Бахшҳо
25 дек 2014 10:58Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Нархи зангҳои телефонӣ ва иҷора дар Тоҷикистон боло меравад”

Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси андози кишварро тасвиб намуд, ки тибқи он андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3% ба 5 % расонда мешаванд. Тибқи тағйироти нав, ки аз аввали соли оянда мавриди амал қарор мегиранд, андози иҷора дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе низ боло хоҳад рафт.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия зимни муаррифии тағйирот изҳор дошт, ки минбаъд аз даромадҳои Бонки Миллӣ, аз фурӯши саҳмияю иншоот низ андоз ситонда мешавад. Ӯ илова намуд, ки тағйироти нав низоми бозпас овардани сармояҳо аз минтақаҳои офшориро низ содда мекунанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон дар Тоҷикистон болоравии тамосҳои телефониро пешгӯӣ мекунанд, зеро дар гузашта зимни роҳандозии аксизи сефоизӣ ширкатҳои мобилӣ нархи тамосҳоро боло бурданд. Бисёри таҳлилгарон муътақиданд, ки ин таҷриба боз такрор шуда, зарбаи асосӣ аз навовариҳо ба кисаи мардум хоҳад расид.
Мӯҳр
точик
Дар дигар кишвархо маош боло меравад нархи зангхои телефони поин оварда мешвад ва дар фикри бехтар кардани зиндагии мардум ва кам кардни нархи ичора, аммо дар мо дар андешаи дуздии кисаи мардум, вой бар холат точики бечора! пас чи нолем аз дигарон, ки мо бо мо харчи кард ин дуздони худи карданд

Дигар ягон манбаи даромади ичрои буча намондааст, бинобар ин боз аз хисоби мардум бояд кисахоро пур кард. Дар холате, ки то истехсолоти доими ва истехсоли махсулоти талаботи бозоргиро ба рох монда нашавад ин сафсатахои пешравии иктисодиётро боз чанд соли дигар гуш мекунем.
Бояд сохаи андозбандиро содда ва омафахм намуд, ки истесолоти пинхони ва гурезиши андозсупорандагон камтар шавад, на ин ки корбарии мачбури дар ин сохаи молиявии фиксали зиёд карда шавад.

Депутат
Халки бе ин хам камбагалро боз кашоктар мекунанд, гуед.ОББО

Антонио
Ҳамин ҳаворо пулакӣ накунед, элтэмос.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ касе дар Тоҷикистон фикри мардуми оддиро намекунад. Гарчанде наздик ба 1.5 млн нафар тоҷикистонӣ дар Руссия ҳастанд, боз мехоҳанд, ки ҳамон қадари дигарро низ бо пардохтнопазир буданашон ба Руссия равон кунанд. Хоҳиш дорам, ки нафарони кордон ва саводнокро сари вазифаҳои Вазорат ва Кумитаҳо монед, онҳо худашон сарчашмаҳои даромадро барои Тоҷикистон пайдо мекунанд, на аз ҳисоби ҷеби мардуми оддӣ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)