Бахшҳо

(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст

Чанд тан аз тоҷикони муқими Амрико рӯзи 15 январ бо нишони эътироз аз ҳабси ҳуқуқшиноси тоҷик - Шуҳрат Қудратов дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирди ҳам омадаанд.

Дар ин таҷаммуи эътирозӣ се шаҳрванди Тоҷикистон бо шиорҳои "Мо низ Шуҳрат ҳастем" иштирок дошта, муроҷиати як гуруҳ сокинони кишварро ба парлумон ва раисҷумҳури Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмону сафорати Тоҷикистон дар ИМА ва дигар ниҳодҳои дахлдор, бо шумули Human Rights Watch ва Amnesty International расонидаанд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд масъулини сафорат ба пешвози онҳо набаромаданд, вале нусхаи муроҷиатномаи хешро пушти дари сафоратхонаи кишвар дар Вашингтон гузоштанд.

Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, ҳукми 9 соли зиндони Шуҳрат Қудратов, ҳуқушиноси маъруфи тоҷик сиёсӣ мебошад ва дар рафти баррасии парвандаи ӯ бисёр норавшаниҳо вуҷуд дошт. Мақомоти тафтишотии тоҷик низ натавонистанд, барои нишон додани муттаҳамии вакил далелҳои равшану қотеъ биёранд. Муаллифони нома мегӯянд, додраси парванда дар ҳоле Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндон равона кард, ки тамоми даъвогарон аз даъвои хеш гузаштанд.

Ин шарҳвандони Тоҷикистон хостори бозбинии ҳукми Шуҳрат Қудратов шуда, озодии ӯро эътимоди мардум ба мақомоти судии кишвар хондаанд: “Дар ғайри сурат, мо маҷбур даст ба тазоҳуроти мушобеҳ зада, ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ муроҷиат мекунем ва аз риоя нашудани қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон шикоят мебарем.”

Баргузории пикет дар назди сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар ҳолест, ки чоршанбеи 14 январ Хурсанд Хуррамов, як ҷавони тоҷик бо нишони эътироз аз ҳабси Қудратов назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав омад. Ӯ бо навиштаи "Ман Шуҳрат Қудратов" чанд вақт назди сафорат қарор дошт, аммо ҳеч масъуле наздаш ҳозир нашуд.

Шуҳрат Қудратов, ки дар қаллобӣ ва фасодкорӣ муттаҳам мешуд, 13 январ аз сӯи Додгоҳи Душанбе 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Раҳматилло Зоиров, вакили мудофеи ӯ ҳукми додгоҳ алайҳи зерҳимояашро сиёсӣ хонд.


(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст

(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст

(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст

(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст

(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст

(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст

(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст

(АКС) Пикет дар Амрико: Ҳукми Шуҳрат Қудратов сиёсӣ аст
Мӯҳр
Озод
Камтарак шарм кунед. Шухрат кучову сиёсат кучо. Ин падидаи нав нест ку. Ба мисли Шухрат чи кадар фасодкору каллоб адои чазо мекунад. Чи пикет карда, чинояткоронро лобироват мекунед.

чинди
фасоду каллоби он тараф истад, чаро бмв соати 2-и шаб одам мекушаду сохибаш дар озоди!!!!????????????? Шухрат тархи "боло" аст!!! тархро татбик намуд.
судя одамро 2 таксим мекунад авф мешад...рустами достон "камонвари" мекунаду дар озоди...

Точик
аз кай боз забони Помири аз забони ноби Точики боло шуд??? Буйи махалчигии меояд на ин ки буи пуштибонии як бегунох. Шарм доред. ин хиёнат бар миллату давлат аст ва шумо зеби тюрма доред на Шухрат

Кудратовро барои пора не, хама бояд ба адвокат маблаги захматашро дихад, барои химоят аз Зайд Саидов чазо додаанд. Инро мо хуб дарк мекунем. Лекин касдгир бидонад, ки барои ин тухматхо у хох нохох хам дар ин дуне ва хам дар он дуне чавоб бояд гуяд..

Бовар кунен бародаро мара хаму кудакош дилма гамгин кардааст. Лично барой анамихел чавон мардо дар хама рох тайорум. Ту судяи бе инсоф акалан фикри зану фарзандаша накарди? Рузе меша ин чавон мардон озод мешаван шуморо чихел ховатон мебарад ба ин бе инсофитон?

Додочон
Эътирозу пикета хам масхара кардед-ку! О як-ду нафар кати кай эътироз мшуд. Шарм кунед, чанобон ташкилкунандагони пикет!" Тахлил кунем уно хам хешу табори Шухрат будиян...Ха-ха-ха!!!

ДАНГАРАГИ
САВОЛ МА БАКОМОТХОИ КУДРАТИ ВА ХАМЧУНИН БА ВКД Ч.Т.
1.ОЁ ЧИНОЯТИ МУРТАКИБ ШУДАИ ШУХРАТ КУДРАТОВ АЗ ЧИНОЯТХОИ КАРДАИ ПИСАРОНИ АМОНУЛЛО ХУКУМОВ СОБИК РАИСИ РОХИ ОХАНИ Ч Т БАД ТАР АСТ МИСЛИ ПИСАРОНИ АМОНУЛЛО ХУКУМУВ КУДОИ ЧАНОБИ ОЛИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР НИМА ШАБИ БО МОШИНИ БМВ 4 КАСРО КУШУТ Ё ДАР ДАСТ ЯРОК ТИР ПАРОНИ КАРД ???? 2. ЧАРО ПИСАРОНИ АМОНУЛЛО ХУКУМОВ ДАР ОЗОДИЯНУ. ИН ШУХРАТИ ДАР ЗИНДОН ПАС ЧИНОЯТКОР АГАР ЧАЗО БИНА БОЯД ПИСАРОНИ ХУКУМОВ ЗИНДОНИ ШАВАН КУ . ИН КАСАМИ ЧАНОБИ ОЛИ АСТ КИ КАСАМ БА НОНУ НАМАКИ ТОЧИКИСТОН ДАР НАЗДИ КОКУН ХАМА БАРОБАР АСТ ПАС КУЧОСТ БАРОБАРИ ????? БА ИН САВОЛИ МАН ЧАВОБ ГАРДОНЕД

кобилак
Митингкуниро ҳам аҳмақ кардед. Давлату сиёсат ба студентҳову Қудратов мондааст?! Шарм доред аз ин коратон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)