Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:28

Раҳимзода дар бораи теъдод ва шарти афви ҷангҷӯёни тоҷики Ироқу Сурия

16 январ 2015, 09:42

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан алайҳи 52 шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷанг дар Ироқу Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки аз ин 12 нафарашон дар ҷабҳаи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) меҷанганд.

Раҳимзода гуфт, дар маҷмуъ дар ҷангҳои хориҷи кишвар ҳудуди 200 ҷангҷӯи тоҷик иштирок доранд ва таъкид кард, ки агар ҷангиёни тоҷик ихтиёрӣ ба Ватан баргарданд, афв хоҳанд шуд. Ӯ се нафарро мисол овард, ки соли гузашта аз ҷангҳо дар Сурия ва Ироқ ихтиёран баргаштаанд ва баъди суҳбат бо мақомот раҳо шудаанд.

Ӯ дар идома аз падару модарон ва наздикони ҷангҷӯёни тоҷик даъват намуд, ки барои баргардондани онҳо аз ҷангҳои хориҷӣ мусоидат кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Рамазон Рахимов як савол Ба Шумо баройи чи Чавонмардони Точик ба Сурияву Ирок Мераванд .?Баройи Онки дигар ягон Умед нест руз ба руз ахволи Халк бад шуда истодаст ...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!