Бахшҳо

ҲНИТ сухангӯяшро дар парлумон дидан мехоҳад

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ин ҳизб дар ҳавзаи интихоботии рақами 31, ноҳияи Қумсангир номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешбарӣ шудааст.

Тавре аз дафтари матбуоти ҲНИТ ба “Озодагон” хабар доданд, номзадии Файзраҳмонов дар конфронси интихоботии ин ҳизб рӯзи 5 январ дар ноҳияи Қумсангир пешбарӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин конфронс аз 53 вакили бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликул, Ҷалоиддини Румӣ, Қумсангир ва Панҷ 50 нафар иштирок дошта, бо як овоз аз пешбарии оқои Файзраҳмонов ҳамчун номзад ба вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳимоят кардаанд.

Файзраҳмонов, ки ҳоло ҳамчун сухангӯи раиси ҲНИТ кор мекунад, 5 майи соли 1976 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада, фориғуттаҳсили Донишгоҳи байналмилалии исломии шаҳри Исломободи Покистон мебошад, ки бо номи "Файсал" машҳур аст. Номзади илм дар риштаи динҳои ҷаҳон буда, бо забонҳои арабию англисӣ ва урду озод ҳарф мезанад.

Ӯ дар гузашта дар мақомҳои гуногун дар ҲНИТ, аз ҷумла ба ҳайси сардабири торнамои расмии ин ҳизб аз соли 2011 то декабри соли 2013 фаъолият кардааст.
Мӯҳр
Бародари азиз салом. Шумо барои мардум чи хизмат карден ки ба хайси номзад дар интихоботи парлумони иштирок мекунед?? Хубтараш ба тарбия машгул шавед. Дар покистон мо медонистем ба чи кор машгул будед. Ва чи мушкилот доштед.

Дехконбача
халим,
Халимчон и мега ма барои мардум ягон кор накадам Галатой

муҳочир
БА ҲАЛИМ ШУМО АЧОИБ ОДАМ ҲАМИН ВАКИЛҲОИ ҲОЗИР ДАР ПАРЛУМОН ҲАСТАН ЧИ ХИЗМАТЕ БА МАРДУМ КАРДАН ЧАВОБ ДЕҲ КАДОМ ВАКИЛРО МЕДОНИ КИ БА ЗАБОНИ АНГЛИСИ ОЗОД ГАП ЗАНАД ИН БАРОДАР МАҲМУДЧОН БО 3 ЗАБОН ОЗОД ГАП МЕЗАНАД МУМКИН БА МАРДУМ ХИЗМАТАШ РАСАД

Олим шудан осон аммо одам шудан қин. Ин суханони ман ба сухангуи ҲНИТ дахл дорад.

Рудак
Мухочир, донистани якчанд забон ин маънои онро надорад, ки шахс куллаи бузургеро дар кишвараш фатх кардааст. Дар Точикистон забони Точикиро ба мисли Чаноби Оли бояд харф зад, то ки ба хама бошандагони Точикистон фахмо бошад. Донистани забонхои бисёр барои тарчумонон ва мутахассисони сохаи забон лозим. Барои Точик донистани забони Рудаки ин кулфкушои хама дардхо ва камбудихо.

МУҲОЧИР
БА РУДАК МАН ИНРО МЕДОНАМ КИ ЧАНД ЗАБОНРО ДОНИСТАН ИН ШАХС КУЛЛАИ БУЗУРГЕРО КАШФ КАРДАА БОШАД МАН МЕДОНАМ КИ ИН БАРОДАР МАҲМУДЧОН ОЗОД БО ЗАБОНИ ТОЧИКИ ФОРСИ АЗ ШУМО ХУБТАР ҲАРФ МЕЗАНАД ЧУНКИ АЗ ТАМОМИ ШОИРОНУ КЛАССИКИ ГУЗАШТА БАРХУРДОР АСТ АГАР ХОЗИР АЗ ТАРАФИ ҲИЗБИ ҲОКИМ БА ВАКИЛИ БА ПАРЛУМОН ПЕШБАРИ МЕШУД ҲАЗОРҲО РЕКЛОМ МЕКАРДАН КИ ЧАНД ЗАБОН МЕДОНАД ВА ҲОКАЗО ******

Рудак
Мухочир, барои Точик дар парлумон хамин шабу руз мутахассисони сохаи иктисод, мухандис- технолог, хукушинос ва Тиб лозим. Агар зарурати тарчумони забонхои араби, урду бошад, шояд Махмудчона ба хайси тарчумон даъват намоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)