Бахшҳо
22 сен 2011 10:43Гузориш

Алвидоъ нишастҳои матбуотӣ? (Бознашр аз ҳафтаномаи «Озодагон» 21-09-2011)

Агар пешниҳоди ахири Сайидалӣ Сиддиқов, мудири шӯъбаи таҳлил ва иттилоти дастгоҳи райисҷумҳур қабул шавад, журналистон аз ин ба баъд соле ду маротиба вазирону раисонро мебинанду тамом…


Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба иттилоот кори начандон саҳлу осон аст. Албатта мисли аксари кишварҳои пасошӯравӣ, алалхусус дар Осиёи Марказӣ, ки ҷумҳурии мо марбути ин минтақа аст, дарёфти хабари ба қавле "доғ" ва оҷил аз мушкилоти аслии рӯзноманигорон унвон мегардад. Бархе аз мансабдорони давлатӣ то ҳадди ниҳоят мекӯшанд ба саволҳои хабарнигорон, ки барояшон дар боло "дарди сар" эҷод мекунад дурӣ ҷӯянд. Дар ин миён метавон гуфт, ки амри президент таҳти рақами 622 дар соли 2005 ин мушкилро то ҳадде осон кард. Дар асоси ин санад вазорату кумита (вазорати дифоъ ва КДАМ истисноанд) ва агентиву муассисаҳои давлатӣ муваззаф буданд, ҳар се моҳ дар рӯ ба рӯи журналистон бо ҳисоботи 90-рӯза ҳозир шаванд. Нишастҳои матбуотӣ то андозае барои посух дарёфт кардан ба пурсишҳои рӯзноманигорон мусоидат мекард, аммо акнун  ин пресс-конфронсҳоро низ маҳдуд кардан мехоҳанд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки агар пешниҳоди ахири Сайидалӣ Сиддиқов, мудири шӯъбаи таҳлил ва иттилоти дастгоҳи райисҷумҳур қабул шавад, журналистон аз ин ба баъд соле ду маротиба вазирону раисонро мебинанду тамом…

Шаф-шаф неву "шафтолу" мегӯем

Дар гузорише оид ба ҷараёни иҷрои амри президент дар бораи баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки ба қалами Сайдалӣ Сиддиқ, мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи иҷроияи райисҷумҳур таалуқ дорад, гуфта мешавад, ки ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2011 дар идораҳое, ки тибқи амри президент бояд ҳар се моҳ нишасти матбуотӣ доир кунанд, анҷом шуд. Зимнан, дар ин ҳисоботнома аз тамоми вазорату идораҳо, кумита, агентӣ, муассисаҳои давлатӣ, вилоятҳо ва ноҳияҳо ном бурда шудааст, ки нишастҳои хабарӣ баргузор кардаанд. Зикр шудааст, ки ин нишастҳо бо ҷалби бештари рӯзноманигорон сурат гирифтааст. Дар идома аз як қатор раҳбарони идораҳои масъул нақли қавл шудааст, ки аз муассирии нишастҳои матбуотӣ гуфтаанд. Хулоса он қадар тавсифи нишастҳои матбуотӣ, ки фикр мекунед поинтар пешниҳоди ҳарчӣ зиёдтар доир шудани онҳо карда мешавад, аммо хестед, ки хобед.

Баъди ин ҳама тавсифҳои нишастҳои матбуотӣ дар гузориш омадааст, ки "бо вуҷуди ин таҳлили нишастҳои матбуотӣ нишон дод, ки то ҳол ҳам аз ҷониби ташкилкунандагони онҳо ва ҳам аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма камбудиву норасоиҳо ҷой доранд". Акнун таваҷҷӯҳ намоед, ки он камбудиву норасоиҳо чӣ будааст. Якумаш ин ки на ҳамеша раҳбарони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ ба нишастҳои матбуотӣ ҳамаҷониба омода мешудаанд ва ба саволҳои хабарнигорон ҷавоби саҳеҳ  медодаанд. Мушкили дигарро айнан меорем: "Барои нишастҳои матбуотӣ, тибқи қоидаи маъмул, вақти муайян ҷудо ва ё мӯҳлати муқарраргардида риоя намешавад, ки чунин ҳолат боиси ба миён омадани саволҳои аз доираи салоҳияти мақомоти дахлдор берун, пурсишҳои иғвоангез ва хилофи қоидаҳои одоби журналистӣ мегардад"; Ҳамчунин дар ин гузориш аз баъзе раҳбарони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, ташкилоту муассиса шщикоят шудааст, ки гӯё зимни посух ба пурсишҳои хабарнигорон иттилооти дастрасиаш маҳдудро (маълумотҳои махфӣ ва хизматӣ, сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ) ифшо мекардаанд. Боз ба риоя нагардидани меъёрҳои забони тоҷикӣ ҳам ишора гардидааст. Дар ин қисмат навиштаанд, ки суханрониҳои бо лаҳни лаҳҷавӣ ва пур аз хатоҳои имлоиву мантиқи раҳбарон тавассути ВАО сабт ва паҳн мешавад.  Охирин банди ин қисмат ба мавзӯе бахшида шудааст, ки журналистон зиёд сари он навиштаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки "аксари раҳбарони мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо нишастҳои матбуотиро ба минбари ҳисоботи муфассал аз фаъолияти худ дар назди намояндагони ВАО табдил дода, ба ҳамкории мунтаззам ва самарабахш бо ВАО ҷиҳати ба аҳолӣ сари вақт дастрас кардани иттилооти дорои аҳамияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ диққати зарурӣ намедиҳанд".

