Бахшҳо
21 янв 2015 14:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазорати молия ба “Тоҷикагролизинг”: Худатон пул ёфта, кор кунед!

Саидмурод Хайриддинов, раҳбари “Тоҷикагролизинг”, имрӯз, 21 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Вазорати молия маблағҳои муаяншуда барои ин ниҳодро пардохт накардааст.

Ӯ, пардохт нашудани маблағҳои банақшагирифтаро аз ҷониби Вазорати молияи зарбаи сахте ба “Тоҷикагролизинг” унвон кард: “Вазорати молияи уҳдадор шуда буд, бо мақсади рушди муносиботи лизингӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба корхонаи мо маблағҳои банақшагирифтаи буҷаро ҷудо кунад, мутаассифона малағгузории ин вазорат сол то сол кам шуд ва дар соли 2014 пурра қатъ гардид. Дар ҳоле, ки тибқи нақшаи буҷаи ҳукумат барои соли 2014 мебоист 3,5 миллион сомонӣ ҷудо мекард”.

Ҷаноби Хайриддинов гуфт, Вазорати молия сабаби ҷудо накардани маблағҳоро шарҳ надода, танҳо гуфтааст, “худатон маблағ ёбеду кор кунед”.

Раҳбари корхонаи “Тоҷикагролизинг” дар идомаи нишаст аз қимматшавии нархи таҷҳизоти ниёзи хоҷагиҳо ва норасоии маблағ дар ин самт низ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, бо ин шароит наметавонанд талаботи хоҷагиҳоро бо техникаи лозима бароварда созанд. “Имрӯз барои пурра бо техника таъмин кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳудуди 3,5 миллиард сомонӣ лозим аст. Мо ин гуна иқтидор надорем, танҳо норасоии трактор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 10 ҳазор мерасад”,- афзуд ӯ.

Ба қавли Саидмурод Хайриддинов, барои гирифтани як анбори нигоҳдории техника дар наздикии роҳи оҳан ба ҳукумати кишвар дархост фиристоданд: “Ҳукумат барои ҳалли ин масъала Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор кард, аммо то ҳол аз он хабаре нест”.
Мӯҳр
тракторись
барои он ки я трактора метен ставка3000 долар мегирен бо изо накашида гуе шумо дилсуз

Хамин Вазорати молия ки маблаг дихад ин Точикагролизинги ту ба ки лозим. Маблаг бошад бе агролизинги ту хам хисоби корро меёбем.

дехкон
Хамин агролизингатон ба ягон дехкони асил даркор нест, чунки хангоми додани техника доля талаб мекунед. Саратонро хурад хамин агролизингатон. Вазорати молия кори дуруст кардаст/ Офарин мутахассисони Вазрати молия.

Аз Вазири молия хама норозианд, балора намефахмад, мисли муовини якумаш- :)
https://www.ozodagon.com/18798-78-somon-ai-imoyatgaroni-sohti-konstitusioniro-k-m

ehrad.html

Дуруст кайд кардед агар маблагро вазорати молия пардохт кунад, пас агролизинги ту ба ки кумак мекунад??? Ришваю фасодро камтар кунед то дехкони асил ончуноне, ки шумо мегуед ба техникаю тачхизот дастрас гардад. Фоизхои шумо камтар хам бошанд нисбати дигарон, пас чаро вакте пешпардохт мекунанд шумо фоизхои бокимондаро меситонед, ин аз руи кадом конуни лизинг ба хисоб гирифта мешавад, ин як, дуввум ин ки ин агролизинг аз руи баъзе маълумотхо ба бизнеси оилави монанд аст. Агар 50% дарсади кормандони он аз нохияи Восеъ буда калиди ин Корхона дар дасти сармухосибаш ва пайровони у карор дорад. Хар тарафе тоб метиян ин калидро хамон тараф тоб мехурад. Барои хамин мухтарам Хайридинов аввал персоналатро иваз кун, бад нола кун!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)