Бахшҳо

“Tagesspiegel”: Олмонро лозим аст, ҳамкории баҳсбарангезро бо Узбакистон бозбинӣ кунад

Аз аввали моҳи январи соли равон “Нерӯҳои байналмилалии кумак ба амният” (ISAF) расман маъмурияти худро дар Афғонистон қатъ мекунанд. Ҷойи онро ҳайати дигаре бо номи “Пуштибонии собит” мегирад, ки дар доираи он 12,5 ҳазор сарбоз аз 40 кишвар неруҳои амниятии Афғонистонро машвара ва омӯзиш хоҳанд дод.

Нашрияи олмонии “Tagesspiegel” менависад, ин кишвар барои иштирок дар ин ҳайат 850 сарбоз мефиристад ва пойгоҳи ҳарбии Тирмизи Узбакистонро истифода хоҳад кард. Дар ин бора 1 сентябри соли гузашта дар Тошканд қарордод ба имзо расидааст. Дар мақола омаддаст: “Аммо, ҷомеаи Олмон аз мазмуни ин қарордод иттилоъ надорад: ҳукумати Олмон ба шиддат аз гуфтани ҷузъиёти ин қарордод, ки 4 сол қабл ба имзо расидаву сентябри соли гузашта ба он тағйирот ворид шудааст, худдорӣ мекунад”.

Ба навиштаи нашрияи “Tagesspiegel”, “эҳтимолан, ҳукумати Олмон аз махфӣ нигоҳ доштани қарордоди ҳамкорӣ бо яке аз кишварҳои худкомаи ҷаҳон манфиатдор аст. Дар мақола омадааст, мудофеони ҳуқуқи башар ва мухолфини сиёсӣ ба такрор ишора кардаанд, ки дар даврони зимомдории Ислом Каримов илова бар саркӯби хунини тазоҳуроти Андиҷон, инчунин шиканҷа, саркӯб кардани мухолифин ва рӯзноманигорон ҳам дар амал аст. “Аз ин ҷиҳат, Олмонро лозим аст, ҳамкории баҳсбарангезро бо Узбакистон бозбинӣ кунад”, мегӯяд муаллифи мақола Залтсен.

Ба навиштаи ӯ, ҳукумати Узбакистон барои истифодаи пойгоҳи ҳавоиаш маблағи кам намегирад. Соли 2010 вазири дифои пешини Олмон Карл-Теодор тсу Гуттенберг, барои пардохтани 15,95 миллион евро розӣ шудааст. Дар маҷмӯъ аз соли 2002 Олмон ба Узбакистон 120 миллион евро пардохт кардааст. Ба иддао муаллиф ин маблағ барои пойгоҳи ҳавоӣ масраф нашудааст ва ба ин далел Олмон 20,4 миллион евро илова кардааст: “Аз рӯи қарордоди нав ҳоло рӯшан нест, Олмон бояд чи қадар пул пардохт кунад. Эҳтимоли кам вуҷуд дорад, ки нарх поин омадааст”, - мегӯяд Залтсен. Дар мақола омаддаст, ба иттилои расонаҳои русӣ ин бор Узбакистон маблағи зиёдтар талаб кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)