Бахшҳо
20 янв 2015 15:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти капитани ВКД бо гумони гирифтани 5500 $ пора

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти як масъули Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, ки ба гирифтани пора муттаҳам дониста мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, капитани милиса Ҷамолиддин Одинаев, корманди фаврии Шӯъбаи вазорати умури дохилӣ ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои қатъи парвандаи ҷиноятӣ ва татбиқи қонуни “авф” нисбат ба як шаҳрванд беш аз 4000 доллар талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, боздошти ӯ дар пай муроҷиати Ҷалилова Н.С. ва Ҷалилова С.С сурат гирифтааст, ки гуиё капитан Одинаев бо сӯистифодаи боварӣ ва бо роҳи фиреб барои қатъи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба бародарашон Ҷалилов Р.С ва татбиқи санади “авф” нисбати ӯ, аз онҳо 4200 доллар талаб кардааст: “Оиди ин ҳолат, 8 январи соли 2015 нисбати корманди фаврии ШВКД-2 ноҳияи Синои ш. Душанбе, капитани милитсия Одинаев Ҷамолиддин бо моддаи 247 қисми 4 бандҳои “б”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шудааст”.

Оҷонсӣ мегӯяд, 8 январи соли равон соати 16:27 зимни гузаронидани як амалиёт Одинаев баъди аз Ҷалилова Н.С. гирифтани маблағи 1000 доллар ва аз Ҷалилова С.С. гирифтани маблағи 4500 доллар дастгир шуда, далелҳои шайъӣ, яъне маблағи 5500 доллари амрикоӣ гирифта шуд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон, дар рафти кофтукови шахсии Одинаев аз кисаи рости шимаш як миқдор хокаи рангаш хокистаранги бӯи ғализдоштаи ба маводи нашъадор монанд дарёфт гардид: “Айни замон, тафтишоти пешакӣ баҳри пурра ва объективона муайян намудани ҳамаи ҳолатҳои воқеъии ин ҷинояти коррупсионӣ бо парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад”.
Мӯҳр
Бечора шояд пул на дошт барои бачои коррупция

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)