Фармони вазир барои кори шабонарӯзии шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо судури як фармон дар шӯъбаҳои шиносномадиҳии кишвар навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ҳадаф аз ин иқдом таъмини фаврии шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ мебошад: “Аз он ҷумла дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ низ навбаттдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ шудааст.”
Инчунин Раҳимзода ба тамоми хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои он супориш додааст, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро омода сохта, ба шаҳри Душанбе барои барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ (биометрӣ) ирсол намоянд.
Ин фармон дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2015 муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ва сафар ба дигар давлатҳо танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |