Бахшҳо

Муовини муфтӣ дар бораи бисёрҳизбӣ ва исломӣ будани Тоҷикистон

Домуло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз ҷангҷӯёни тоҷик, ки гӯиё барои ҷиҳод дар Ватан аз Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии маъруф ба ДИИШ иҷоза пурсидаанд, хост, аз ин фикри худ баргарданд.

Оқои Сайид Акбар рӯзи 9 январ дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон як кишвари исломӣ асту ниёз ба ҳеч гуна “ҷиҳод” надорад. “Ба он ҷавонони ноширони наворҳо, ки иддао мекунанд дар Тоҷикистон қасди ҷиҳод доранд, аз ин минбари паёмбари Ислом (с) гуфтанӣ ҳастам, ҷавонони азиз, Алҳамдулиллоҳ кишвари азиз ва маҳбуби мо ниёз ба ҷиҳод надорад ва тамоми мардуми мо бар асоси гуфтаҳои Қуръону расули Худо амал мекунанд ва дарҳои масоҷид боз асту мардум намоз мехонанд ва сарвари давлат низ бисёр ниятҳои ободкорӣ дорад”,-изҳор дошт Домуло Сайид Акбар.

Ба гуфтаи муовини раиси Маркази исломӣ, Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009 аз исломӣ будани худу сокинонаш ба ҷаҳониён хабар дода буд: “Бузургдошти Имоми Аъзам дар соли 2009 амале буд, ки ба оламиён нишон дод Тоҷикистон исломӣ ва мардумаш муҳаббат ба пешвоёни худу Исломро доранд.” Домулло Сайид Акбар дар идома сабаби нооромии баъзе аз кишварҳо ва авҷ гирифтани задухӯрдҳои мазҳабӣ дар онҳоро бисёрҳизбӣ ва бисёрмазҳабӣ дониста, аз сокинон, аз ҷумла ҷавонон даъват кард, ба сухану ҳарфҳои ноширони “наворҳои ҳархела” гӯш надиҳанд ва дар хидмати падару модари худ бошанд, ки паёмбар ризогии Худовандро дар он хондааст: “Ин ҳама бисёрравиявию бисёрмазҳабӣ ва бисёрҳизбӣ, ки ба миён меояд, барои мову шумо баръало равшан аст, ки болои мардум фитнаҳо эҷод мекунанд ва бо гумроҳ кардани бархе аз нафрон дар мағозаву бозорҳо таркишҳо ба миён меоранд. Барои мову шумо зарур аст, аз ин ҳизбу равияҳо худро канор гирем.”

Дар охир муовини Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост фарзандони худро тарбия ва таълим диҳанду назорат кунанд, то ба ҳар ҷой нараванд. Ин даъват ва дархости домулло Сайид Акбар дар ҳолест, ки чанде қабл ба Интернет наворе роҳ ёфта, дар бораи дасрхости ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқ аз Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии ДИИШ барои ҷиҳод дар Тоҷикистон қисса мекунад. Дар ин навор як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз худ Абӯ Умариён ном мебарад, мегӯяд, онҳо аз Бағдодӣ дархост кардаанд, барои ҷиҳод дар Тоҷикистон иҷоза диҳад. Вале ба гуфтаи онҳо, дар посух омадааст, ки ҳоло каме сабр кунанд.
Мӯҳр
Истиклол
Хамааш маълум шуда истодааст, ки проблема дар кучо. Ба хамаи мушкилихои иктисоди нигох накарда, махсусан сафари шахрвандонро ба Русия аз руи визовый режим амали кард. Аз 3-4 млрд доллари харсолаи мухочирони кахрамони мехнат, ки арзиши ранчу азобаш барои миллат бехисоб гарон меафтад, охиста охиста пархез бояд кард. Кувваи корие, ки дар Русия дорем, агар дар ватан истифода бурда тавонем, шояд дар як сол ба бучаи давлат зиёдтар аз ин маблаг ворид гардад. Албатта ЭКОНОМИСТХО фикр кунанд- чи бояд кард. Дигар миллатхо тавонистанд ва барои чи мо наметавонем.

