Бахшҳо

Чин ба ивази Маркази гармидиҳӣ 2 кони тиллои Айниро гирифтааст

Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба ивази бунёди Маркази гарму барқдиҳии 2-юми Душанбе ширкати «ТВЕА»-и Чин кон талаб кардааст ва ҳукумати Тоҷикистон низ розӣ шудааст.

Ҷумъазода имрӯз, 6-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи хуби кори ширкати ТВЕА-ро дар кишвар ба назар гирифта, конҳои Кумарғи боло ва Дуобаро ба ихтиёри ин ширкати чинӣ гузоштааст. Манбаъ гуфт, ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир буда, захираи тилло доранд. Ба иттилои манбаъ то ҳол ширкати ТВЕА дар қисмати Дуоба захираи 24 тонна тиллоро муайян кардааст ва дар минтақаи Кумарғи боло омӯзишҳо идома доранд: "Ин ширкат то соли 2017 бояд корҳои иктишофӣ-геологиро анҷом диҳад. Ҳоло дар як қисмати “Дуоба” иҷозатномаи истихроҷро гирифтааст ва ӯҳдадор шудааст, ки дар соли ҷорӣ коркардро ба роҳ монад. Корҳо дар минтақаи дигар то соли 2017 идома меёбад ва дар сурати тасдиқ шудани захираҳо, баъдан ҳукумати Тоҷикистон ба хулосае меояд, ки иҷозатнома барои коркард диҳад ё надиҳад. Чун агар захираҳои коркарди саноатӣ набошанд, ҳукумат ҳуқуқ дорад, ки иҷозатнома барои коркарди ин ё он кон надиҳад."

Раиси Саридораи геология илова намуд, ки дар маҷмуъ дар конҳои Тоҷикистон то ҳол ҳудуди 500 тонна захираи тилло муайян карда шудааст. Ба гуфтаи Ҷумъазода тиллое, ки аз ҷониби ширкати чинӣ истихроҷ мешавад, асосан дар дохили Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Миллӣ ва Вазорати молия харидорӣ карда мешавад.

Ширкати ТВЕА-и Чин, ки дар гузашта буёнди хатти интиқоли барқи “Ҷануб-Шимол”-ро ба уҳда дошту феълан сохтмони Маркази барқу гармидиҳии дуюми Душанберо идома дода истодааст. Марҳилаи аввали Маркази гарму барқдиҳии дуюми Душанбе, ки арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад, расо як сол пеш, 10-уми январи соли 2014 аз ҷониби ширкати «ТВЕА» ба анҷом расонда шуда буд.
Мӯҳр
Насим
Офарин ба ширкатхои Чини. Аз чи сабаб бошад, ки ширкатхои Точики, Руси ва Ирони аз хамин Чинихо корчалони ва корбариро намеомузанд.

точик
Дар точикистон чое намонд, км фурухта нашуда бошад, чан сол баъди дигар Хитою Росия эълон мекунанд ки точикистон моли халолашон аст.

Хамин хел додан гиред замину,конхои Точикистонро.Бисер кори хуб кардед.Офарин,

ммм
Точикамдар ватани хеш чаро муттахам аст ё хато рафта ба точик таваллуд шуданамНасим,

Додгар
Насим,
посух ба насим
далелаш ин аст ки дар будҷаи давлатии Чин ҳамасола садҳо миллион доллар ҷудо мешавад дар банди махсус барои ришва додану гирифтани тарҳҳои ҳаётан муҳим дар хориҷи Чин аммо дар дохили Чин барои ришва ва корупсия ҳукми ҚАТЛ пешбинӣ шудааст...

99
"Маркази гармидиҳӣ", не, МАРКАЗИ ДУДҒАЛА ВА АҶАЛИ МАРДУМро сохта ду кони тиллоро додем!!!

Muslim
Насим,
Ҳамин маркази гармдиҳиро бояд дар Душанбе неву инро бояд дуртар аз шаҳр месохтанд чун дуди бисёр ба мардуми шаҳр бениҳоят зарар мерасонад. Масалан мошинро тоза мекуни саҳар мебини ки чанги сиёҳ дар руяш аст. Ин сабаб мешавад,ки мардум ба ҳар хел касалиҳо дучор мешаванд... Инҳо 1 медиҳанду 10 мегиранд ин аст кори Хитойиҳо ва дигару дигараш.... recourse

88
О ба насли оянда хам як чиз ним чиз монен як марказа сохта факат сентр ба гарми дода шахра гализ карда конхои тиллоро додаанд як аз пеш халк хам гузарен.

Ман хамавакт мегуфтам, ки Точикистонро кариб хама боигарию заминхояшро фурухтаанд. Имрузхо ин гуфтахоямро тасдикашро дидаистодаам. Касби ман чунин хаст, ки бештар бо мошин байни шахрхои точикистон сафар мекунам. Ба хар кучое назар кардам ин моли Хитой Ин моли Амрико, Ин моли Руссия ва гайра. Дар хол чунин шуданист. Фардо фарзандону наберахоямон хак доранд, ки устухонхои моро аз хок беруноварда сузонанд. Мо бобохои тарсончаку потхалим будем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)