Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 14:24

Ҷавононро чӣ ифротӣ мекунад? (САДО)

21 январ 2015, 09:53

Ҷамшед МАЪРУФ

Коршиносон сабаби ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудани бештари ҷавононро ба надоштани маърифати ҳуқуқӣ, бехабар будан аз дини мубини Ислом ва камбуди ҷойи кору маблағ рабт медиҳанд.


ФУРӮШИ ГОВ БАР ИВАЗИ ҶАНГ

Моҳи сентябри соли 2014 дар фурудгоҳи шаҳри Уши Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд, ки гуфта мешавад, қасд доштааст, барои “ҷиҳод” ба Фаластин биравад. “Вечерний Бишкек” бо такя ба иттилои Раёсати умури дохилии Уш навишт, Комил Раҳматов – сокини ноҳияи Спитамени шимоли Тоҷикистонро замоне дастгир кардаанд, ки мехост, ба шаҳри Истанбули Туркия парвоз кунад. Зимни аввалин пурсуҷӯ номбурда иқрор шудааст, ки қасди кӯмак ба бародарони мусалмонашро дошт. Ба гуфтаи ӯ, “дигар тоқати ҷабри фаластиниҳо аз дасти яҳудиёнро надорам”. Бино ба навиштаи ин манбаъ, Раҳматов гуфтааст, мехоҳад, ҳамроҳ бо фаластиниҳо зидди артиши Исроил биҷангад ва барои харидории чиптаи тайёра ба Туркия говашро фурӯхтааст.

БЕШ АЗ 100 НАФАР ДАР КОФТУКОВИ РАСМӢ

Шариф Қурбонзода – додситони вилояти Суғд, мегӯяд, тайи 12 моҳи соли 2014, 173 ҷинояти хусусияти экстремистию террористидошта ошкор гардида, нисбат ба 123 нафар 43 парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Бино ба қавли ӯ, ин афрод асосан аъзои “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизби Исломии Туркистон”, “Давлат-ул-Ислом” ва “Ансоруллоҳ” буда, феълан 102 айбдоршаванда бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Ҳамзамон, Шариф Қурбонзода гуфт, соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд 981 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд расидааст, ки ин рақам назар ба соли 2013, 16 адад ё 1,6 дарсад зиёд буда, кушодашавии онҳо 85,8%-ро ташкил медиҳад.

БОЗДОШТИ 95 АЪЗОИ ҲИУ, “АНСОРУЛЛОҲ”, “ҶУНДУЛЛО” ВА “ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР”

Дар ҳамин ҳол, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, зимни чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амлиётҳои муштарак дар як соли сипаришуда 8 гуруҳи муташаккили ҷиноӣ муайян ва 95 аъзои ин гуруҳҳо боздошт шудааст. Назарзода Шариф Раҳмон – сардори Раёсати умури дохилии Суғд, 9 январи соли равон зимни нишасти матбуотие дар шаҳри Хуҷанд аз гуруҳҳои ошкоршудаи экстремистиву террористӣ ном бурда, гуфт, 43 нафари боздоштшудаҳо аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон, 37 тан узви ҷамоати “Ансоруллоҳ”, 9 нафар аъзои ҷамоати “Ҷундулло” ва 5 нафар аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир”-анд.

ОНҲОЕ КИ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД, БОЯД ҲАМЕША ЗЕРИ НАЗОРАТ БОШАНД!

Неъматулло Мирсаидов – коршиноси масоили сиёсӣ, гаравидани аксар ҷавонони суғдӣ ба ҳар гуна равияҳои ифротиву тундравро дар чанд сабаб шарҳ дод: “Аввалан, мо бояд хеле хуб дарк кунем, ки вилояти Суғд ин қисми водии Фарғона аст ва дар ин ҷо мавқеи дин ҳамеша пурқувват буд. Баъдан, он давраҳое, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мерафт, дар ин ҷо бесарусомонӣ ҳам пайдо шуд, ки боиси мавқеъ гирифтани бисёр равияҳои тундрави динӣ гашт. Онҳо бо қувваҳои экстремистии бурунмарзӣ робита пайдо карданд”.

Мирсаидов мегӯяд, азбаски вилояти Суғд сераҳолӣ аст, мардуми бекор ҳам хеле зиёданд, аз ҷумла, ҷавонон: “Онҳое ки ягон машғулият надоранд, албатта, эҳтимолияти зери таъсири ҳар гуна идеология монданашон вуҷуд дорад. Барои ҳамин ҳам, ҳокимияти давлатӣ бояд фаъолияташро вусъат диҳад: барои ҷавонон ҷойҳои корӣ бояд пайдо бошанд, онҳое ки таҳсил мекунанд, бояд ҳамеша зери назорати ҳам омӯзгорон ва ҳам падару модарон бошанд”.



ҶАВОНОН АЗ НАДОНИСТАНИ ИСЛОМ БА ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ МЕПАЙВАНДАНД

Зариф Мирдадоев – сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, сабаби ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудани бештари ҷавононро дар надоштани маърифати ҳуқуқӣ ва надонистани дини мубини Ислом медонад. Ӯ дар нишасти созмонёфтаи хабарие дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, аксар ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми афроде меафтанд, ки ба онҳо барои узвият дар гуруҳҳои экстремистӣ маблағи зиёд ваъда медиҳанд. Ҷаноби Мирдадоев афзуд, “пеш аз ҳама, фикр мекунам, ин надоштани маърифати ҳуқуқӣ ва надонистани дини мубини Ислом аст”.



Ин ҳам дар ҳолест, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баъди соли 2005 зиёд гардида, алҳол дар шаҳру навоҳии Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд чунин ҳол бештар ба назар мерасад.

