғонистон тарбият дорад. Ҳоло барои зери даст доштан, ин қартаро кушода истодаст”.

Озодагон: Манзур ин буд, ки ин падида, яъне ҳамала ба Ислом дар дохили Академияи улум зуҳур кард ва як мавқеъгирии шадидулаҳн доштанд, фикр мекунед ин кори дуруст буд?

Сафват Бурҳонов: “Ҳамлаи “исломиҳо” ба дунявиҳо, “атеистҳо” ба “исломиҳо”, видеоҳои антиҲНИТ..., инҳо тарҳҳои ФСБ ҳастанд, ки югурдакҳошон дар ниқобҳои гуногун пиёда мекунанд. Ин бозии Маскав бо дасти муздурони ватанӣ аст”.

Озодагон: Чаро фикр мекунед ин бозии ФСБ аст? Инҷо баҳси тоҷикон аст, ин 5 фоиз атеист худро тоҷик ҳисоб мекунад, магар ин тавр нест?

Сафват Бурҳонов: “Тоҷик миллион сол атеисту мазҳабӣ дошт ва ҳеч гоҳ бархӯрд намекарданд. Ҷанги андеша хоси Тоҷик нест. Барои Тоҷик ҳамеша андеша, фарҳанг, дину бовар кори шахсии ҳар кас ва дахлнопазир буду ҳаст. Агар ҷанги андешаро дидед, метавонед бе дудилагӣ чун унсури бегона шубҳа кунед ва баҳо диҳед. Андешаситезӣ дар хуну менталитети Тоҷик нест. Ин хосияти физиологии миллат аст. Касе ситезиши андеша дорад ё тоҷик нест ё гумоштаи каси дигар аст”.

Озодагон: Назари шахсии Шумо чи аст, оё ин тоифаи атеист ҳақ доранд, чунин мавқеъгирӣ намоянад?

Сафват Бурҳонов: “Ҳақ доранд! Андеша дар Тоҷик Озод аст! Чунин буд, ҳаст, мемонад. Ҳама ҷонибҳо ҳақ доранд, ки андешаи ҳамдигарро инкор кунанд. Ва ин инкорҳо баҳс ба вуҷуд меорад, ки илмро меофарад. Илм натиҷаи баҳс аст. Ё академикҳо корду автомат гирифта ба майдон баромаданд? Онҳо бо сухан инкор карданд, инҳо бо сухан исбот кунанд, мешавад баҳс ва шоҳид хулосаи дурусти илмӣ мегирад. Вақте академикҳо бо сухан инкор мекунанду муллоҳо бо автомат, шоҳид имонашро ба Ислом бой медиҳад. Вақте аргумент намонд, мушт боло мешавад”.

Озодагон: Ба назари Шумо дар ин шароит бархӯрди дунявиҳову исломиҳо бар манфиати мо аст? Чаро ин баҳсҳоро доман мезананд?

Сафват Бурҳонов: “Гуфтам, бархӯрдҳои беақлонаи мо ба манфиати душманони мо ҳастанд. Тоҷик се душмани таърихӣ дорад, ки пайваста пайи шикасташ ҳастанд ва инро ҳар Тоҷик бояд донад. Ва тӯли таърих хоинони миллат худро арабу муғулу рус гирифта, ба мо зарбаҳо мезананд, вале мо Ҳастем”.

Озодагон: Дар соли нави милодӣ ба мардуми тоҷик чӣ таманно доред?

Сафват Бурҳонов: “Тоҷик бояд Тоҷик бошад. Мардуми озодаю обод, мардуми пирӯзи шикастнопазир. Ҳеч мардуме дар дунё ҳамчун Тоҷик пешорӯи душманони сарсахт истодагарӣ накарда аст. Қутайба гузашт, Чингиз гузашт, Ленин гузашт, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд!”.

Озодагон: Сипос барои суҳбат, муваффақ бошед!

Сафват Бурҳонов: “Барори кору зиндагӣ”.
Мӯҳр
.
ФСБ тархрези наворхои антинахзати? Ба ин гуна кори пасти разилона танхо худи точикон кодир хастанд. ФСБро то ин дарача паст назан

саид
хуб гаранг будаст ин бурхонов

афсар
Рози хастам ба фикри он бародар, ки гуфтаст, фсб ба чунин кори паст даст намезанад. агар мезаданд, зиди мухолифини Путин чунин мекарданд. Мебинед, ки болои онхо хам фишор меоранд, вале бо ин хел корхои паст не. Хатто, афсарони худро эхтиром мекардагии мо хам ба чунин кор даст намезананд, нафрат доранд. Вокеан, нанги милли буд. Паст задани обруву шарафи иснон ва миллат кори ягон точики асил нест.

