Бахшҳо

Маҳбусони тоҷикро беҳтарин ҳофизи Қуръон гуфтаанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои ислоҳии Русия нигаҳдорӣ мешаванд, беҳтарин ҳофизи Қуръон шинохта шудаанд.

Ба иттилои торнамои wordyou, дар яке аз зиндонҳои Мордовия барои бори аввал миёни зиндониёни мусалмон озмуни қуръонхонӣ баргузор шудааст. Дар ин сабқат маҳбусони даҳҳо муассисаи ислоҳӣ иштирок намуда, зиндониёни тоҷик баҳои баланд гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ, Эдуард Хачукаев, раҳбари Маркази ҳамоҳангии ҳимоят аз таълимот, фарҳанг ва илми исломии Маскав гуфтааст, моҳиртарин ҳофизони Қуръон зиндониёни Тоҷикистон будаанд: “Онҳо маҳорати баланди қироати Китоби муқаддасро бо забони арабӣ нишон доданд”.

Ба иттилои торнамо, ҳайати доварон, ки аз кормандони аъзои муфтиёти Тотористон, Мордовия, инчунин ҳофизони Қуръон аз Донишгоҳи исломии Русия иборат будааст, ғолибонро аз рӯи се бахш муайян кардаанд: “Дар бахши “Қироати дурусти Қуръони Муқаддас бо забони арабӣ” Саидраҳмон Умронов аз муассисаи ислоҳии 17 ғолиб дониста шуд. Дар бахши “Азёд донистани 12 сураи Китоби муқаддас” Язмуҳаммад Аннақурбонов ва Зубайдулло Носиров аз муассисаи ислоҳии 7 ғолиб эълон шуданд”. Аммо манбаъ нагуфтааст, кадоме аз ин нафарон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

Сомона мегӯяд ба ҳамаи ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳо - китоби Қуръон, соатҳои рӯимизӣ ва ҷойнамоз тақдим шудааст.
Мӯҳр
Банда
Офарин ин аст бехтарин рохи ислохи махкумшудагон. Агар дар хакикат ислох шудани махкумшудагонро хохем, бояд дар муасиссахои ислохи аз хисоби ходимони давлатии дин, таълимоти дини исломро чори намеом. Зеро бе додани ин таълимот махкумшудагон на танхо ислох намешаванд, балки чинояткори ашади гардида аз муасисахо мебароянд.

Муслим Кулоб
786
Салом, хуб мешуд ки зиндониёни точик хам аз таълимоти хуби дини дур намемонданд,

Кабир
ачаб замона.... дузду, рохзану гару одамакуш боз хофизи Куръон. охир аввал шумо кори бад накунед ки ба зиндон наафтед

куруши
мо дар сасҷидҳоямон номозро батаистодаем офарин аммо вале лекин.......

аз Рyсҳо ёд гиред, ба раҳбарони мо мегуянд масҷидҳоро банд кyнед, рушанфикронро азоб диҳед, вале хyдашон ҳамаи инҳоро ба таври хyб ба роҳ монданд то ҳама ҷавонҳои мyсалмон омада бо маблағи ночиз ғyломашон шаванд. Дар Амрико ҳам ҳаминхел Салафи ҳам озодy Шиа ҳам озодона дават мекyнад вале ба дигар раҳбарони лаганбардорашон тавсия медиҳанд то Салафиҳо ва базе дигар мусалмонҳо шидатписанданд. Охир ҳаминхел намекарданд кишварашон абарқyдрат намешyдy ҳама мусалмонҳо пулҳояшонро дар бонкҳо ва ободонии ин кишварҳо сарф намекарданд.

Куръона хонен табармусалмоно, аз турма баромада бо зино кунед, дузди кунед, ва нони харом ефта хуред, канд занед! Хамун зартушти буданатон хело хуб буд! Дини худро шумо, ки дар вакт фурухтед, пас ягон мукаддасоти маънави надоред! шумо тамоми чизро мефурушед авбошон!


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)