Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 07:40

Назарбоев: Ислом дини сулҳ аст ва набояд онро бо терроризм ҳамроҳ кард

23 декабр 2014, 11:29

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон Исломро дини сулҳ ва дур аз терроризм хонда, хостори баланд бардоштани огаҳии мардум шудааст.

Назарбоев дар як вохӯрӣ бо намояндаҳои бахшҳои мухталифи Қазоқистон гуфтааст, Ислом дини сулҳ аст ва набояд онро бо терроризм ҳамроҳ кард: “Ман аз ин мавзӯъ, ки терроризм бо Ислом рабт дода мешавад, ҳимоят намекунам ва бояд дар ин хусус сатҳи огаҳии мардум боло бурда шавад.”

Раисҷумҳури Қазоқистон дар идома ба оятҳои Қуръони карим ишора карда, афзудааст, “дар Қуръон ба ин нукта ишора мешавад, ки агар шумо як нафарро бидуни далелу бегуноҳ ба қатл мерасонед, ин амали шумо баробар ба куштани тамоми башарият аст”. Ба гуфтаи ӯ, барои мубориза бо терроризм бояд ба мисли як душман дар баробари башарият иқдом кард ва бояд ҷавонон берун аз тафаккури ифротӣ ба дунболи Исломи нобу воқеии дур аз хушунат бошанд: “Аз ин рӯ, ба терроризм бояд ба мисли як душман барои тамоми мусулмонҳо нигоҳ кард”.

Назарбоев далели аслии пайвастани ҷавонон аз гӯшаву канори олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ-ро дарёфти манобеи молӣ арзёбӣ карда, гуфтааст, Ислом рабте бо терроризм надошту надорад ва мо низ ҳамвора аз Исломи дур аз хушунат ҳимоят ва пуштибонӣ мекунем.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Hasan

  • 24 декабр 2014 10:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hamin harfro shunida budam onqadar ahamiyt nemidodam meguyn ( siysat qalb nadorad ) In raishoro agar tars faroshon girad hamai harfro hamai koro mekunan soli 2012 y 2013 bud donishjuyneki dar Misr mekhondan hamin Raisi Qazoqiston davatashon karda bud.hol bubin chi harfu chi kor,,,,,siysat qalb nadorad.Khudovand Hamai raishoro hidoyt bikun
Посух додан
  • Точик

  • 24 декабр 2014 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан ба окои Назарбоев дар хакикат шумо хамчун як сарвари давлат хакикати холро баён намудед. Худованд шумо ва сафи шумо барин подшохонро зиёда гардонад, омин.

Ахсан ба Шумо чаноби Назарбоев, худованд шумо ва шумо барин подшохонро дар панохаш нигох дорад. Омин.
Посух додан
  • Мухлис

  • 24 декабр 2014 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан Ба Шумо Нурсултон Назарбоев кош дигар Президентхои мухтарам мисли хамин Президент бошанд
Посух додан
  • Бандаи Ризкдиханда

  • 10 феврал 2015 09:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале, президенти ЧК барои дигар сарварон намунаи ибрат бошад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!