Бахшҳо

ВИДЕО: Пазироӣ ва сабабҳои пешбарии раиси Кумитаи дин ба парлумон

Абдурраҳим Холиқзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон пешбарии номзадияшро ба парлумон аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ хуш пазируфтааст.

Холиқзода, ки имрӯз, 6-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, изҳор дошт, ки вакили парлумон шудан барояш ифтихор хоҳад буд: “Фикр мекунам, сабаби пешбарии номзадии банда боварии ҳукумат, давлат ва ҷаноби олӣ аст ва парлумон яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ буда, барои ман ифтихор аст, дар парлумон – мақомоти қонунбарор ҷиҳати таҳияи роҳи қонунии давлат ва рушди ҷомеа хидмат кунам ва ҳамчун ҳуқуқшинос инро як қадршиносии фурсат барои худ медонам.”

Абдурраҳим Холиқзода, ки аз соли 2010 ба ин сӯ раҳбарии ниҳоди танзимкунандаи умури дин дар Тоҷикистонро бардӯш дорад, охирҳои моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби ҳизби ҳоким номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод шуд. Номзадии ӯ дар Анҷумани ҲХДТ, ки таҳти раҳбарии раиси он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, рӯз, 13-уми декабр пешниҳод шуда, дар руйхати 28 номзади ин ҳизб дар мақоми 10-уми қарор дорад.

Холиқзода дар гузашта ба ҳайси сардори раёсати танзими ҷашну маросим ва инчунин мудири шӯъбаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст ва замоне низ мудирии Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии кишварро низ бардӯш доштааст.


Мӯҳр
Tojik
Ба парлумоy на бо боварии ҳукумат, давлат ва ҷаноби олӣ, балки бо боварии халк бояд рафт, мухтарам хукукшинос.

Вакил
Интригабозиатонро дар Парлумон хохиш давом надихед.

Darvesh
Tojik,
Mebakhshi hozir dar Tojikiston khalq In JO ast. Hamara u hal mekunad. Shukrona kuned ...........

Мувафакият дар фаолияти оянда. Чаноби Оли намояндаи тамоми халки точикистон аст. Инро бо фахр бояд кабул кард.

Холикзода арзандатарин номзад аст. касе дар Точикистон мисли у хам сиёсат ва хам динро намефахмад. дар фаъолияти парлумониаш барор мехохем

акнун фахимдед, ки парлумон мардуми нест. шумо мехохед намехохед вакил интихобшуда аст ва аз фикрронии и н хукукшиноси варзида худ хулоса бароред. Боз мехохед ки парлумон манфиатхои мардумро химоя намояд....

Ин кас алакай ҷояш дар парламент аст чyн ки ба ин кас халқ овоз намедиҳад балки аз тарафи раҳбарони болои халқ хоҳад нахоҳад интисоб мегардад. Ақалан Тоҷики мебyд хайр майлаш мерафт тукмаҳора пахш мекард

Шахсият Холикзодаро нафароне бахогузор карда метавонанд, ки бо у хамсухбат гаштаанд. Уро юресто фанатаи илм ном мебаранд. Арзанда аст

Tojik,
Tojik,
Tojik,
Вакил,
Tojik,
Tojik,

Кумитаи динро масхара карди. Акнун дар Парлумон чи хохи кард? Он чо интихобкунандагонро гул зада гаштан мумкин аст. Ба хар хол назди Кумитаи динро бозор карди, дари даромади онро барои дастнорас шуданат басти, рафту омади мардумро тавассути дарвозаи бастаи Кумита карди. аз мардум факат гурехти. Агар Чаноби Оли аз ин рафтори ту медонист хеч гох туро барои депутат шуданат ичозат намедод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)