Бахшҳо

Ифшои таҳиягарони наворҳои фаҳш ва ҳалокати ҷангҷӯи тоҷик дар Украина

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, таҳия ва нашри наворҳои фаҳш бо иштироки афроди ба ном “мулло” кори дасти худи масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст.

Сомонаи рӯзномаи “Хатлон” аз қавли масъули додситонии вилоят навиштааст, “он наворҳои фаҳшое, ки дар интернет бо иштироки чунин "мулло-табибон" нашр шудаанд, кори дасти худи кормандони Ҳизби наҳзати исломӣ аст.” Ин нукта дар нишасти хабарии додситонии Хатлон баён шудааст, ки имрӯз, 8 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа сурат пазируфт.

Ин таъкид дар ҳолест, ки Сироҷиддин Нурзода, додситонии вилояти Хатлон дар ин нишаст аз таҳия ва нашри чунин наворҳо ҳимоят карда, афзудааст, “гузоришҳои телевизионӣ оид ба ҳаракатҳои бадахлоқонаи чунин "муллоҳо" аз доираи қонун ва одоб берун набуда, ба хотири адаб додани муллоҳои дигар, мардум ва огоҳ кардани онҳо аз чунин фиребу найрангҳо пахш шудаанд.”

Ба гуфтаи масъулини додситонии Хатлон, дар давоми соли гузашта дар вилоят алайҳи ҳафт нафар аз "домулло-табибон" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, нисбат ба 6 сокини дигар, ки худро "мулло" муаррифӣ карда, ба табобати шаҳрвандон машғул будаанд, парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Инчунин зимни нишасти додситонии Хатлон аз кушта шудани як ҷангҷӯи тоҷик дар нооромиҳои Украина хабар додаанд. Анвар Назаров, ёвари додситони вилояти Хатлон аз ин шаҳварнди Тоҷикистон Муродалӣ Барфиев ном бурда, ӯро сокини шаҳри Қӯрғонтеппа номидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷасади ин ҷангҷӯи тоҷик, ки дар саффи ҷудоихоҳони Русия дар Укроина меҷангид, моҳи октябри соли гузашта ба ватан интиқол ёфта, ба хок супорида шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ба интернет наворе роҳ ёфт, ки аз иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина қисса мекард, аммо сафорати Тоҷикистон дар Украина бо нашри изҳороте ин иддаоро рад карда, гуфт, дар нооромиҳои Украина ягон тоҷик ширкат надорад.
Мӯҳр
Дарвеш
дар твехои давлати ки мемонад

Асалому алайкум аслан дар ислом чунин мулои табиб хаст???

Исфара
Наворхои фахш агар кори дасти хнит мешуд дар телевизионхои давлати нишон дода намешуданд! Шумо мардумро ахмак гумон мекунед?

Муслим Кулоб
786
Салом, ки рост мегуфта бошад, мо нафахмидем, шумо чи? Чанд нафар дар украина ва чанд нафар дар Сурия ва дигар кишвархои хорича мечанганд ё терористанд, ки медонад ВкД, додситон, КгБ ки медонад?

щерали
Суханои додситонии Хатлон Сироҷиддин Нурзода на мазмун дораду на мантик. Мегуяд тахиягарони наворхои фахш худи нахзатихоянд ва боз дар идома меафзояд, ки аз намоишашон дар ТВ пуштибони мекунад. Шумо дар кучо дидаед, ки ТВ-хои давлати ба нафъи хизби нахзат кор кунанд? Агар вокеан ин наворхоро худи нахзатиён омода мекарданд, пас онхо умуман ба эфир намебаромаданд.

Дуруги ошкор гуфта шарм намедора
Агар ин кори ХНИТ мебуд ба мардум нишон намедоданд
Изои муъмин харом аст !

ТОЧИК МУХОЧИР
ИН СУХАНХОИ ТУХМАТОМЕЗ АЗ РУИ БЕСАВОДИ, БЕ МАНТИКИИ ВА БЕШУЪУРИИ ШАХС АСТ ,КИ ДИГАР РОХИ НАЧОТ АЗ ДАВРАИ СИЁХИ ГАРК ШУДАРО ПАЙДО НАМЕКУНАД ВА БОЗ САБАБУ СИЁХИРО БАР ГАРДАНИ ТУХМАТШУДА МЕАНДОЗАД. МАГАР ХУДОЕ НОКАРДА АГАР ТАЧОВУЗЕ БА НОМУСИ ХУД Ё АЪЗОИ НАЗДИКОНАШ ШАВАД МАГАР РОЗИ МЕШАВАД ОШКОРО ДАР ТВ-И ДАВЛАТИ ВА Ё ДАР РАСОНАХОИ ХАБАРИ ПАХШ ШАВАД ? - МАРХАМАТ

муҳтарам кабири ман аз шумо як савол дорам то кая сабр мекнед ё косаи сабри шумо ранги калодус пур шави надорад бас будагис то ба кай ?

gharıb
salom ınho ma,loom ast kı chı mekhohand faqat va faqat mardumro az ISLOM door kardan vale sukhanoni Allohı buzurgro faromoosh kardaaand ki chı meguyad (..va yamkuruna va yamkurulloh...) pas inro duston faromush nakuned ki piruzı nasıbi MUSALMONON ast!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)