Бахшҳо

ВИДЕО: “Мардуми мо ғамхорӣ ба занро бо назорат аз болои зан омехта мекунанд”

Алишер ЗАРИФӢ

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши муноқишаву азҳампошии хонаводаҳо, хушунату зуроварӣ нисбат ба занҳо дар заминаи рашки зиёд дар оила изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд, барои пешгирӣ аз ин мушкилот бояд корҳои зиёде амалӣ шавад.


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯяд, вақтҳои ахир бекор кардани ақди никоҳ миёни зану шавҳар дар пайи бадгумониву нобоварӣ ва рашки барзиёд афзоиш ёфтааст. Марзия Саидзода, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар заминаи рашк, хусусан ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад, ки сари ин масъала бояд диққати махсус дода шавад. Хонуми Саидзода мегӯяд, гаравидани ҷавондухтарон ба шабакаҳои интернетӣ рашки бархе аз ҳамсаронашонро ба вуҷуд оварда, ин ҳолат ахиран ба баҳсҳои додгоҳӣ ва ҷудошавии онҳо сабаб мешавад: “Мо диққат медиҳем, ақду никоҳҳое, ки баъди соли 2010-ум баста шудаанд, чунин ҳолатҳои ҷудошавӣ хеле зиёданд, ҳаст ҳолатҳое ки ба воситаи интернет занҳои ҷавон бо касе ҳамсуҳбат мешаванд, шояд онҳо дар ҳақиқат ягон хел муносибат надошта бошанд, ҳамдигарро ягон бор надида бошанд ё бо ҳамдигар СМС менависанд, ки чунин ҳолатҳоро шавҳарҳояшон муайян мекунанд ва ин асос мешавад барои вайрон шудани оилаҳои ҷавон. Айнан чунин ҳолатҳо нисбати мардҳо низ ҳаст, ки онҳо тавассути интернет бо дигар духтарони ҷавон гуфтугӯ мекунанд ва ҳамсаронашон аз суҳбати онҳо пай бурда, рашк мебаранд ва ин сабаб мешавад барои бекор кардани ақди никоҳ”.

Марзия Саидзода таъкид намуд, дар заминаи рашк оилаҳое, ки дар ҳоли аз ҳам ҷудо шудан ҳастанду мехоҳанд никоҳашон қатъ гардад, ба онҳо барои оштишавӣ мӯҳлат медиҳанд, таъиноти хусусӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ирсол менамоянд, то барои пойдории оилаҳо кумита низ мусоидат намояд. Ин кор агар дар баъзе ҳолат натиҷа диҳад, баъзан натиҷае намедиҳад ва оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Фирӯза, як хонуми 31 солаи тоҷик, ки ҳамсараш нисбати ӯ бадгумониву рашк карда, баъди ҷанҷолҳои зиёди хонаводагӣ аз ҳам ҷудо мешаванд, иброз медорад, бидуни ягон далел, доимо ҳамсараш нисбаташ ракшу бадгумонӣ мекарду пайваста мавриди латту кӯб қарор медод. Номбурда мегӯяд, ҳарчанд соҳиби маълумотӣ олӣ буд, вале шавҳараш аз ракши зиёд иҷозаи кор карданро ба ӯ намедод: “Ӯ ҳар вақт, ки ба хона меомад, як чизро баҳона карда маро мезад. Бисёр вақт мегуфт, дар набудани ман назди касе рафтаӣ, куҷо будӣ, назди кадом марде будӣ ва маро латту кӯб мекард. Хеле бадгумон буд, гапҳои ӯ маро дар ҳайрат мегузошт, ки чаро чунин мегӯяд, ҳарчанд азоб буд, лекин мақсади зиндагӣ кардан доштам, ягон бор назди касе шикоят накардаам. Дар асл боре бе иҷозати ӯ аз хона набаромада будам. Мумкин ӯ худаш бо ман дигар зиндагӣ кардан намехост”.

Бархе соҳибназарон мегӯянд, ҳарчанд, занҳои тоҷик дар баъзе оилаҳо дар пайи рашки мардҳо мавриди хушунату зуроварӣ қарор гиранд ҳам, вале барои нигоҳ доштани оила то ҳадди имкон тоқат намуда, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Марям Давлатова, шореҳи масоили гендерӣ мегӯяд, масъалаи рашк миёни хонаводаҳо печидагиҳои зиёд дошда, яке аз сабабҳои он вобастагии зани мазлум аз хушунатгар аст. Ба қавли Марям Давлатова, аксари занон оиларо ҳифз кардан мехоҳанд, ҷойи рафтан надоранд ва бешавҳар мондан намехоҳанд, бино бар ин кам ба назар мерасад, ки онҳо нисбат ба шавҳари худ ба мақомот шикоят баранд. Ӯ меафзояд, шикоят кардан ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ метавонад боиси хонавайронӣ шавад, баъдан мардони хушунатгар занонро сахт метарсонанд, то шикоят накунанд. Номбурда иброз медорад, дар кишварҳои пешрафта кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа нисбат ба масъалаи зулм болои занҳо, аз ҷумла дар заминаи рашк назару муносибати дигар доранд, оштинопазиранд, вале дар Тоҷикистон чунин ҳолат дигар аст.