ЧИНДИ
ммм...ачоиб харф мезанад ин одам...
Дар укроин чи кор мекарда бошад?? Манзур-кору бор

Сафват Бурҳонов хам дар доми амрикоихо афтидааст, Назари тунд дорад. Ва бо сенарияи ИМА кор мекунад. Руссияро танкид мекунад. Ба чашми мардуми точик хок пошида истодааст.

Хаким
ОФарин Сафват Бурхонов . Сад дар сад дуруст.

точик
Бурхонов хеле окилона ва дуруст харф задааст. Ин мо хастем аз хуввият бехабар рус гуфта чон медихем,он кадарар манкурт шудаем ки харруз мекушанд тахкир мекунанд, вале мо чойнамозамонро суи кремль меандозем. Як фаросати инсони лозим барои тахлил кардани суханхои Бурхонов.

Кулоб 786
786
салом мардуми мусулмонони Тч. Хамаги хаста набошед. ман ин маколаро хондам, ба назари ман кам камаш чои шак ва фикр кардан дора.
Харчанд ки сатхи фахмиш, тафакури аксарияти мардуми Тч тавоной ин тахлилу тафсирро сиёсиро надоранд (хакикатан) Аммо мардум биёем акалан як шак кунем дар бораи ин душманхои Ислом ва Точик. инхо ки 70 сол бо санад ва мадрак мо ва гузаштагони моро гулом карданд, холо ки моро хам сарвари дораду мо хам гуломи карда истодаем хомушем.. ФсБ чи фитна андохт дар чанги 6 сола дар Тч. худашон дар як барномаи ТВ дар русия гуфтан ки мо бо снайпер задем С. Сафар ва Файзалиро убират кардем. мо дар гуши фил хобем, бо мегуянмон бовар намекунем. васалом.
Худоё худат душманони миллати моро хидояткун ва нашидани бошан нобуд кун. Ё Раб.

Ин сафват дар укроин барои трубкаш тамокуи ганда девонара ефтагияй ))))

Ватан
Ташаккури зиёд ба бародари азизу пурталош Сафват!
Бародарон ва хохарон! Харфхои гуфтаи Сафват ин хакикати хол аст. Он чи, ки мардум дар боло коментхо навиштаанд гуяндаи он аст, ки аксарияти мардум тахлили сиёсии хуб надоранд ва хама чизро сар-сари ва сатхи мебинанд. Ин саволу чавобе, ки бо бародари донишманд ва хакгу пешкаш шудааст барои аксарият, ки дарк намекунанд хандаовар аст.
Харфи гуфтани инчо зиёд аст вале......
Яке аз пурталоштарин мусалмонхои асри 20 - Аллома Мухаммад Икболи Лохури мефармояд:
Нағмаам, аз захма бепарвостам,
Ман навои шоъири фардостам.
Асри ман донандаи асрор нест,
Юсуфи ман баҳри ин бозор нест!
(аллома Икбол)

Азиз
.,
Айбро намедони ФСБ чо мекна и коро кати ин як, дуюм ин ки Укроин пукроин карда мебахшед наход ки НАХЗАТ ба ФСБ монеа шавад, акай Артсенюк!!!

Фатх
Ман фикр намекунам, ки Сафват ва баъзе равшанфикрони мо миллатдуст нестанд. Вале ман то хануз намефахмам, барои чи чунин фарзандони миллати мо аз доираи равшани ва вокейят ба мисли муллохои фанатик садхо чакрим дур мераванд.

Донишпажух аз АИ ЧТ
Сафват аз аввал як мавкеи мушаххас надорад!!!
Ин "назарияи тафтеа"-ро Сафват таквият дода истодааст. У хамчун шахрванд хак дорад андешаашро баён кунад, аммо касеро гунахкор кардан дар проблемаи дохилии чумхури ин аз руи инсоф нест!!!
Сафват як суханфуруше беш нест ва сухани у таъсиргузор хам нест, зеро у дур аз вокеият Точикистон масъалаи ичтимоиро тахлил мекунад!!!.
Бурхонов , ки ба илм ворид нест "харзагуи" мекунад. Агар дутдори Ватан бошад Сафват Бурхонов биёяду дар як муаасисаи илми ё тадкикоти фаъолият кунад, то манфиаташ ба Точикистон бештар шавад, на ин ки аз дур истода русхову Русияро сабабгори кафомондагии асримиёнагии Точикистон шуморад.
То рузе дар Точикистон фазо дар дасти муллои бесаводу чохил ва шариати асримиёнаги аст, пешравиеро дар ин сарзамин дидан гайри имкон аст!!!
Барои пешрафти чомеа бояд чахонбинии илмиро таквият намуд ва чойгохи илмро баланд бардошт. Аслан мулло ва диндор хеч вакт бо илм дуст набуд, зеро дин бофтаи чанд спекулянт аст, ки авомро фирефта ба манфиати худ истифода мебаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)