Бахшҳо
15 янв 2015 11:51Тоҷикистон / Тема дня

Ҳамоиши эътирозӣ дар Вашингтон барои ҳимоят аз Шуҳрат Қудратов

Як гуруҳ тоҷикони муқими Амрико имрӯз, 15 январ бо нишони эътироз аз ҳабси ҳуқуқшиноси тоҷик – Шуҳрат Қудратов дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирди ҳам меоянд.

Созмондиҳандаҳои ин гирдиҳамоӣ ба “Озодагон” гуфтанд, барои баргузории пикет ба мақомоти Амрико дархост фиристода ва посухи мусбат дарёфт кардаанд: “Инчунин як муроҷиатнома ҳам таҳия шуда ба сафорати Тоҷикистон дар ИМА ва дигар ниҳодҳои дахлдор, бо шумули Human Rights Watch ва Amnesty International фиристода мешавад”.

Тасмими баргузории пикет назди сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар ҳолест, ки чоршанбеи 14 январ Хурсанд Хуррамов, як ҷавони тоҷик бо нишони эътироз аз ҳабси Қудратов назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав омад. Ӯ бо навиштаи "Ман Шуҳрат Қудратов" чанд вақт назди сафорат қарор дошт, аммо ҳеч масъуле наздаш ҳозир нашуд.

Шуҳрат Қудратов, ки дар қаллобӣ ва фасодкорӣ муттаҳам мешуд, 13 январ аз сӯи Додгоҳи Душанбе 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Мӯҳр
.
Карор шинед намешуд ми? Боз коре мекунед, ки срокашро боз дарозтар мекунанд. Одами беайб нест дар ин дунё, боз ягон гунохашро кофта меебанд.

Шухрат махбуси сиёси аст. хеч гуна бегунохи, хеч гуна гирдихамои ва хеч гуна даъвохои такрори уро озод карда наметавонад. То имруз ягон махбуси сиёси озод нашудааст, ки у озод шавад.

иззат
одамкшхо дар озодиянду рушанфикрон дар зиндон . худоё чи давроне омадааст

Фемидамох
Аз руи инсоф бояд гап зад. Шухрат ба хеч вачх ба руйхати махбусони сиёси дохил намешавад. Вай дар хакикат хамчун адвокат хукукхои собик вазири хукуматро, ки каллобкору фасодзада буд, химоят кардааст. Вале айни замон аз ваколатхояш суйистифода карда, дар хамин ботлоки фасод гутта задааст. Вакт довар аст, шояд аз инхо дида боз фасодтаринхояшро дер ё зуд руи сахна мебарорад. Адолати Суди дар хама давру замон рисолаташро ба чо меорад.Танобро ба хар восита дароз кардан мумкин, локин ГУЛМЕХРО хеч вакт.

Андарз аз н.Шугнон
Порахуриву каллоби аз амалхои зиштест, ки давлатро аз пешрави бозмедорад. Дар тамоми кишваорхои олам зидди нафарони порахуру каллоб чазохои сахт чори карда шудааст. Наход,ки вакили дифо шуда, даст ба чунин корхои пасту гайриконуни зани. Магар хамин аст вазифаи хомии хукук? Албатта, не. Ман тарафдори онам, ки нисбати хамагуна нафароне, ки даст ба ришваю каллоби мезананд сангинтарин хукм раво дида шавад. Зеро пора вабоест. ки чомеаро зуд сироят намуда,онро ба коми хеш фуру мебарад. Бахусус, ин амал агар боз аз чониби суду прокурору муфаттишу адвакт содир карда шавад. Барои хамин хам ман аз хукми содир кардаи судяи Суди шахри Душанбе мухтарам Тохирбек Мусозода нисбати адвакат Шухрат Кудратов чонибдори мекунем. Аз дигар судияхо низ умеди онро дорем, ки нисбати чунин нафарони конуншикан оитннопазир бошанд. Назди дузду каллобу порахур сархаму муттахам набошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)