Хонум Давлатова мегӯяд, хушунат вобаста ба масоили иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон меафзояд, вале ҷомеа онро ҳамчун меъёри зиндагӣ қабул дорад: “Кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки аксар мардон ҳастанд, ҳангоми муроҷиати зан ба онҳо, аз нигоҳи равонӣ ҷонибдори марданд, ҳассосияти гендерӣ надоранд. Атрофиён, ҳатто баъзан наздикон ин масъаларо хоси оила медонанд ва дахолат карданро ба худ раво намедонанд ё тарзи дурусти рафторро дар чунин ҳолат намедонанд. Ҳол он ки агар ин масъала сари вақт дуруст баррасӣ шавад, оилаҳоро аз ин дард раҳонидан имконпазир аст”.

Ба гуфтаи ин мусоҳибамон, рашки беасос ва маҳдуд намудани фаъолияти инсон яке аз шаклҳои хушунати гендерист, зеро инсон аз руйи нишонаи ҷинс, яъне, ба хотири зан буданаш ба он гирифтор шудааст: “Яке аз сабабҳои умда таҳрифи фармудаҳои Ислом дар ҷомеа мебошад. Мутаассифона мардуми мо ғамхорӣ ба занро бо назорат аз болои зан омехта мекунанд. Сабаби равонии рашк аз диди мутахассисон нобоварии шахси рашккунанда ба худаш аст, ки онро дар шакли рашк зоҳир мекунад. Хоҳ мард ва хоҳ зан агар нисбат ба худ эҳтирому эътиқоди кофӣ дошта бошад, рашкро идора карда метавонад ва имкон намедиҳад, кор ба хушунат омада бирасад”.

Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба онҳо бештар занҳо муроҷиат мекунанд, ки дар заминаи рашки ҳамсарашон мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Номбурда мегӯяд, шикоятҳо дар мавриди рашк аз ҷониби мардҳо низ дида мешавад: “Яке аз сабабҳои сар задани муноқишаҳои оилавӣ ҳамин рашк мебошад. Занҳо муроҷиат карда, мегӯянд, шавҳарашон рашк мекунанд, кор кардан намемонананд, рашк карда барои дигар кардани намуди зоҳирӣ маҷбур мекунанд. Мардҳо низ шикоят мекунанд, ки ҳамсарашон дар мавриди истифода телефонҳояшон беасос рашк мекунанд. Дар маҷмӯъ дар заминаи пайдо гардидани рашк занҳо мавриди хушунат, латту кӯб қарор гирифта, ҷароҳат низ мебардоранд”.

Ин масъули Кумитаи кор бо занон қайд намуд, вақте аз тарафи зан ё мард дар заминаи рашк муроҷиат мешавад, онҳо ба ҳарду ҷониб суҳбатҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, талош мекунанд пошхурии оилаҳоро пешгирӣ намоянд: “Дар назди кумита Маркази боварӣ ба фардо таъсис шудааст, ки нҳо низ машғул мешаванд, он ҷо равоншиносон ҳастанд, пеш аз ҳама ҳолати руҳии зан ва ё мардро ором мекунанд, чун вақте одам ба рашк бисёр гирифор мешавад, рашк ҳам як намуди беморӣ аст, ки табадулоти руҳӣ дар ботини инсон ба вуҷуд меояд, бино бар ин аввалан равоншиносон кор мекунанд бо чунин нафарон ва баъдан барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ корҳо бурда мешавад”.

