Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:13

ВИДЕО: Исмоил Талбаков дар бораи "ҷанҷоли ҳизбӣ" ва номзадҳои интихоботии ҲКТ

27 декабр 2014, 12:40

Шодӣ Шабдолов, райиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар садри феҳрасти интихоботии ҳизбаш аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ қарор гирифт.

Дар анҷумани пеш аз интихоботии ҲКТ, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, зикр шуд, баъд аз ҷаноби Шабдолов, муовини ӯ - Исмоил Талбаков қарор дорад. Ин ду нафар ҳоло низ дар парлумони Тоҷикистон намояндаи мардумӣ ҳастанд. Аммо Ҷаббор Ахмедов, райиси ҳизби коммунист дар вилояти Суғд ба номзадии Исмоил Талбаков эътироз карда, хостори аз зинаи дуюм лағв кардани он шуд. Ӯ баъдан бо нишони эътироз толорро тарк намуд. Ба дунбол Шодӣ Шабдолов масъалаи аз узвияти ҳизб хориҷ кардани Ахмедовро ба миён гузошт. Дар пайи овоздиҳӣ 76 нафар ба ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод раъй доданд.

Хабарнигори “Озодагон”, ки дар анҷуман ҳузур дорад, мегӯяд, коммунистҳо дар маҷмӯъ 14 нафар, бо шумули инчунин Мирзонаҷот Наботов, Мубинҷон Маҳмудов, Заррагул Мирҳасанова ва Гулчеҳра Ёрматова, Сулҳия Султонова, Абдулло Ҳабиров, Алишер Шарипов, Сафаргул Давлатёров, Маҳмадалӣ Одинаев, Ихтиёр Ашӯров, Нурулло Шулашов ва Меҳроҷ Абдуллоевро номзад ба интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ кардаанд.

Исмоил Талбаков дар бораи бигумагӯ дар анҷуман ва номзадҳои ҲКТ ба интихоботи парлумонӣ




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Коммуна

  • 27 декабр 2014 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сарфу харчи бехуда,намоиши бепул.Бовар кунед ман дар интихоботи соли 2010 нозир будам.дар участкаи интихоботие,ки ман нозир будам ба хизби комунист танхо 8-нафар овоз дода буданд халос.
Посух додан
  • был

  • 27 декабр 2014 19:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Коммуна,
Ба ххдт чи кадар
Ба хнит чи кадар
Посух додан
  • П.Морозов

  • 29 декабр 2014 07:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Коммунистох аз гузаштаи худ хеч сабак нагирифтанд. Дар вучуди онхо шахспарасти, яккахукумрони хамсафари акидаи хаётии онхо буд. Бардошти акидаи шахси дуюм ва тахаммули ба он хеч вакт вучуд надошт. Хулас, ин сабаби аз байн рафтани онхо щуд. Чи хеле ки Маркс гуфта буд"Шабахе дар Европа гаштосесос ин шабахи Коммунизм аст" ва ин шабах дар Осиёи Маркази аз гашту гузор мондесос ва дар холи фаност.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!