Гапи хонаро кӣ ба кӯча мебарорад?

Дар гузориш омадааст, ки мувофиқ ба мақсад аст, агар бахши мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, раёсати хизмати давлатӣ ва саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон барои раҳбарони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои макотиби олӣ дар мавзӯи "Нишастҳои матбуотӣ ва иттилооти дастрасиаш маҳдуд" силсилаи семинарҳои омӯзишӣ баргузор кунад, шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президент барои котибони матбуотии ин ниҳодҳо дар мавзӯи "Тавсияҳо оид ба ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ" сӯҳбатҳои мизи мудаввар ташкил намояд. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки аз ин ба баъд дар шаш моҳ як маротиба ва дар як сол ҳамагӣ ду маротиба бо истиснои ҳолатҳои муҳим нишастҳои хабарӣ баргузор шавад.

Аҳа, анна акнун мақсад ҳам рӯшан мешавад; Ҳадаф аз ин гузориш маҳдуд кардани нишастҳои матбуотӣ будааст. Ба назар мерасад, кадом як ҳарфи раҳбаре ба дастгоҳи иҷроияи президент хуш наомадааст. Гузашта аз ин бархе мансабдорон зимни суолҳо ҳамеша ба сирри давлатӣ ишора мекарданд ва интизор меравад, баъди пазируфта шудани пешниҳоди мазкур акнун ҳама "сирри давлдатӣ"-ро дастак намуда аз посух гуфтан ба саволҳои хабарнигорон парҳез мекунанд. Кадом раҳбари мақомоти ҳокимият ё идораҳои давлатӣ сирри давлатиро ошкор намудааст?

Чӣ бояд кард?

Агар пешниҳоди мазкур пазируфта шавад ва нишастҳои хабарӣ дар 12 моҳ ҳамагӣ ду маротиба баргузор шаванд, оё чизе тағйир меёбад?

Журналист  Фазлиддин Хоҷаев мегӯяд, аз тасмими тамдид ё маҳдуд кардани теъдоди нишастҳои матбуотии мақомоту вазоратҳои ҷумҳурӣ на хурсанд мешавад ва на аҳдӯҳгин, зеро чанд вақти ахир дар ҳеч нишасти матбуотие ширкат накардааст. "Аммо бо назардошти имконоти ҳамкасбон, ки дар рафти нишастҳо ҳеч набошад ду андешаи забонзадаро дарёфт кардаву вақти навиштани матлаб истифода мебаранд ва барои ҷомеъа шароити эҷоди фазои андешаро фароҳам меоранд, аз дароз намудани мӯҳлати доиргардии нишастҳо нороҳат мешавам. Сарфи назар аз он, ки намояндагони ягон мақомот маълумоти сиррӣ он тараф истад, ба оддитарин иттилои муҳим барои ҷомеа руҷӯъ намекунанд ва аз сӯҳбати мусоҳибон мегурезанд, то камбудиҳо паси парда мондаву масъулин ҷазо набинанд. Ин ки масъулин мегӯянд ба хотири ифшо шудани кадом як сирри давлатӣ чунин тасмим роҳандозӣ мешавад, ҳақиқат надорад. Зеро дар ин сурат метавонистанд, фошкунандаи сирро ба мо, ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххас бигӯянд, то бовар кунем. Дар сурати ғайр, мо дигар ба баҳонабофиҳо бовар намекунем".

Дар ҳамин ҳол ба қавли Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори тоҷик ва яке аз иштирокчиёни фаъоли нишастҳои хабарӣ "вазирони тоҷик аз сояи худашон метарсанд, чӣ расад ба он ки сирреро ошкор намоянд". ӯ мегӯяд, ягон масъули давлатиро намедонад, ки ба суолҳои хабарнигорон посухи қонеъкунанда дода бошад. Аммо бо ин вуҷуд номбурда Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷиро аз шумули онҳое  унвон кард, ки то ҷое гапи мегуфта  ё паёми заруриеро ба мухотабонаш ба таври дипломатӣ дар нишастҳои хабарӣ мерасонд.

-Дар мавсими ахирии нишастҳои хабарӣ ягона иттилое, ки арзиши паҳн карданро дошт боз ҳам аз забони Ҳамрохон Зарифӣ садо дод. ӯ ба чунин маънӣ гуфт, ки замини Тоҷикистон моликияти вазири дифоъ ё вазири хориҷӣ нест. Аммо натиҷа чӣ шуд, ҳамагон шоҳид шудем. Дигар раҳбарияти вазорату ниҳодҳои давлатӣ чизеро нагуфтанду иттилоеро надоданд, ки арзиш ба хабар гуфтан дошта бошад, -илова мекунад Абдуазими Абдуваҳҳоб.

Гуфтанист, баъди нишастҳои хабарӣ аз ҳама зиёд вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов мавриди интиқоди хабарнигорон қарор мегирифт. Бархе аз ниҳодҳои дигар аз қабили кумитаи ҳифзи табиат бо теъдоди хело ками журналистон нишастҳои худро мегузаронданд, дар пресс-конфронсҳои чанд ниҳоди дигар умуман журналистон ширкат намекарданд.

Ба ҳар ҳол хуб ё бад, баргузории нишастҳои матбуотӣ сари ҳар се моҳ барои ҳама- ҳам вазирону кабирон ва ҳам журналистон ва аҳли ҷомеа як минбари гуфтугӯ ва пайдо кардани имкони муносиби саволу ҷавоб буд. Агар аз ин ба баъд онро шаш моҳ пас доир созанд, ба нафъи кӣ хоҳад буд? Инро вақт нишон хоҳад дод…{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)