Истиклол,
Бетараф будан маънии курнамакиро дорад, набояд бетараф бошем, ҳамон нафаре ки ба қасди ҷиҳод ба мамлакати мо омадан мехҳад, бародари мост.... ин чи гап худаш?????

Акаи домyлло шахсан банда тарафдори ҷанг дар кисвар нестамy ба ин боварам ки ин гуруҳои тундрав агар ба кишвар биоянд вази мардyм ва кишвар аз ин ҳам бадтар хоҳад шyд вале домyлои муҳтарам шyморо давлат дар ин мансаб интисоб намyдавy озодона корy фаолият мекунед ва аз ин минбаратон сyханони навиштаи ниҳодҳои давлатиро қироат мекyнедy ҳаргиз мушкили мусалмонҳои кишварро ба таври боядy шояд ба мардyм ва хyди давлатмардон намерасонед. Магар дар кишвари Исломи занҳо наметавонанд озодона ҳиҷоб пушандy ба донишгоҳ раванд, магар дар кишвари Исломи кyдакон то 18 сола наметавонанд талимоти исломи бигиранд, магар як домyлло наметавонад озодона дарси исломиро ба шогиридон дарс диҳад.... бародар домyло шyмо агар давлатмардон ин қонyнҳои зиди динии хyдро лағв кyнанд кадом ташвише бояд ба омадани чанд гуруҳи терорист ба кишвар набошанд чyн ин ҷавонҳо баҳонаи дигаро барои рафтан ба дигар кишварҳо намеёбанд ва ташвиши шyмо ва раҳбарони кишвар ҳам раф мегардад. Хyдо кунад раҳбарони мо пеш аз воқеа мушкило ҳал кyнанд вагар на мумкин аст ташвиши шyмо домyло ва онҳо дуруст бошадy кишвар ва миллат боз як бори дигар ба мушкил мувоҷеҳ шавад.

Ширкатхои хоричие ки дар Точикистон кор ва фаъолят доранд бояд дар Точикистон факат мутахасисхои худро оварда ва коргарони одии ин соха аз Точикистон бошанд барои он ки мо кувваи кориамон барои кор мерасад.Мутахасисоне ки дар Точикистон намерасанд факат онхоро бийоранд.

Бародарон! Мо хама мусалмонем ва намехохем ватанамон ноором бошад. Хукумати хозира бо хар роху восита мехохад пеши рохи радикалишавии чомеаро гирад, аммо гуе намефахманд,ки сабаби ин радикалишави ва ба ХНИТ ру овардани мардум пеш аз хама сиесати худи онхо-коррупция, махалгарои, ва суистифода аз мансаб то дарачахои баландтарин мебошад. Афсус, ки ВАО дар бораи ин сабабхо е тамоман хабар намедиханд ва е ин сабабхоро инкор мекунанд.

озод
ман ба фикри бародрам ахмад розиам барои пеши инрохро гирифтан мо бояд озодии сухан озодии дин ва озодии акидаро дошта бошем ва агарна мо сохтаи касе хастем ки хама вучуду навси мо дар дасти уст ва бахар рохе ки хохад мебарад абубакри багдодию бенладину али бедаки боз тавалуд мешаванд ва ин бе охираст чун дин дини худост ва аз худо бузург касенест

Дж
Худо шуморо нигох дорад бародар Ахмад шумо худ мучохид хастед

ҷавонони азиз, Алҳамдулиллоҳ кишвари азиз ва маҳбуби мо ниёз ба ҷиҳод надорад ва тамоми мардуми мо бар асоси гуфтаҳои Қуръону расули Худо амал мекунанд ва дарҳои масоҷид боз асту мардум намоз мехонанд ва сарвари давлат низ бисёр ниятҳои ободкорӣ дорад" ман ба хамин мулло дарбори гуфтаниям ки дар кадом китоби исломи омада аст ки бояд марди мусулмон аз 45 сола боло риш монад ва ё 18 сола боло ба масчид раванд ва ё азонро бо микрофон дода нашаванд? angry

китоб
ин домуллокалон хеле шучоати калон кардастку Точикистон давлати демократи аст у мегуяд исломи боз конститутсияро зери савол бурда як макоми расмии Точикистон хилофи конун баромад намуда бисёрхизбиро махкум мекунад .Ин нозирони конун дар кучо бошанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)