Бахшҳо

ҲСДТ бо нишони эътироз аз интихобот даст кашид

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо нишони эътироз ба ҳукми Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ин ҳизб иштирок дар маъракаи интихоботии соли 2015-ро мутаваққиф кардааст.

Дар ин бора ҲСДТ, зери имзои Раҳматилло Зоиров, раиси ин ҳизб иттилоия пахш карда, афзудааст, даъвати Анҷумани фаврии ҲСДТ барои бойкоти интихоботи парлумонии соли 2015 матраҳ аст. Ба иттилои манбаъ, Шӯрои сиёсӣ қарор кард, ҳар чӣ зудтар ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда, бозбинӣ ва барқарор кардани адолатро дар қазияи Шуҳрат Қудратов дархост кунад.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ таъкид мекунад, ки парванда алайҳи Шуҳрат Қудратов аз аввал фармоишӣ ва сохта буда, ҳукми додгоҳӣ инро собит намуд. Ӯ таъкид мекунад, таъқиби ҷиноии Қудратов ба фаъолияти касбию сиёсии ӯ марбут аст. Раҳбарияти ҲСДТ муътақид аст, Қудратов барои танқиди афроди воломақом ва баромад дар парвандаҳои ҳассос маҳкум шуда, феълан ӯ як маҳбуси сиёсист.
Мӯҳр
Сугди
Зоиров, ҲСДТ бояд дар интихобот ширкат варзад. Чиноят аллакаи содир шуда ва хукмаш аз тарафи Суд бароварда шудааст. Агар донишу малакаи хукукиат расад, аз Суди болои дархост намо, то ки мухлати чазо ва низоми нигохдории Шухратро тачдиди назар кунанд. Ба Шумо муваффакият хохонам. Гарчанде акидахоямон фарк мекунанд, аммо Точики асили ва маърифати баланд дори.

гамгин
Илтимос даст накашед, ки на танхо точикистониён балки чахон ва хатто сокинони дигао сайёрахо хам андухгин мешаванд!

Мухтарам Зоиров чи кадар ки бойкот кунад, бефоида аст! Барои он, ки дар интихобот ягон номзади ин хизб ба курсии вакилии Мачлиси намояндагон намешинад!

ТАРС
Зоиров ТАРСИД, у медонад, ки дар инТИХОбот УМУМАН натанхо камтар аз 1 фисад овоз мегирад, балки дар шароити кунуни, ки мардум ба 2 гурух - чонибдорони ХХДТ ва ХНИТ таксим шудаанд, ба у хурок нест!!! О мард бошед, ширкат кунед, ку бубинем! Интихоботи президентиро хам чунин масхарабози кардед, инашро хам! Мард аз сабкат НАМЕТАРСАД!!!!!

Шухрат бахона шуд. Медонист ки 0,5 фоиз овоз намегирад!!!))))))))))))))

Интихобкунанда
ҲСДТ ва аъзоёнаш аз интихобот даст кашанд ё не лекин аз рӯи авзои мардум маълум аст, ки ин ҳизб дар Парлумони оянда низ чун солҳои пеш соҳиби ягон курсӣ намешавад. Интихобот ба қазияи Ш.Қудратов ягон равобите надорад, лекин хубии кор дар он аст, ки ҲСДТ алаккай имкониятҳояшонро дар интихоботи оянда ҳис карда истодаанд. Беҳтараш дар интихобот иштирок накунед, баъди мағлуб шудан пушаймонӣ суд надорад.

Мӯҳтарам Зоҳиров , барои БОЙКОТ ҳам дилу гурда даркор, лекин мардум алакай ин ду- ва серӯягиҳоро хуб мефаҳманд.

Рахматулло Зоиров медонад, ки хеч кас тарафдориаш намекунад, Шухрат Кудратовро бахона карда аз Интихобот гурехта истодааст. Дар мо як маттали хуб аст бародар мумкин хамин маталлро шунави ягон фикри хуб куни

Точик
БОЗ КАРТАИ КУХНАРО БА БОЗИ МЕДАРОРАНДУ ЧИНОЯТКОРРО СИМОИ СИЁСЙ МЕПУШОНАНД!
ДАР ТОЧИКИСТОН МОДДА ШУДААСТ, КИ АГАР ЧИНОЯТКОРРО ДАСТГИР КУНАНД СРАЗУ ВАЙ ДАР МАХБАС БА ЯК СИЁСАТМАДОР ТАБДИЛ МЕЁБАДУ ЗОИРОВУ ДИГАРОН ВАЙРО ХАМЧУН КУРБОНИИ СИЁСЙ НАМОИШ МЕДИХАНД.
ИН БА ОН ХОТИР АСТ КИ6
1. ХСДТ ВА ХНИТ АЗ ИН ЧИЗ БОЗ ЯК ХОЛ МЕГИРАНД
2. ДИККАТИ ЧОМЕАИ ШАХРВАНДИРО БА ЧОНИБИ У ЧАЛБ МЕКУНАНД
3. ДИККАТИ ТАШКИЛОТХОИ БАЙНАЛХАЛКИРО БА ЧОНИБИ У ЧАЛБ МЕКУНАНД
4. ДИККАТИ ЧОМЕАИ РУЗНОМАНИГОРИРО БА ЧОНИБИ У ЧАЛБ МЕКУНАНД
5. АЗ ХАМА МУХИМ ДАР НАЗАРИ МАРДУМ НА ХАМЧУН ЧИНОЯТКОР БАЛКИ ХАМЧУН СИЁСАТМАДОРИ КУРБОНШУДА БА НАМОИШ МЕГУЗОРАНД, КИ АЗ ХАМА РОХИ АЗ ИН НАНГ ХАЛОС КАРДАНИ МАХБУС АСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)