Бахшҳо

Номаи Шоҳиён ба Кабирӣ ва нигаронии Ҳизби наҳзат

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз эҷоди монеаҳои сунъӣ дар рафти баргузории конфронсҳои пешазинтихоботии бахшҳои худ дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ва минтақаи Рашт хабар медиҳад.

Ин ҳизби умдаи мухолифи кишвар мегӯяд, мақомоти маҳалӣ дар ин навоҳӣ аз додани толор барои баргузории конфронсҳои ноҳиявияш худдорӣ мекунанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 7 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, конфронси пешазинтихоботии бахши ин ҳизб дар минтақаи Рашт бо далели набудани толор ба таъхир афтод. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, масъулини дафтари ҲНИТ дар Рашт ҳанӯз рӯзи 2 январи соли равон аз мақомоти маҳаллии ин минтақа барои баргузории конфронси худ, ки дар он номзадии вакили хеш ба интихоботи Маҷлиси намояндагони кишварро пешбарӣ мекунанд, толор хоста буданд: “аммо имрӯз 7 январ, ки бояд конфронс соати 10:00 баргузор мегардид, масъулини ноҳия мегӯянд, бахши наҳзат бори дигар барои толор дархост фиристад. Зеро дархости қаблии ҲНИТ ба раиси пешини Рашт буда, ҳоло дар курсии ӯ нафари дигар мешинад”.

Оқои Файзраҳмонов мегӯяд, инчунин баргузоркунандагони конфронси пешазинтихоботии ин ҳизб дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ низ бо ин мушкил рӯбарӯ шуда, интизор меравад, онҳо номзади худ ба интихоботи Маҷлиси намояндагонро дар хонаи яке аз фаъолони ҳизб дар ин ноҳия пешбарӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, бахши ҲНИТ дар Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 31 декабри соли 2014 барои баргузории конфронси интихоботии хеш аз раиси ҳукумати ин ноҳия толор дархост карда, санаи баргузории конфронси худро 7 январ қайд намудаанд.

Аз ин пеш, бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир низ дар рафти баргузории конфронси пешазинтихоботии худ мушкили толорро дошт ва наҳзатиҳо маҷбур шуданд, номзади худ аз ҳавзаи рақами 33-и ноҳияро дар хонаи яке аз аъзои ҳизб пешбарӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли оқои Файзраҳмонов Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз тамоми ҳавзаҳои интихоботии кишвар дархост кардааст, бахшҳои ноҳиявии аҳзоби сиёсиро барои баргузор кардани конфронсҳои пешазинтихоботияшон бо толор таъмин карда, бо онҳо ҳамкориҳои лозимиро ба роҳ монанд.

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз дархости раҳбараш – Шермуҳаммади Шоҳиён аз масъулини ҳавзаҳои интихоботи тариқи нома ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ хабар додааст, вале ин "дастурҳо"-и КМИР дар маҳалҳо нодида гирифта мешаванд ва монеаҳои мақомоти маҳаллӣ нисбати баргузор кардани конфронсҳои бахшҳои ноҳиявии ҲНИТ дар маҳалҳо рӯ ба афзоиш аст.”
Мӯҳр
Шарофиддин
Бовар намогед хамватанони гироми аз хамин Хизби Нахзати Исломи Кимоб шудам ба хамин афсонаи якхелаашон.. Охир Дини мубини Ислом ниёз ба Хизб надорад. хайр аз шикоят дигар Шумо ягон кор надоред мисли хамон кампирои пиронсол танхо шикоят. дар майдони сиёсат осон нест кадам задан.. Барои Шумо чои мувофик юнучказор равед гузаронидан гиред..салахотона курпача карда шинед.. Озоди дар асл озод бош фикри бандаро руи кор биёр...

Чамшед
Равет хонаи Галатой Баротовада конфронсатона гузаронед)) Ба лолазореее

Айб аст барои як4 хукумати бузург ракобат кардан бо як хизб ва тарс доштан аз у айб айб.

ДАЛЕРШОҲ
БА ШАРОФИДДИН ЧИБА ШУМО КИМОБ ШУДЕД ОХИР ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ НИЕЗ БА ХИЗБ НАДОШТА БОШАД БА ЧИ НИЕЗ ДОРАД ЧИБА НИСБАТИ ХИЗБИ ИСЛОМ БАД БИН ҲАСТИ ФАРОМУШ НАКУН КИ ДАР КУРЪОНИ ЪАЗИМ ДАР СУРАИ МУЧОДАЛА ОЯТИ 20 УМ ТО 22 ХОНЕД ДАР ҲАМИН ОЯТИ ЗИКРИ ҲИЗБ ОМАДАГИ АСТ ҲАМИН ҲИЗБ ДАР ДУНЕ ДУ ҲИЗБ АСТ ХИЗБИ АЛЛОҲ ВА ҲИЗБИ ШАЙТОН

Августус
Далершох, аввало ту каломи Худоро нодуруст ва бемавкеъ тафсир накун. Аллох ба хизб ниёз надорад. Махсусан дар Точикистон ва давлатохе, ки 99% мусулмонон хаёт ба сар бурда, дар итоату ибодати Аллохи Бузург хастанд. Шояд ту гуфтани хасти, ки 40 хазори аъзои ХНИТ ба Аллох наздик ва бокимонда мусулмонон аз У дур мондаанд

58
Якбор ба хамин нафарон гуш дихен, ин мардум чи меган инхо хам як чузъи чамъият хастанд бигзор оромона кор кунанд локин дар рамкаи конунхои мавчудаи чумхури чи гуфтен рафикон?

Интихобкунанда
Шарофиддин,

Мо медонем шумо аз Ҳизби Наҳзат қимоб шудед! Ҳамаи ин фишорҳоям барои ҳамин дия! Хайр қимоб шудед ҳеҷ гап не натарсида монед ки тибқи қонуну кор карда гарданд.
Ё инки шумо аз қонуни амал кардан қимоб шудед ба фикрам))))
Бузурге мегуяд озодӣ ин яъне масъулият барои ҳамин таёрахуру танбалҳо аз он метарсанд!

boi
Хyдoвандхизбинахзатро.nируз.бигардонад.хама
.мардуми.тожикистoн.рубаиннахзат.миёр
аниншoллo

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)