Бахшҳо
27 дек 2014 09:31Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Намояндаи Кумитаи амният гуфт, ҷуброни зарар ба Шаҳболро Усмоналӣ Ғайратов пардозад

Зоиршо Назиров, намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зимни мурофиаи навбатии даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда барои рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ аз ин ниҳод, аз додраси парванда хост, ин даъво рад карда шавад.

Ин дар ҳолест, дар мурофиаи нахустин, ки 24 декабр дар Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе баргузор шуд, Назиров изҳор дошт, зарари моддиро хоҳанд пардохт. Хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз сарраёсат 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб кардаанд.

Хабарнигори “Озодагон”, ки ҷараёни мурофиаи рӯзи 26 декабрро мушоҳида мекард, хабар дод, Зоиршо Назиров гуфтааст, дар расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол - куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 гунаҳкоранд. Ӯ дархост карда, онҳо дубора ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд. Зоиршо Назиров ҳамчунин аз додрас хост, масъалаи хароҷоти маблағе, ки барои табобти Шаҳбол дар Русия сарф шудааст, бо ташхисҳои гузаронидашуда, “дида баромада шавад”. Аммо Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев баъд аз анҷоми мурофиа дар суҳбат ба “Озодагон” дархостҳои Зоиршо Назировро беасос хонда гуфт, “дар маҷмӯъ харҷи табобати зерҳимояаш ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ҳамагӣ 97 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ӯ дар ин бора аллакай расман ба додгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод кардааст”.

Гулчеҳра Холматова иброз дошт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон барои ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ нисбат ба зерҳимояаш, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷавобгар аст: “Дар моддаҳои 1083, 1804-и Кодекси граждании Тоҷикистон чунин муқарарот пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби муассиса ҷуброн пардохт мегардад”.

Раисикунадаи мурофиаи додгоҳӣ то рӯзи душанбеи 29 декабр танаффус эълон кард. Дар мурофиаи навбатӣ баъд аз баромади айбдоркунандаи давлатӣ масъалаи қабул гардидан ва ё нагардидани дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ мегардад.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латтукӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.

19 июни соли ҷорӣ Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)