Бахшҳо

“Қафқозиҳо моҳирона тоҷиконро ба ҷангҳо ҷалб мекунанд”

Худойбердӣ Холиқназаров, собиқ вазири умури хориҷӣ ва раиси феълии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон имрӯз, 5-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид намуд, гароиши ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротию ҷангҳои бегонаҳо ниёз ба омӯзиш дорад.

Холиқназаров ифротгароии ҷавононро аз масоили мубрами рӯз дар Тоҷикистон хонда, таъкид намуд, тоҷикон ба ҳаракатҳои ифротӣ асосан дар Русия ҷалб мешаванд. Ӯ афзуд, технологияи ҷалби тоҷикон ва дигар миллатҳо ба ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ" дар Русия хеле моҳирона роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ дар раванди ҷалби тоҷикон ба ифротгароӣ дар Русия асосан қафқозиҳо даст доранд. Ӯ илова намуд, бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон таҳияи Консепсияи мубориза бо ифротгароӣ дар назар аст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон беш аз 500 шаҳрванди кишвари мо дар ҷангҳои бегонаҳо иштирок доранд, ки то ҳол беш аз 50 нафарашон кушта шудааанд. Мақомоти тоҷик махсусан бозгашти ин ҷангҷӯёнро мояи нигаронӣ мехонанд, ки метавонанд дар Тоҷикистон низ нооромӣ ба бор оранд.
Мӯҳр
Ватан
Хукумати Точикистон бояд Раисони шахру нохияро вазифадор кунад, ки хар мохе хисоботи дуруст ва дакикро оиди ба кор чалб кардан чавононро пешниход кунанд. Чи корхоро анчом доданд то ки раванди мухочирати мехнатиро кам намуданд. Кадомаш, ки аз ухдаи бунёди чоийхои нави кори барои чавонон набароянд, вазифаро супоранд. Раис, Кор ва Коркун мул дар ватан, факат кордон ва корфармо намерасад.

п
Рафик Худойберди

Дап Россия чалб шудани точикион ин сабаб нест. Сабаб ба Россия рафтани точикон - мардуми бесохиб - аст. шумо бехраташ гуед, ки хукумат чи накша дорад то чавононро дар ватан бо кор тахмин намояду ба Россия рафтани онхо монеъ шавад? Кафкозихоро аралаш накунед.

Чавононро хукумат бояд! бо кор дар дохили кишвар таъмин намояд!!! ва ин проблема баъд бо як парзадани мижа аз байн меравад. Ин аксиомаи соддаро боз чи тавр соддатар карда ба макомотдорон фахмонем???

Шавкат
Агар усули суханронии як таҳлилгари боломақоми кишвар ҳамин бошад, баъд аз масулини поёнӣ чӣ гилла мекунӣ. Баробари суханронӣ сар то сар миллатро таҳқир мекунад. Гуё ин миллат то ҳадде бесаводу саргум бошад, кӣ ким кадом қафқозӣ моҳирона фиреб мекардааст. Пас агар чунин ҳам бошад чаро кушиш доред то мардуми кишвар аз саводи динӣ дур шаванд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)