Бахшҳо
24 дек 2014 21:31Ҳуқуқи инсон

Ранҷи рӯзгор таҳаммулпазиру хушунат не!

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ

Хушунати оилавӣ боис шудаст, ки бонувони Бадахшон дар марказ ва ноҳияҳои вилоят пайваста аксияву вохӯриҳоро доир кунанд. Бо ин ҳадаф Маркази захиравии бонувони ВМКБ бо дастгирии молиявии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), назди муасисаи давлатии «Маркази Ҷавонон» аксияро бо унвони «Я против насилия над женщинами а ты со мной!» доир намуд.


Давлатбегим Саидабдуллоева, корманди иҷтимоии маркази захиравии занони ВМКБ мегӯяд, ки «воқеан вақтҳои охир дар вилоят хушунати нисбати ҷавондухтарон аз ҷониби ҷавонписарон бисёртар ба назар мерасад, ки баъзан онҳро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд. Аммо онҳо бо ваҷҳҳои ҳархела дар тасмимгирӣ ҷуръат надоранд. Ва аксари онҳо фикр он доранд,ки ин ё он масъалаи зӯроварӣ мушкилии оилавӣ ҳасту он бояд дар дохили оила ҳалли худро ёбад. Лекин дар ин сурат хушунат боз паси парда мемонад».

«Дар Бадахшон асосан зӯроварии ҷисмонӣ бар бонувони беҳомӣ муттаваҷеҳ шудаст. Ва он бешубҳа нисбати солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд шудааст. Аммо гап сари он ҳаст, ки як хели бонувон то ҳол ҳам ҳаққу ҳуқуқашонро комилан намедонанд», - мегӯяд сармутахасиси шӯъбаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат дар вилоят Паринози Азизӣ.

«Теъдоди беше аз онҳо дучори зуроварӣ дар оила мегарданд. Лекин аксарияти онҳо мехоҳанд, ки ба таври ниҳонӣ ё худ конфеденсиалӣ ба доди онҳо бирасанд. Ва дар ин сурат аълон ҳам сари дуроҳа қарор мегиранду мушаххасан намедонанд ба кадом коргоҳ муроҷиат кунанд. Агарчи кумитаи мазкур ва марказҳои захиравӣ дар ин масоил мувазафанд. Ҳозир хушунат нисбати занон нафақат дар оилаҳо, балки дар таълимгоҳҳо аз қабили макотибу донишгоҳ ва инчунин кӯчаҳои маркази вилоят ҳам ба мушоҳида мерасад»,- иброз дошт ӯ.

«Ва паҳлӯи дигари масъала он ҳаст,ки ҳозир он ҷангу ҷидол ва кашмакашиҳое, ки дар баъзе оилаҳо пайваста рух медиҳанд, воқеан аз он чӣ гуна насли солим ба вуҷуд меояд?! Фикр дорам омили дигар аз иллати рафтори хусуматомези баъзе ҷавонписарон нисбати бонувон дар он аст, ки дар чунин оилаҳо ба воя мерасанд. Илова бар ин таъсироти беруна ё худ зуҳуроти кӯча ҳам ба онҳо аз ҳама беш асар мекунаду онҳо ба хушунаткорӣ даст мезананд»,-гуфт П. Азизӣ.

Яке аз фаъолзанон Лаълзор Гайбиева, сокинини ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон барои даъвои беадолативу хушунат нисбати ҷиянаш, Дилором Хидоятова дар аксия ширкат намуд. Номбурда бо мо ҳамсӯҳбат шуда, гуфт, ки «айни ҳол ҷиянаш Д. Ҳидоятова дар муҳоҷират қарор дорад. Аммо иллати хушунати оилавӣ буд, ки ӯ аз шавҳараш ҷудо шуда, мардак бо бонуи дигаре издивоҷ кард». Л. Ғайбиева бо таассуф ҳарф зад: «ҷиянам Дилором муддати панҷ сол бар он талош дошт, то фарзанди ягонаашро, ки дар ҳамзистӣ бо шавҳар мутавалид шуд, боз гардонад. Аммо собиқ шавҳар ӯро ҳатто наздик шудан ба ҷигарбандаш намемонд». Ба гуфти Л.Гайбиева агарчи оиди масъала то мақомотҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ муроҷиат намуданд, аммо масъулин ба доди онҳо нарасиданд. «Ва инак мароми мо он аст, - мегӯяд, Л. Гайбиева, - теъдоди ингуна аксияҳо зиёдтар шаванду масоили хушунат дар оила бояд ҳадди аксар ифшо шаванд».

