Бахшҳо

"Бойтарин" футболбоз “Тӯби тилоӣ”-ро бо худ бурд

Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби “Реал”-и Испания маротибаи сеюм ҷоизаи маъруфи “Тӯби тилоӣ”-ро соҳиб гардид. Соли сипаришуда низ ин ҷоизаро ӯ бо худ бурда буд.

Маросими тақдими ин ҷоиза дар Сюрихи Швейтсария баргузор шуд. Роналду бо дарёфти 37,66 дарсади раъй беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф гардид. Лионел Месси, ҳамлагари “Барселона” ва Мануэл Нойер, дарвозабони “Бавария”-и Мюнхен низ ки муддаии “Тӯби тилоӣ” буданд, мутаносибан 15,76% ва 15,72 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.

Роналду дар рейтинги гаронтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014, ки маҷаллаи Forbes таҳия кардааст, дар ҷои аввал аст. Даромади ӯро маҷалла 73 миллион доллар арзёбӣ мекунад.

Дар ин маросим инчунин Йоахим Лев, сармураббии мунтахаби Олмон беҳтарин тренери сол эълон шуда, ҷоизаи зеботарин гол насиби Хамес Родригес, бозигари “Реал” шуд.

Беҳтаринҳо аз рӯи раъйдиҳии тренерони тимҳои миллӣ, сарвари дастаҳо ва намояндаҳои ВАО муайян мегардад. Ҷоизаи “Тӯби тилоӣ” соли 2010 баъди якҷоя шудани ҷоизаҳои “Тӯби тиллоӣ”-и France Football ва “Бозигари соли ФИФА” таъсис ёфт.
Мӯҳр
мумин
Аслан Криштиану Роналду бозингари хубе нест.Факат тубхои тайерро ба дарвоза медарорад.Аз сабаби европец буданаш ин мукофотро медихандаш.Ман мехохам ки чавонмардони точик баингунахо пайрави накунанд.Мусулмон буданамон алхамдулилох бехтарин чоиза мебошад.

МУХЛИСИ РОНАЛДО
ЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭ БЕСАВОД, БЕАКЛ ЧХЕЛИ БОЗИНГАРИ ХУБ НЕСТ САР ЗАДА ЧАНКА ГОЛИ МЕЗАНИ МЕХНАТ МЕКНА БАРОИ, КИ ИСТЕЪДОДША ХУДО ДОДАЙ БАРОИ ХАМУ САФСАТАИ БИСЁР НАГУ "ДАЧОЛ"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)