Бахшҳо

Иқрори Фарҳод Раҳимӣ дар бораи пир шудани ҳайати кадрии Академияи илмҳо

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон 8 январ дар нишасти матбуотии Фарҳангистони улум аз норасоии кадрҳои ҷавон ва синни академикҳо нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт, “мо иқрор будем ва иқрор ҳастем, ки ҳайати кадрии Академияи илмҳо то андозае пир шудааст ва имрӯз синни миёнаи устодони унвони илмидор дар академия аз 58-сола боло мебошад. Бо мақсади ҷавон кардани ҳайати кадрӣ мо дар сохтори академия магистратура таъсис додем, ки ба он 152 нафар ҷалб шудаанд. 80 дарсади онҳо дипломҳои сурх доранд”.

Иқрори оқои Раҳимӣ дар ҳолест, ки бархе соҳибназарон далели таваҷҷуҳи зиёд надоштани ҷавонон ба кор дар Фарҳангистони улуми кишварро дар музди кам арзёбӣ мекунанд. Инчунин ба гуфтаи онҳо, барои рушди илм дар кишвар аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағи лозим ихтисос намеёбад.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ин нишаст, аз дастовардҳои олимони академия ёдовар шуда, гуфт: “Нуқтаҳои дигари хотирнишони соли 2014 он аст, ки кометаи бо номи Герасименко Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дод. Бори аввал ба кометаи мазкур дастгоҳи Филе фиристода шуд ва ба Замин бисёр маълумоти муфид фиристод. Инчунин ахиран як сайёраи хурди системаи офтобӣ ба номи Гулчеҳра Қодирова, раҳбари институти астрофизика гузошта шуд”.
Мӯҳр
Олим
Мебахшед президенти Академия, о кашфи комета аз чониби Герасименко ва дигар олими украини дар кадом сол буд? Ин кашфиёт чандин сол пеш буд, на соли 2014. Ва он вакт Герасименко дар Точикистон хам набуд. Хаки дигархоро ба номи худ накунем

Фарҳод Раҳимӣ
Олим,
Салом. Коментро доир ба посухи Олим мехостам чоп намоед.

Олими мухтарам, Шумо дуруст таъкид намудаед. Фикр мекунам хабарнигор нодуруст ахборро нашр кардааст. Ин комета хануз соли 1971 кашф шудааст. Аммо миссияи Розета бошад соли 2004 шуруъ ва соли 2014 ба охир расид, яъне соли 2014 ин дастгохи кайхони ба сатхи комета наздик омад ва ба ядрои он дастгохи пажухишии Филе-ро шинонд ва муддати 64 соат ба Замин доир ба хосияти физикиву химиявии ин Комета дастгохи мазкур маълумот ирсол намуд ва баъдан хомуш гардид. Эхтимоли аз нав фаъолгардии он мохи марти имсол дар назар аст. Герасименко он вакт аспирант буданд ва холо бошад корманди Академияи илмхо ва шахрванди Чумхурии Точикистон мебошанд ва дар ин миссия хамчун шахрванди кишвари мо иштирок доранд ва миссия идома меебад. Ин буд он нуктае, ки таъкид намудем. Ва бо ин дастовард бояд фахр хам кунем. Боки ба Шумо саломати мехохам.

Бо эхтиром ба Шумо,

Хабарнигор
Бо иштибохи хабарнигор кометаи Герасименко дар хабар хамчун ихтироот зикр шудааст, дар холе, ки президенти Академия аз парвози Филе ба ин комета хамчун ходисаи хотирмони сол сухбат кард. Феълан ин иштибох ислоох шуд ва барои он хам аз хонанда ва хам аз Президенти Академия узр мехоҳем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)