Бахшҳо
25 дек 2014 12:30Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвати Академия барои “муборизаи беамон” алайҳи гуруҳҳои радикалии динӣ

Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, тамомим муассисаҳои дахлдори ин ниҳод барои мубориза алайҳи ифротгароӣ муваззаф шудаанд. Академияи илмҳои Тоҷикистон ин нуктаро дар изҳороте баён доштааст, ки ҳамлаи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешовари Покистонро маҳкум мекунад. Ин ҳамла, ки 16 декабр ба вуқӯъ пайваст, беш аз 100 кушта бар ҷой гузошт.

Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон дар изҳороташ мегӯяд, бо ҳамрайъӣ бо раисиҷумҳури кишвар, ба тамоми зарардидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти хешро иброз медорад. Дар идомаи изҳорот омадааст, бо назардошти ин ҳодиса, ки ифротгароён барои манфиатҳои ночизи худ занону кӯдакон ва намояндагони дину мазҳабҳои дигарро қурбон мекунанд, бетараф набуда, барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва шаклу усулҳои гуногуни зуҳури он ҳамаи муассисаҳои дахлдори академия, аз ҷумла Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ ва дигар пажӯҳишгоҳҳо вазифадор шудаанд: “Олимони мо ба чунин хулоса расидаанд, ки сӯйистифода аз бовару эътиқодоти динӣ ва суннатии мардум дар муборизаҳои сиёсӣ хатарнок аст. Бинобар ин, дар ҷаҳони муосир ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки аз номи дину Худо сӯйистифода мекунанд, зарурат вуҷуд надорад. Таҷрибаи кишварҳои исломӣ нишон медиҳад, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ба манфиати доираҳои қабилавӣ маҳдуд мемонанд ва сабабгори афзоиши ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мегарданд. Аз ин ҷиҳат, дар муборизаҳои сиёсӣ истифода кардани эътиқоди динии мардум наметавонад суботу якпорчагии ҷомеа ва давлатро таъмин кунад”.

Академияи илмҳо мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон низ доираҳои муайян чи аз дохил ва хориҷи кишвар дар пайи ноором кардани вазъият буда, мехоҳанд аз эҳсос ва эътиқодоти динии мардум сӯиистифода намоянд ва ба ин хотир чунин доираҳо арзишҳо ва меъёрҳои муайяни ахлоқӣ ва ҳуқуқии давлатдории дунявиро дархури манфиатҳои пинҳону ошкори худ тафсир мекунанд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, дар Тоҷикистон ҳеҷ кас ҳақ надорад, интихоб ва арзишҳои фитрии худро ба дигарон таҳмил кунад ва ин гуна мавқеи худро ба ҳизбу ҳаракат табдил диҳад, ки хилофи принсипҳои демократӣ ва дунявӣ мебошад: “Дар ҷомеаҳои пешрафта ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ моделҳои рушд ҳастанд, яъне бо барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вориди мубориза мешаванд, на бо истифода аз номи Худо, дин ва дигар эътибороти мазҳабӣ ва суннатии мардум. Ин ҳодисаи нангин бори дигар собит сохт, ки бетарафӣ ва саҳлангорӣ дар кори мубориза бар зидди радикализм ва ифротгароии динӣ, инчунин шаклҳои гуногуни зуҳури он, аз қабили зӯроварӣ, тундгароӣ ва даҳшатафканӣ хилофи арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ба тадриҷ ифротгароӣ минтақаҳои мухталифи ҷаҳони муосирро фаро гирифта, тарзу усули ғоявӣ ва амалии воқеъпазирии он чӣ аз ҷиҳати идеологӣ ва чӣ аз ҷиҳати низомӣ мудҳиштару хатарноктар мегардад. Инро метавонем дар амалҳои охири “Таҳрики Толибон” дар Покистон, “ДИИШ” дар Сурия ва “Ал-Қоида” дар Яман ва Боко “Ҳаром” дар Нигерия мушоҳида кунем”.

Академияи илмҳои Тоҷикистон ва тамоми институтҳои зертобеи он аз мардум кишвар хоҳиш намудаанд, барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба пешравӣ овардани Тоҷикистон бо ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд.
Мӯҳр
академик
маьнеи сханатонро нафахмидам бехтарош мегуфтедки маьошамро баландбордоред ч о

Икбол
Академияда гапш нест. Ба муллохои ифротгар сарбасар шуданро талкин менамоед, кори дуруст ва мо тарафдор. Вале мо ТОЧИКОН аз хисоби магзхои Аадемия дар солхои наздик ба КАЙХОНпарвоз менамоем ё не. Як уйла карда бароед.

а
Ин академикхои бекорхуча акнун барои худ кор ефтанд - танкиди дин. Хамин академияро умуман махкам кардан даркор. Чи лозим аст ин кадар бекорхучаро аз буча хурондан?