Ба қавли Маҳбуба Азимова, барои ҳалли масъалаи пошхӯрии оилаҳо дар заминаи рашк имрӯз ҷомеаи мо ба беҳтарин равоншиносон ниёз дорад. Ӯ мегӯяд, зарур аст дар донишгоҳҳо факултаҳои равоншинсӣ кушода шавад, ки мо равоншиноси беҳтарин дошта бошем, то барои ҳолати руҳии одамон мусоиат кунанд: “Агар дар оила якдигарфаҳмӣ бошад, боварӣ нисбати ҳамдигар бошад, эҳтиром бошад, фикр мекунам рашк ҳам кам мешавад. Ҳатто ҳолатҳое шудааст, ки мо кӯшиш намудем барои ба созиш омадани зану мард, вале рашк мутаасифона боиси ҷудо гардидани хонавода гаштааст. Барои баланд бардоштани маърифти оиладорӣ, маърифати ҳуқуқӣ имрӯз дар назди бахши кор бо занон ва оилаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳру навоҳӣ аз ҷониби Кумита 110 марказҳои машваратӣ кушода шудааст”.

Бояд зикр намуд, бадгумонӣ ва раванди афзоиши рашк миёни бархе аз хонаводаҳо имрӯз на танҳо сабаби хушунату парокандашавии оилаҳо, балки ба як ҳолати ваҳшиёна ба қатл расонидани ҳамсари худ табдил ёфтааст. Мисоли ин гуфтаҳо, дар миёни 3 рӯз дар заминаи рашк ба таври ваҳшиёна кушта шудани ду зан аз ҷониби шавҳарашон шуда метавонад. Санаи 11 октябри соли равон дар ноҳияи Хуросон Ашӯр Баротов, сокини 28-солаи ин ноҳия, дар хонаи хушдоманаш, воқеъ дар шаҳраки Оби киики Хуросон ҳамсари 26-солааш- Шарифа Бобоеваро ба воситаи табар аз гулӯяш се маротиба зада, ба қатл мерасонад. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин куштор дар заминаи рашк сурат гирифта, далели шайъӣ мусодира гардида, тафтиш идома дорад. Додгоҳи ноҳия Хуросон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки вобаста ба ин ҳодиса нисбат ба Баротов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло дар баррасии додгоҳи вилояти Хатлон қарор дорад.

Ду рӯзи пеш аз ин ҳодиса як сокини 27-солаи шаҳраки Ғафурови вилояти Суғд дар заминаи рашк ҳамсари 23-солаашро ба қатл расонда буд. Мақомоти умури дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, дастгиршуда Сироҷиддин Баҳромов, ки дар гузашта низ барои дуздӣ маҳкум шудааст, дар назди бозори "Фаровон"-и ноҳияи Ғафуров ҳамсараш Холида Остоноваро баъди латту кӯб, 4 бор корд задааст: “Дар натиҷа ин зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз руҳониёни тоҷик мегӯяд, аслан дар табиати ҳар инсон рашк вуҷуд дорад, вале Ислом мухолифи рашки бемаънӣ, беасос ва рашке, ки боиси куштор ва ё парокандашвии хонаводаҳо мегардад, мебошад. Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, аз нигоҳи Ислом рашк ба ҳамин маънӣ аст, ки инсон барои аҳли хонаводаи худ, барои наздикон ва хешу табораш як номусе дошта бошад, ки таъмингари покии ифати зану фарзанди худ шуда тавонад: “Ислом тарафдори ин гуна рашк аст, на ин ки як рашки ҷоҳилона, ки ба ҳар баҳона рашкро пеш оварда ҳамсари худро мавриди латту кӯб қарор диҳад. Рашк дар қаҳру ғазаб бояд инъикос наёбад, балки тавассути он усули дурусти зиндагӣ ба роҳ монда шавад. Агар рафту бадгумоние пайдо шавад, аз тариқи додгоҳ беҳтар аст ҳал кунанд ин масъаларо”.

Ба гуфтаи Зубайдуллоҳи Розиқ, барои пароканда нашудани оилаҳо дар заминаи рашк бояд миёни насли ҷавон тарбия дуруст ба роҳ монда шуда, насли ҷавонро на дар асоси фарҳанги бегона, балки тибқи фармудаҳои дини мубини Ислом ва тибқи фарҳанги миллии худ тарбия кардан лозим аст.
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, дар баъзе оилаҳо қонунҳои Ислом таҳриф нашавад ва агар ҳамон тавре, ки аст истифода гардад, мушкиле пеш намеояд: “Вале дар мо аслан нафароне ҳастанд, ки таълимоти Исломиро хуб намефаҳманд ва тибқи фармудаи Ислом не, балки дар асоси фармудаи таълимоти бегона зиндагӣ мекунад, ки чунин мушкилот, сабаби ҳар гуна рашку бадгумониҳо шуда, хонаводаҳоро аз ҳам ҷудо мекунад”.