ҚАРЗ, НАБУДАНИ ҶОЙИ КОРӢ МУҲОҶИРОНРО БА ЗАРХАРИДӢ ВОДОР СОЗАД

Коршиноси масоили сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов ҳини суҳбат гуфт, боз як ҷиҳати дигари масъала дар он аст, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, ба душвориҳо дучор мешаванд ва на ҳамаи онҳо кор пайдо карда метавонанд. Ӯ мегӯяд, баъзан ба қарз ғӯта мезананд ва шарм мекунанд, ки бидуни маблағ назди оилаашон баргарданд: “Аз ин нуқтаи назар, ба ҳар кор розӣ мешаванд ва гумон дорам, ки ба зархаридӣ, аз ҷумла, ба ҷиноят ҳам розӣ шуданашон аз эҳтимол дур нест. Инчунин, гумон дорам, он нафароне, ки имрӯз дар Сурия меҷанганд, қисман шояд муҳоҷирони меҳнатӣ бошанд. Муҳоҷирони меҳнатие, ки ба қарз ғӯта зада бошанд, кор пайдо карда натавониста, ё фирефта шуда бошанд ва ба доми ҳар гуна ифротгарон афтода бошанд”.

ШАРИФ ҚУРБОНЗОДА ГУФТ, ҶАВОНОНИ РОҲГУМЗАДАРО МЕБАХШАНД, БА ШАРТЕ КИ…

Шариф Қурбонзода – додситони вилояти Суғд, ахиран зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, давоми 2 соли ахир 9 ҷавони суғдӣ, ки ба гуруҳҳои мухталифи экстремистию террористӣ шомил буданд, худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим карданд. Ӯ гуфт, баъди ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шудан, парвандаҳои ҷиноӣ нисбати онҳо қатъ гардид. Ҳамчунин, ҷаноби Қурбонзода аз ҷавононе, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шуда, пушаймон гаштаанд, даъват кард, бо ариза ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд: “Ҳар нафаре, ки ба аъзогии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шомил шуда бошаду ихтиёран омада, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намояд ва нишондод диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад”.



Аммо додситони вилояти Суғд мегўяд, на ҳамаи ин афрод аз ҷавобгарӣ раҳо мешаванд, зеро ба гуфтаи Шариф Қурбонзода, “қонунгузорӣ шарт гузоштааст, ки агар дар фаъолият ва кирдори содиркардаи ӯ таркиби ҷиноятҳои дигар набошад”.

ИСЛОМРО БО ДИГАР МАҚСАДҲО ДИДАВУ ДОНИСТА ИСТИФОДА МЕКУНАНД

Ба гуфтаи Неъматулло Мирсаидов таълимоти диние, ки дар бораи Ислом вуҷуд дорад, онро на ҳама худашон бевосита аз рӯйи китоб мехонанд ва меомӯзанд: "Аз рӯйи гуфтаҳои ҳар гуна ходимони дин ҳам онҳо омӯхта мешаванд ва барои ҳамин ман гумон дорам, нафарони зиёд ҳам ҳастанд, ки худашон намедонанд, вале ба дигарон савод меомӯзонанд. Аз ин рӯ, онҳо фирефта мешаванд ва вобаста ба табиати шахсият, агар ӯ тундрав бошад, Исломро бо дигар мақсадҳо дидаву дониста истифода мекунад, ба ин дом афтодан лозим нест. Агар саводи динӣ, таҳкурсӣ пурқувват бошад, ба доми ҳар гуна унсурон афтодан нашояд".



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Озод

  • 21 январ 2015 10:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаро гуфтанду сабаби асосиро нагуфтанд. Сабаби асосии тундгаро шудани чавонон ин суннатгароии онхост, ки аз оила сарчашма мегирад. Онхо на аз руйи нодони балки аз руйи бохабар шудани суннати саркардагони ислом ба ин гуруххои террористи мепайванданд. То замоне ки ин фактро дарк намекунед ва суннатгароиро бас намекунед, фарзандонатон ба эхтимолияти зиёд ба ин гуруххо мепайвандад. Оё андеша намекунед?
Посух додан
  • Маугли

  • 21 январ 2015 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Низоми Чангалро фаровонии гизо ба танзим медарорад, аммо низоми Чомеаи Инсониба гизо мухим нест агар ба чуз Идеяи дуруст ва Адолати ичтимои. Гарчанде, ки ба назар хаминтур менамояд, ки ОДАМ бояд завтрак, обед ва ужн карданаш лозим. Аммо дар Чангал хар сей талаботи мо нест, локин низом хаст.
Посух додан
  • Абдуллох

  • 21 январ 2015 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамасола Донишкадаи Исломии Точикистон чикадар донишчуëнро хатм мекунонад? чаро онхоро истиода намебарад? Хамаи коршиносон мегуянд ки аз надонистани дини Ислом мардум чавонон ифроти мешаванд. Пас чаро таълимоти дурусти диниро дар мактабхои тахсилоти хамагони ва оли чори намесозем? чаро аз хисоби хатмкардахои донишгохи Исломи таълимоти диниро дар макотиб чори намесозем?
Посух додан
  • Яъкуб. Душанбешахр.

  • 21 январ 2015 11:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанге, ки Фаластин бо Исроил дорад тамоми олимони бузурги Ислом фатвои Чиход доданд. Чаро сомонахо ин чиходро дар нохунак мегиред. Тамоми чахон кариб инро зулму ситаму тачовуси Исроил медонанд.Аммо инхо хамаро чиходи нохунакдор мегуянд ин Чиход хаст, дар инчо нохунак нест!!!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!