Бахшҳо

Даъват аз ҷангҷӯёни тоҷик: Ҳақиқиати Ислом дар Тоҷикистон аст, баргардед!

Гуруҳе аз ҷавонони вилояти Хатлон бо пахши як муроҷиатнома ҳузури ҳамватанони худ дар ҷангҳои хориҷиро кутоҳандишию беномусӣ ва барои хеш ор дониста, аз ҷангҷӯёни тоҷик даъват кардаанд, ҳоло ҳам фурсат ҳаст ба Ватан баргарданд.

Ҷавонони Хатлонзамин гуфтаанд, ҳоло дар нооромиҳои кишварҳои хориҷ шаҳрвандоне меҷанганд, ки кутоҳандешанду оромию амният ва сулҳи Тоҷикистонро нодида гирифта, таҳти таъсири дасисаҳои гуруҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд.

Мо ҷавонони Хатлон ба онҳо гуфтанием, ки шумо нафароне мебошед, ки на аз Ислом ва на аз ҳақиқати он хабар надоред. Шумо фирефтагони доми сиёҳкорону бадхоҳони башар ҳастед, ки модару Ватанро тарк карда, роҳи беномусиро ихтиёр кардаед. Шумо аз сӯзи дарди дили падару модар, фироқи ёру дӯстон, хоҳари чашмбароҳ, қалби пур аз меҳри ҳамсару ёди фарзанди хурдсолатон бехабаред. Магар ёди онҳо пешорӯи шумо ҷило намедиҳад, ки дар рафторҳои ношоиставу носолиме, ки ба фарзанди ин сарзамин мансуб нест, даст доред. Куҷост он номуси ҷавонмардии шумо?, куҷост он меҳри модаре, ки шуморо нуҳ моҳу нуҳ рӯз дар батнаш нигоҳ дошт?, куҷост меҳри падаре, ки барои бар камол расидани шумо 18 сари сол заҳмат кашид?, куҷост он ватандӯстии шумо, ки ба ҷони ҷавони худ раҳм намекунед?, куҷост он номусе, ки зани ҷавони худро бесаробон ва тифли навзодатонро ятим кардаед?”- омадааст дар ин муроҷиатнома.

Ин гуруҳи ҷавонони Хатлон дар идома таъкид кардаанд, ки ҳақиқати ислом ва озодии он дар Тоҷикистон аст ва аз фазову амокини дилфиреби Ватан баҳра мебаранд, ки барои инсони ватандӯсту худогоҳ ва дорои ору номус кофист ва аз ин ҳама нафаре рӯй мегардонад, ки аз неъматҳои Худованд маҳрум аст: “Ҳоло ҳам вақт аст, баргардед! Дар назди Ватан- модар покии худро исбот намоед, вагарна Ватан-модари азиз хиёнаткорро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Баргардед ва барои рушди ин кишвари биҳиштосо ҳиссагузор бошед, дар оғӯши пурмеҳри Ватан-модар ва бо истиқболи зиндагии саршор аз ишқу муҳаббат ҳаёт ба сар баред.
Мӯҳр
Ал- Самарканди
Кадом мусулмоне, ки дар кишвари мусулмони дигар ба номи чиход дар рехтани хуни нохак ва харобкорию бехонумонии мусулмонони мукимии он кишвар, ширкат меварзанд, аник аз кабили гумрохон ва мушриконанд.

дар точикистон мардум акаллан панч вакт намозашонро намехонанд.

мухочмр
манхомчун чавон аз даьвати чавонони хатлонзамин чонибдорам хаминхел хушдории ватандориро аз даст надихед ва инчунин аз хукумати точикхам даьват кунед то пеши рохи намозиу хичоби чавоноро нагирад дар амони ХУДО бошед

диЛОВАР
чАРО чАНГИЕНИ КИРОЯ МУСУЛМОНХОРО МЕКУШАНД ГАП НАМЕЗАНЕД иН ЧАВОНХО ХАМ КИРОЯ МЕБОШАНД кАС Е КИ ПУЛ ДИХАД АЗ ЧОНИБИ ВАЙ МЕЧАНГАНД

Бо ошикои бе мазорат гиря кардам, Бо модарони бекарорат гиря кардам. Доги бародар дидаму оташ гирифтам, Бо лолахои догдорат гиря кардам. Хички наметоне туро аз ман бигире ,то чон ба тан дорам фидоят Точикистон. Нафрин ба чанг нафрин ба зулм дунë ки нест зиндоне. Салом ба Сулх салом ба Ишк ин ишк аз дунë ки мемоне.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)