Равоншинос Зарина Кенҷаева мегӯяд, рашки аз ҳад зиёд нишони дӯстдориву муҳббат набуда, балки як беморист, ки метавонад поёмадҳои нохуберо ба бор биёрад. Номбурда мегӯяд, аз рӯи метод ва баъзан хулосаҳои равонӣ гуфта метавонад, ки рашк ҳам меъёр дорад ва зиёд шудани он баръакс нишони нобоварӣ нисбати ҳамдигар аст: “Бубинед, масалан марде занеро ба ҳаде дӯст медорад, ки ҳамеша рашку ҳасад мебарад, аммо аз рашки зиёд ҳолате ба миён меояд, ки бечунучаро аз вай ҷудо мешавад. Ман шоҳиди он ҳастам, ки зане ба мо муроҷиат карда, гуфт, шавҳараш хеле зиёд нисбаташ рашк доштааст ва ахиран ӯро бо фарзандонаш партофта меравад, акнун ин чи хел муҳаббат будааст? Рашк худ ду зина дорад - рашки кам, ки нишони муҳаббат аст ва рашки аз ҳад зиёд, ки нишонаи нобоварист”.

Хонум Кенҷаев мегӯяд, дар заминаи рашк куштор содир намудан, аз ҳолати бемории чунин афрод гувоҳӣ медиҳад: “Дар сурати муроҷиат кардан, равоншиносон метавонанд ҳолати руҳии онҳоро муайян карда, кӯмак кунанд, ҳар қадаре, ки дер шуд, душвор мешавад”. Сироҷиддин Мирзоеви 46- сола мегӯяд, аслан рашк дар фитрати ҳар мард ҳаст, аммо шариат шубҳаву гумони аз ҳад зиёд нисбати занро манъ мекунад, зеро ҷосусиву шубҳаи аз ҳад зиёд нисбати зан, бидуни ягон асосу далел метавонад боиси аз байн рафтани муносибатҳои неки зану шавҳар ва ҳатто хонавайронӣ гардад: “Аммо мард ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқ надорад занашро дар заминаи рашк ба қатл расонад. Оне ин корро мекунад, ки аслан дониши казоие аз Ислом надорад ва намедонад қатл яке аз гуноҳҳои кабира ва ҷазои сангине дорад. Агар мард воқеан далели мӯътамаде дошта бошад, ки занаш ба ӯ хиёнат мекунад, метавонад аз ӯ ҷудо шавад ва ё агар тавба кунад ба сӯи ӯ бозгардад. Заминаҳо барои пайдо гардидани рашки мардҳо нисбат ба занҳо гуногунан, аз ҷумла аз байн рафтани боварии мардон ба занони худ бинобар омилҳои объективӣ ва субъективӣ, аз ҷониби худи занҳо воқеъ шудани заминаю асос барои шубҳа пайдо кардани мард”.


Назарпурсии "Озодагон": Шумо рашк доред?

Мӯҳр
Devjon
alesher in mavzui jenskiro az kujo yofti

Вокеан ин мавзуъ чои нигарони дорад. Сарлавха хело диккатчабкунанда. Ба ин мавзуи печ дар печ ва пурсарусадо посухи кутоху дакик медихад. Мардони мо гамхори нисбати занро дар хамон назорату хукмрониву рашку хасад мебинанд

Ассалому алайкум! Бобой Домулло Худованд аз Шумо рози бошад, ки як ҷумлаи ҳақро гуфтед: барои пароканда нашудани оилаҳо дар заминаи рашк бояд миёни насли ҷавон тарбия дуруст ба роҳ монда шуда, насли ҷавонро на дар асоси фарҳанги бегона, балки тибқи фармудаҳои дини мубини Ислом ва тибқи фарҳанги миллии худ тарбия кардан лозим аст.
Воқеан ҳам ҳамин аст. Чаро ҳукуматдорони мусалмони мо ин гӯна масоилро руи даст намегиранд аз дидгоҳи ислому паст задани муллоҳову ҷашн гирифтани соли навиро даст мегиранд???? Воқеан ҳам агар ҷавоне аз дидгоҳи ислом ҳукму аҳкоми хонадори донад, ба ин дараҷа оилапоши ба миён намеояд. Роҳу равишии исломиро ҳамаашро бастаед, хостори кушодани бахшҳои равоншиносӣ шудаед. Хуб, имрӯз, ки ҳукумат дар дастатон аст, аз Худо натарсида ҳарчи мехоҳед, кардан гиред, мебинед чи қадар фоидае ба мардум меорад. Ва ё баракс мешавад. албатта, ки боз ҳам муҳтоҷи олимони ислом мешавед!!!