«Проблемаи дигар он ҳаст, ки ҷавонписарон дар зодгоҳошан зан гирифта, баъдан ба муҳоҷирати кишвари Руссия мераванд. Дар Маскав баъди чанд муддат бо духтари дигаре хонадор мешаванду аз оилаи бунёдиашон даст мекашанд. Чунин падида ҳам дар вилоят ба маротиб афзудааст. Феълан дар ин масоил аз ҷониби коргоҳҳои ҷамъиятву идораҳои дахлдор бояд таҳқиқот ва таҳлилҳои бештаре роҳандозӣ шаванд», -мегӯяд коршиноси соҳаи маориф устод Хушқадам Асматуллоев.

«Солҳои қаблӣ бо эътимод мегуфтем, ки дар Бадахшон хушунат нест. Аммо ҳозир он дар воқеъ ҳам ҷой дораду асосан аз ҷониби баъзе мардон сурат мегирад», -мегӯяд шоира Руқияи Давроншоҳ ва идома медиҳад: «Феълан бештари бонувон аз ҷониби онҳо дар таъминоти оилавӣ ҳам пуштибонӣ карда намешаванд. Мутаасифона имрӯз тамоми заҳмати рӯзгор бар дӯши китфони нозуки бонувони мо мебошад. Ва илова бар ин зӯроварӣ дар хона ҳам бар гардани онҳост. Адади зиёди ҳолатҳои зӯроварии оилавӣ дар Бадахшон то ҳол ҳам мувофиқи матлаб дар ҷомеа инъикос наёфтанд. Ва аламовар он аст, ки бонувон як умри худро баҳри мардон ва бунёди оилаи солим равона сохтанд. Аммо афсӯс, ки онҳо ба қадри зан – модар ҳанӯз ҳам намерасанд».

Бонуи дигаре аз ҷамоати деҳоти Сӯчони ноҳияи Шуғнон дар аксия ширкат дошт. Ӯ нахост то номаш муаррифӣ шавад, мегӯяд, ки чанд ҳафта пеш аз шавҳараш бо ваҷҳи хушунати оилавӣ ҷудо шудааст. Ҳозир шавҳар ва наздиконаш ӯро ҳатто аз дидорбинии фарзандаш маҳрум сохтанд. Ин ҳонуми 26 сола ҳатто ҷуръати онро надорад, ки ба мақомотҳои дахлдори вилотӣ муроҷиат кунад. Хонуми мавсуф аз он нороҳат аст, ки шояд масъулин ниҳодҳо бар он шаванд талоқшуда барои хона ва молу амволи собиқ шавҳараш талош дорад. Ин ҷавонзан мехоҳад ӯро ба таври ниҳонӣ бишиносанд, ки аз ҷониби шавҳар ва пайвандонаш ба ӯ осебе нарасад. Ва ягона умедеро, ки мавсуф дар дил мепарварад, ин кӯмаки кормандони маркази захирави занони «Мадина» ҳаст. То ғоибона ёрии ҳуқуқии худашонро ба ӯ расонанду лаҳзае ҳам бошад дидорбинии фазандаш ба ӯ насиб шавад.

Салима Исмоилова, яке аз муассисони аксия дар сӯҳбат гуфт, ки «баннер ё худ овезашиоре,ки бо унвони мазкур тарҳрезӣ кардем. Нисбати соли гузашта имсол бештар иширокдорону раҳгузарон дар он имзо гузоштанд. Яъне теъдоди ин имзоҳо дар як соат беш аз як ҳазор ташкил медод. Бештари имзокунандагон бонувон буданд, аммо баъзе ҷавонписарон ҳам дар канор набуданд».


Ранҷи рӯзгор таҳаммулпазиру хушунат не!

Давлатбегим Саидабдуллоева


Ранҷи рӯзгор таҳаммулпазиру хушунат не!

Аз чап ба рост: Л. Гайбиева, Н. Додихудоева
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)