Махмад
Эй "Олимони" Худобехабари Академияи улум! Дар дигар давлатхои мутаракки, чунин хизбхо хаст ку. Ба ин чи мегуед? Масалан дар Олмон хизби иттиходи христиани-демократи хаст ва г. Ба чои гапхои бехуда, масъалаи бухрони бонки, молияви ва иктисодии Точикистонро, ки ба кариби сар мешавад, бараси карда, роххои хали онро пайдо кунед. агар тавонед.

Мухлиси бахси озод
Ин суханхо кабул, ба шарте, ки шумо дар гуфтору рафторатон адолатро риоят кунед. барои мисол ХХДТ хам як навъ бовар ва эътикод аст, ё маслан атеизм хам як навъ бовар ва эътикод аст, пас адолат вакте риоятм мешвад, бовару эътикоди ХХДТ ба дигарон тахмил нашвад ва шумо кормандони Академия хамчунонеки дигар хизбхоро танкид мекунед, бояд ХХДТ-ро хам танкид кунед ва нагузоред бовару эътикоди худро ба дигарон тахмил кунанд. Ё инки якчанд нафар кормандони Академия ки атеист хастанд ва ба дин бовар надоранд низ набояд бовари худро ба дигарон тахмил кунанду аз курсихои Академия суистифода намоянд. Аммо чуноне, ки маълум аст фаъолияти шумо бо таассуф яктарафа ва фармоиши аст ва танхо хадаф зарба задан баэътикоду бовари мусалмонон аст, ки ин хеле бад аст ва ба чои онки ифротгароиро аз байн барад баръакс боиси ташвики он шуда дигаронро мачбур мекунед, ки бар зидди шумо сангар гиранд, зеро дигар чора надоранд, чунки шумо арзишхои атеистии худро таргиб мекунед, онхо бо фикри химоят аз арзишхои худ вориди майдон мешавад ва ин сабаби бахсхои бемаъни ва дар натича ба чангу чадал кашида шуда ифротгароии хам дини ва хам дунявиро ба вучуд меорад. барои хамин ин масъала бехтар аст бо чалби гуруххои гуногунандеш анчом шавад ва коидахои бахсу баррасихои илми риоят шавад ва ин бахсхо натича дошта бошанд дар он сурат ба манфиати миллат ва давлат метавонад бошад.

Юсуф
دтуҳо(ба худ иҷоза намедиҳам Шумо гуям) то имруз бе исломиҳо ба куҷо расиде як бор ба бозор нигоҳ кун 90 фоизи хурока аз Ирони исломӣ 90 фоизи пушока аз Туркияи исломи сабзавот аз Покистони исломӣ модернтарин тарҳи шаҳрсози аз Қатари исломӣ муҳимтарин тарҳои кишвар бо маблағи Бонки Исломӣ ё кишварҳои исломӣ дируз ба ин натиҷа расидед ки урусҳои номусалмон қобили боварӣ нестанд бояд роҳи алтернативи сузишвориро пайдо кунем пас сузишворӣ аз Кувейти исломӣ ва дируз гуфтед ки қанду шакару орду гандум аз Покистони исломӣ мешвад. ҲОЛО БОЗ ҲАМ МЕГУИ КИШВАРҲОИ ИСЛОМӢ ДАР ДОИРАИ ҚАБИЛА МОНДА ПЕШРАФТ НАКАРДАНД?!
ту ва ту баринҳо дар Тоҷикистон то ҳануз ҳатто як мех натавонистед бисозед ҳатто ҳасибу моҳипарвариатонро аз Ирони исломӣ омада ёд медиҳанд!!!
ХОНАНДАГОНИ БО ИНСОВУ ГИРОМӢ ҚУД ҚАЗОВАТ КУНЕД КИ ИН ГУФТҲОИ ИН ДОНИШМАНДАКҲО ВОҚЕИАНД Ё КИНАҶУЁНА?

"Академия мусалахи илмхои Точикистон" акнун боз як органи тафтишоти дар ватан.)))

Шустрый
Ана суд кардани озод сухан мегуфтагихо осон шуд, якта камисия аз академияи улум кор тамом.

ОФАРИН БА БАРОДАР ЮСУФ МАН 100 ФОИЗ ХАМФИКРИ ШУМОЯМ... 99 ФОИЗИ МАРДУМИ МО МУСАЛМОНЕМ ИН ЧОР БО ДАСТГИРИИ КОФИРОНИ БЕРУНА 22 СОЛ БОЗ АЗ МЕХНАТИ МО ХУРДА ХОБАНД БОЗ БАР ЗИДДИ ИН МАРДУМИ МАЗЛУМ ГАП МЕЗАНАНД....
ОЗОДАГОН БЕКАМУ КОСТ ОЗОДОНА НАШР КУНЕТОН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)