Mansur
Мавзуи дог! Дар чомеае, ки фахш ошкоро шавад (дар чамъият, интернет, телефон ва г) рашки кушанда, махвкунанда ва рашки нобовар ба авчи аълои худ мерасад. Рашк дар хар инсон бояд бошад, аммо ба андозаи мухаббату дустдори. Лекин дар чомеаи имрузаи мо нобоварию бадгумони ва рашки дуругин хам аз чониби мардон ва хам занон ба чашм мерасад. Дар чомеаи исломи зан бояд иффат ва покии худро нигох дорад ва аз корхое, ки шавхараш мухолиф аст, даст кашад-ба хотири пароканда нашудани оила. Рохи ягонаи халли инчунин мушкили шояд ин бошад, ки чавонон кабл аз хонадор шудан, бояд шарту шароити зиндаги якчоя, хислату характер ва дигар хусусиятхои хамдигарро донанд,лекин дар доираи шариат. Хамчунин баланд бардоштани маърифати хонадори.

Рохила
Рашк ин Шубха ва Нобовари байни марду зан дар муносибати якдигар аст. Агар аз ду чуфт якеро маърифаташ паст бошад, дуюмин албатта ранч мекашад.

Маликаи Аваз
Рашки бехуда албатта сабаби вайроншавии оилахо мегардад. Новобаста аз он ки оилахо чавонанд ё не. Рашк як доираи муайяни худро дорад. Вакте, ки дар нафаскашиву сухангуи рашк эхсос шавад албатта ин рашк нест ин бемори аст. Аслан бисёрии занонро медонам, ки ба шавхарони худашон, ки дар корхонае фаъолият доранд рашки бехуда мекунанд. Ба хадде, ки телефонхояшонро мебинанд, ки ки занг задааст ё онхо бо ки хамсухбат шудаанд. Ин комилан хато аст. Инсоне, ки дар доирае фаъолият мекунад хохад нахохад бояд бо зану мард хамсухбат бошад. Ба инхо дохил мешаванд хамкорон, дустон ва нафароне, ки мо дар давоми руз корамон меафтад. Албатта ба ин рашк кардан билкул хато аст. Хам мардхо ва хам занхо бояд фархангро аз оилаи худ сар кунанд. Ба оилахои худ фахмонанд, ки ин чамъият аст вакте мо дар доирае кору фаъолият мекунем хохем нахохем бо мардуми зиёде хамсухбат мешавем хох зан бошад хох мард. Агар инро хамсарон рашк кунанд пас хам мардоне, ки занхояшон бадрашканд ва хам занхое ки шавхаронашон бадрашканд пас бояд дар хона нишинанд.

СУЛАЙМОН
РАШКИ БО МАВКИЪ АЗ АЗ ИМОН АСТ САД ХАЙБ БА ЧАВОНОНЕКИ МЕГУЯН РАШК НАДОРЕМ

Матлуба
Рашк як доираи муайяни худро бояд дошта бошад. Рашки беасос ба он оварда мерасонад, ки зан ё мард хонагурез мешаванд. Хастанд баъзе занхое, ки беасос мардхои худро рашк мекунанд. Телефонхояшонро тафтишмекунанд ва намегузоранд, ки бо телефон хам онхо ба касе гап зананд. Агар хамкорашон хам бошад. Чунин занхо бояд фаромуш накунанд, ки мард дар чамъият кор мекунад ва дар ихотаи марду занхост. Барои он ки занаш бадрашк аст у наметавонад хатто бо кори зарури корхона ва ё чизи дигар бо зани шиносаш сухбат намояд. Чунин занхо аз худашон бовар надоранд. Барои хамин рашки бехуда мекунанд. Инро ман аз нигохи занонаам мегуям. Чунки бисёр мардхои шиносам аз чунин муносибат бо хамсаронашон меноланд. Хаминро бояд гуфт, ки чунин мардон бояд мавкеъи мардии худашонро дар оила дошта бошанд. Ва ба хамсаронашон фахмонанд, ки на хамаи занхо барои ишкварзи бо мардхо сухбат мекунанд. Вакте, ки дар идорае фаъолият дошта бошем хохем нахохем бо хамкорон бояд дар тамос бошем. Ин зиндаги аст. Ин маънои онро надорад, ки зане бо онхо дар бораи коре хамсухбат шуд даррав маъшукаи онхо мешавад. Албатта ин барои зане, ки маърифат надорад бефоида аст. Вале ба хар хол мард бояд дар оила мавкеи марди дошта бошад. Ва хамсараш уро эхтиром намояд.

Анис Орипов
салом арз дорам ба кулли хонандагон
ман метавонам бо апаи Марям Давлатова сухбат намоям бо масьалахои оилави

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)