Муттаҳамон дар куштори ронандаи таксиро ба Душанбе овардаанд
Илдар Сахапов ва Федор Басимов, сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар куштори Раҳимҷон Тешабоев, як ронандаи таксӣ муттаҳам мешаванд, дубора ба Душанбе оварда шудаанд.
Ин ду сарбоз моҳи октябр барои ташхиси низомӣ ба Екатеренбург интиқол шуданд. Гуфта мешуд, шояд аз нигоҳи равонӣ маризанд, аммо пайвандони Раҳимҷон Тешабоев ба Радиои “Озодӣ” гуфтаанд, хулосаи тиббии нишон додааст, мушкили равонӣ надошта, солим ҳастанд.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон куштори Раҳимҷон Тешабоев, сокини шаҳри Душанбе, 19 августи соли ҷорӣ дар лаби кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ иттифоқ уфтодааст. Сарбозон аз ин ронандаи тоҷик қарздор буда ва барои пас нагардондани он, ӯро ба қатл расондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |